15 апрели соли 2025, тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдат, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони навоҳии Рашт ва Тоҷикобод корвони кӯмакҳо, иборат аз маводи ғизоӣ, ашёи хоҷагӣ ва маъҳсулоти сохтмонӣ, равона гардид. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13 апрели соли равон, соати 02, 24 дақиқа бо вақти маҳаллӣ, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба вуқуъ пайваста буд. Маркази заминларза дар масофаи 160 киллометрии шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 21 км. ба самти шарқ аз маркази ноҳияи Рашт, муайян карда шудааст. Қувваи заминларза дар маркази зилзила 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе ба 3 балл баробар буд. Бо супориши Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди заминларза, худи ҳамон рӯзи 13.04.2025 ба маҳали воқеъа Комиссияи махсуси ҳукуматӣ бо роҳбарии мовини Сарвазири кишвар, Сулаймон Зиёзода, сафарбар карда шуд. Дар ҳайъати ин комиссияи махсуси ҳукуматӣ роҳбарону намояндагони идораву вазоратхонаҳои марбут ба ҳолатҳои фавқулодда, захираҳои давлатӣ, сохтмон, геология, заминсозӣ ва геодезия, ҳамчунин, намояндагони органҳои иҷроия, шомил буданд. Ҳадафи асосии ин ҳайъат, албатта, омӯзиши амиқи оқибатҳои заминларза ва муайян сохтани навъу миқдори кӯмакҳои мавриди ниёз барои шаҳрвандон ва ниҳодҳои аз заминларза зарардида буд. Мутобиқи иттилооти ниҳодҳои марбутаи ҳукуматӣ, дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод 94 манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон пурра ва 50 адад манзил, қисман хароб гардидаанд. 61 хонаи дигар, зарарҳои нисбатан сабук бардоштаанд. Ҳамчунин, 3 адад Муассисаҳои таълимии маълумоти умумӣ ва дар маҷмуъ 200 объектҳои гуногун аз заминларза зарар дидаанд. Раванди бартарафсозии оқибатҳои зарари заминларзаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод, расонидани кӯмакҳои аввалия ба шаҳрвандони аз ин воқеъа садамадида, зери назари доимии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад!