Пирӯзии театри Меҳрубон Назаров дар озмуни «Парасту-25»

Shared to Facebook

ҶОИЗА МУБОРАК БОШАД!

Дар озмуни умумиҷумҳуриявии «Парасту-25», ки ҳафтаи охир дар пойтахти кишвар баргузор гардид, ҷои аввал ба Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ барои намоишномаи «ЯЛ» аз рӯи “Шоҳнома”-и А.Фирдавсӣ дар таҳияи Умед Хисравов дода шуд.

Мо ба шумо бадахшониҳои шариф ва ҳунару истеъдодатон боварӣ доштем, ва медонистем, ки ҷоизаи “Парасту-2025” насиби шумо мегарадад, чунки ба ин шараф арзанда ҳастед. Дар кору пайкор ва эҷодиётатон барору муваффакият таманно дорем. Мо бо Шумо — ҳамаи ҳунармандоне, ки дар ин намоишнома ҳунарнамоӣ кардаед, ифтихор мекунем.

Дар озмунҳои байналмилалӣ ва саҳнаҳои берун аз кишвар шуморо бо ин ҳунаратон дидан мехоҳем. Бигузор давлат ёратон, зиндагӣ ғамхоратон ва Худованд нигаҳбонатон бошад !