Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи тантанавии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ ба муносибати 80-солагии Ғалаба иштирок намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи тантанавии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷаласаи тантанавиро Раиси Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ҳусни оғоз бахшида, сипас зери оҳанги мутантан ба толор нусхаи Парчами Ғалаба ворид карда шуд.
Зимни суханронӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамтоёни худ ва ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 80-солагии Ғалаба самимона табрик намуда, таҷлили ин санаро аз анъанаҳои муҳими таърихии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, намунаи ваҳдат, ҳамбастагӣ ва ҳифзи муштараки сулҳ дар саросари олам номиданд.
Таъкид карда шуд, ки дар солҳои ин ҷанги пурфоҷиа танҳо аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ба майдони муҳориба рафта, беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар ин ҷанг ҳалок гардиданд.
Тақрибан 45 ҳазор сокини Тоҷикистон ба корхонаҳои минтақаҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба кор фиристода шуданд, ки аксарияти онҳо аз он ҷо ба ҷанг рафтанд.
Ҷанговарони тоҷик дар ҳама муҳорибаҳои шадиди Ҷанги Бузурги Ватанӣ, яъне мудофиаи Москва, қалъаи Брест, Киев, Смоленск, Одесса, Севастопол ва дигар шаҳрҳо, инчунин дар муҳорибаҳои шадиди занҷираи Курск ва озод кардани Ленинград аз муҳосира ҷоннисорона иштирок карданд.
Дар баробари ин, калонсолон ва наврасону кӯдакон дар ақибгоҳ бо машаққати зиёд шабу рӯз заҳмат кашида, ҳамаи захираҳои мавҷудаи моддию техникӣ ва инсониро барои таъмини эҳтиёҷоти ҷабҳа сафарбар карда буданд.
Мардуми Тоҷикистон дар ҳамон солҳо бо вуҷуди дар шароити бисёр вазнин қарор доштан, даҳҳо ҳазор нафар занону кӯдаконро аз ҷумҳуриҳои дар хатти ҷанг қарордошта қабул карда, нисбат ба ҳамаи онҳо ғамхорӣ зоҳир намуданд.
Бо ифтихору қаноатмандӣ таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар қатори дигар халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ғалабаи Бузург саҳми арзанда гузоштааст.
Дар ҷаласа ҳамчунин роҳбарони ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, намояндагони ташкилоти собиқадорон, маъмурият шаҳри Санкт-Петербург ва Ассамблеяи байнипарламентии ҷавонони Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар фарҷом, ба иштирокдорони ҷаласаи тантанавӣ барномаи фарҳангӣ бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 намоиш дода шуд.
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот намуданд