Цветовая схема: C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
Картинка

Қатли 135 ҷангҷӯи толиб дар Афғонистон


29.04.2021 09:30

Количество просмотров: 43

Дар натиҷаи амалиёти бузургмиқёси неруҳои Афғонистон танҳо дар шабонарӯзи гузашта дар музофотҳои гуногуни ин кишвар 135 ҷангҷӯи Толибон кушта шудаанд.

Дар ин бора Вазорати мудофиаи Афғонистон хабар дод.

Ба маълумоти манбаъ, амалиёт дар 13 вилояти кишвар - Лағмон, Логар, Fазнӣ, Вардак, Ҳирот, Гор, Форёб, Балх, Бағлон, Тахор, Кундуз, Ҳилманд ва Қандаҳор гузаронида шуд.

“Мутаассифона, сатҳи хушунатҳо, алахусус дар моҳи шарифи Рамазон, ҳанӯз ҳам баланд аст. “Толибон” ҳамлаҳои террористии худро алайҳи мардуми Афғонистон афзоиш доданд”, — гуфт муовини сухангӯи вазорати мудофиаи Афғонистон Фавод Амон.

Бино ба ин гузориш, ҳамчунин 92 ҷангҷӯи толиб маҷрӯҳ шуданд.

Нерӯҳои амниятӣ инчунин 72 бомби дар канори роҳ гузошташударо безарар кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, “Толибон” ҳам иддао кардаанд, ки дар ин зудухӯрдҳо низомиёни афғон талафот диданд.