Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум бо роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Дар аввал ҷараёни иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» ва Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба он муовини Раиси шаҳри Душанбе гузориш дод.
Дар идома ҷараёни амалишавии «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025» муҳокима гардида, вобаста ба ин масъала ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин робита ба масъулин дастур доданд, ки ҷиҳати дарёфти хонандагони лаёқатманд ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои махсусгардонидашуда корбарӣ намуда, барои ба бозомӯзӣ фаро гирифтани омӯзгорон ва истифодаи таҷрибаи давлатҳои пешрафта тамоми чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намоянд.