Санаи 23 марти соли ҷорӣ дар деҳаи Қадиҷӯйбори ноҳияи Шаҳринав ҳодисаи нохуше рух дод, ки боиси нигаронии аҳолии маҳаллӣ гардид. Ҳоло мешавад гуфт, ки ин ҳодиса на танҳо сокинони деҳаро бояд нигарон кунад, балки бояд боиси ҷалби таваҷҷуҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гардад. Зеро дар ин байн ҳолатҳое ҳастанд, ки суолҳои зиёдеро ба вуҷуд овардаанд. Як—як хоҳем гуфт, ки чӣ сабабҳое метавонад мақомотро ҷиддан ба ин қазия ҷалб кунад, аммо ҳоло мухтасари ҳодиса ин гуна аст:
Рӯзи 23 март, ки як рӯзи рамазонӣ буд ва ҳамагӣ даҳони барӯза, чун рӯзҳои дигар сокинони маҳаллӣ баъди адои намози аср дар масҷид мехостанд роҳии хонаҳояшон шаванд. Аммо амру дастурҳои сокини ин деҳа Тоҳир Замонов ба писараш Искандар Замонов таваҷҷуҳи бисёриҳоро ҷалб кард. Падар аз писар бозарба мепурсид, ки кори (супориши) гуфтаашро анҷом додааст ё не? Шоҳидон мегӯянд, эҳтимолан гап сари он меравад, ки оё писараш рафта, сокини дигари деҳа Умедҷон Оймаҳмадовро латукӯб кардааст ё не? Зеро онҳо вақтҳои охир хеле пуррӯ шудаанд ва талаб карда истодаанд, ки симӯби баландшиддати ҷувозхонаи ҳамсоя аз дохили ҳавлиашон бардошта шавад, то мошини сабукравашонро битавонанд бемамоният ба ҳавлиашон дароранд! ..Чун падар аз писараш ҷавоби рад шунид, бо қаҳру ғазаб роҳии хонаи Умедҷон шуд…
Баъди чанд лаҳза доду фиғони аъзои оилаи Оймаҳмадовҳо баланд шуд, ки барои аксар сокинони атроф нигаронкунанда буд. Аксари онҳое, ки расида омаданд, бо чашми худ диданд, ки чӣ гуна падару писар Тоҳир ва Искандар Замоновҳо ҳамсояҳои худ Умедҷон Оймаҳмадов, ҳамсараш Парвина Ҷӯраева ва аппааш Гулҷаҳон Оймаҳмадоваро латукӯб мекунанд. Баъди чанд дақиқаи латукӯб ва дашному таҳдидҳои болохонадоре мисли “аз Тоҷикистон дафъ кардан”, “нест кардани Умедҷон” ва монанди инҳо Замоновҳо аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд…
Муоинаи тиббӣ-судӣ, ки рӯзи 24 март гузаронида шудааст, дар натиҷаи латукӯб ҷароҳат бардоштани Умедҷон Оймаҳмадов ва ҳамсараш Парвина Ҷӯраеваро тасдиқ кардааст. Бино ба охирин маълумоти дастрас, бо гузашти тақрибан 10 рӯз аз ин ҳодиса, Гулҷаҳон Оймаҳмадова то ҳанӯз ба худ наомадаву дар бемористон бистарист ва таҳти табобат қарор дорад.
Ба нақли шоҳидон, Замоновҳо он қадар ҳамсояҳои худро сахт латукӯб карданд, ки дар амалашон ҳеч нишоне аз раҳму шафқат набуд. Зимнан, худи Замоновҳо барои шарҳи ин ҳодиса, ба мо дастрас нестанд. Идораи рӯзнома омода аст, ки ҳодисаро аз забони онҳо ҳам нашр кунад.
Аммо чаро ин ҳодиса рӯй дод? Чаро Замоновҳо ҳамсояҳои дарбадевори худро ин қадар латукӯб карданд? Ин бераҳмӣ аз куҷост? Кӣ ба як нафар ҳақ додааст, ки каси дигарро (ва ба вижа занонро) бо бераҳмӣ ва он ҳам, дар ҳузури дигарон, латукӯб кунад?
Ҷустуҷӯи посух ба ин суолҳо асли қазияро ба 23 сол қабл мебарад. Сабаби асосии ҳодиса як симчӯб аст (дар акси охири мақола). Гап сари он меравад, ки ҳанӯз дар яке аз рӯзҳои соли 2002 Тоҳир Замонов, бе он ки розигии ҳамсояи худ ва падари ҷабрдидаҳо Ёрмаҳмад Оймаҳмадовро бигирад, дар даромадгоҳи ҳавлии онҳо, дар байни роҳ (ҳамон тавре ки дар акс ҳаст) симчӯби оҳанубетонӣ насб кард. Вай ин корро ба хотири он кард, ки аз хатти баландшиддати барқгузар, ки аз канори ҳавлии Оймаҳмадовҳо мегузарад, ба ҳавлии худ хатти барқ кашад. Ҳамин тавр ҳам кард. Хатти барқи алоҳидаи баландшиддат ба Тоҳир Замонов барои он лозим буд, ки барои ба кор даровардани дастгоҳи равғанкашӣ (ҷӯвоз) дар ҳавлии худ истгоҳи барқӣ (трансформатор) гузорад.
Ҳамин тавр, Тоҳир Замонов бо кумаки масъулони барқи ноҳия дар ҳавлии худ трансформатор шинонида, аз хатти баландшиддати байниноҳиявӣ хатти алоҳидаи барқ кашид. Аммо то ин замон на Замонов ва на ҳеч касе аз масъулони барқи ноҳия шарҳ намедиҳанд, ки чаро симчӯби оҳанубетониро маҳз дар даромадгоҳ ва байни ҳавлии як нафари дигар ва трансформатори дорои хатти баландшиддатро дар фосилаи ҳамагӣ 2-3 метр аз хонаи истиқоматии ҳамсоя насб карданд? Ва ин ҳам маълум нест, ки Замоновҳо бо чӣ имтиёзе ба насби трансформатори алоҳида дар ҳавлии худ ҳуқуқ пайдо кардаанду солона барои истифодаи бемонеъи барқи давлат чӣ қадар маблағ мепардозанд? Албатта, мутмаинем, ки таҳқиқи мунсифона ин паҳлӯи қазияро ҳам мушаххас хоҳад кард.
Падари хонадон Ёрмаҳмад Оймаҳмадов мегӯяд, ҳеч вақт на шифоҳӣ, на хаттӣ барои насби ин симчӯб розигӣ надодааст ва Тоҳир Замонов дар набудани ӯ худсарона онро насб кардааст. Шояд махсус аст, ки ҷойи насби симчӯбро маҳз даромадгоҳи дарвоза интихоб кардаанд, то ба ҳамсояи худ фишор оваранд. Мутаносибан хатти баландшиддати барқ аз болои сари сокинони ин хонадон мегузарад.
Ҳамакнун, суол пайдо мешавад, ки масъулияти бехатарии ин симчӯб ва ин хатти баландшиддат ба дӯши кист? Бехатарии трансформаторро кӣ кафолат додааст? Оё ин ғасби худсаронаи ҳарими хусусӣ дар ҳудуди манзил нест, чизе ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлнопазир аст? Ба ин ки беш аз 22 сол инҷониб як гуруҳи одамон бо далели сарватманд ва “пуштупаноҳ” доштанашон дахлнопазирии гуруҳи дигари одамон ва манзили истиқоматии онҳоро бо далели сарватманд набудану надоштани “пуштупаноҳ” поймол мекунанд, кӣ бояд ҷавоб диҳад?
Ҷабрдидаҳо Оймаҳмадовҳо ба адолату волияти қонун дар Тоҷикистон комилан эътимод доранд ва мутмаинанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои беасос аз ҷониби ҳамсояи худ латукӯб шуданашон баҳои дурусти ҳуқуқӣ медиҳанд. Ва ба амали масъулони барқи ноҳия ҳам, ки дахлнопазирии манзили онҳоро поймол кардаанд.
Дар амну осоиштагӣ зиндагӣ кардани сокинони кишварро Конститутсия ва қонунгузории ҷории Тоҷикистон кафолат додааст. Яъне Оймаҳмадовҳо таҳти ҳимояи қонунанд. Ҳеч кас ҳақ надорад, ки ба сари онҳо даст бардорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар ҳимоя кардаанд ва ҳамеша таъкид кардаанд, ки новобаста аз кӣ будан ҳама дар назди қонун баробаранд. Ин ки Замоновҳо аз қонун болотар будан мехоҳанд, кори онҳост, аммо ин ки қонун ба ин гуна амалкардҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ медиҳад, ҳеҷ ҷойи баҳсу баррасӣ надорад.
Захмҳои аз зӯри мушти Замоновҳо бардоштаи Умедҷону ҳамсараш ботадриҷ, шифо меёбанд. Дардҳо гум мешаванд, наслҳо ҳам ҷой иваз мекунанд, аммо оё хотираи инсониро пок кардан имконпазир аст? Хотираи таърихиро чӣ? Дарвоқеъ, хотираи таърихӣ мӯштзӯрҳоеро чун Замоновҳо хеле зиёд медонад, ки ба ҳамсояҳое чун Оймаҳмадовҳо зулм кардаанд. Мебинему мехонему мешунавем, ки саранҷоми кори мӯштзӯрон чӣ будааст.
Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша аз ҳаққи мазлумон дифоъ кардааст. Ҳамеша адолати иҷтимоиро дар ҷойи аввал гузоштааст. Маҳз ба ҳамин хотир, кишвари мо яке аз босуботтарин ва башардӯсттарин кишварҳои ҷаҳон аст, ба ҳамин хотир, мавриди таърифу тавсифи ҷаҳониён ҳастем. Агар касоне чун Замоновҳо, фикр мекунанд, ки Оймаҳмадовҳо “пуштупаноҳе” надоранд ва зулм ба онҳо бе оқибат хоҳад буд, бояд донанд, ки дар пушти Оймаҳмадовҳо маҳз Давлату Ҳукумат ва шахсан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд ва ҳамеша аз ҳаққи онҳо ҳимоят мекунанд. Ин ки Замоновҳо инро дарк намекунанд, мушкили онҳост.
Оймаҳмадовҳо мегӯянд, аз рӯйи ин қазия ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардаанд ва умедворанд, ки волоияти қонун таъмин гардида, ба амалкарди ҳамсояи онҳо ва ҳам масъулони барқи ноҳия баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода мешавад. Аммо нахустин коре, ки ба гуфтаи онҳо, ҳамин ҳоло бояд карда шавад, ин аст, ки симчӯби ғайриқонунӣ шинонидаи Замоновҳо аз даромадгоҳи дарвозаашон бардошта шавад. Зеро маҳз ҳамин симчӯб омили муноқишаи чандинсолаи онҳо ва таҳдидҳои болохонадори Замоновҳо буда, монеъаи ҷиддӣ барои зиндагӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии онҳо гаштааст.