
донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси
идораи давлат ва ҳуқуқи факултети
таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти
дуюми олии касбии Академия
Парчами давлатӣ яке аз муҳимтарин рамзҳои соҳибихтиёрӣ, истиқлол ва ҳувияти миллии ҳар як давлат ба шумор рафта, дар худ таърихи давлатдорӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ормонҳои мардумро таҷассум менамояд. Барои миллати тоҷик Парчами давлатӣ на танҳо рамзи расмии кишвар, балки ифодагари пайванди таърихии наслҳо, суннатҳои давлатсозӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад. Омӯзиши таърихи пайдоиш, маънои рамзии унсурҳо ва заминаҳои ҳуқуқии он имкон медиҳад, ки ҷойгоҳи Парчам дар ташаккули худшиносии миллӣ амиқтар дарк карда шавад.
Таърихи парчамдории тоҷикон ва Дирафши Ковиёнӣ. Таърихи парчамдории тоҷикон решаҳои қадима дошта, бо анъанаҳои давлатдории ниёгон пайванди ногусастанӣ дорад. Аз миёни вожаҳои маъмули «байрақ», «алам», «ливо», «роят», «парчам» ва «дирафш» ду вожаи охирин решаҳои қадимаи эронӣ доранд. Вожаи «парчам» аз шакли суғдии parčam сарчашма гирифта, дар ибтидо маънои зулфу кокулро ифода мекард. Он ҳамчунин барои номгузории пӯпаки абрешимие истифода мешуд, ки ба нӯги дирафш ё найза мебастанд. Вожаи «дирафш» бошад, бо забонҳои авестоӣ ва форсии бостон алоқаманд буда, маънои дурахшидан ва тобиданро дорад.
Яке аз намунаҳои барҷастаи парчамдории ниёгони тоҷикон Дирафши Ковиёнӣ мебошад, ки дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ, бахусус «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, мақоми махсус дорад. Ба андешаи ховаршинос ва шоҳномашиноси тоҷик З. Мирзоён, Дирафши Ковиёнӣ куҳантарин намоди давлатдории тоҷикон ба ҳисоб рафта, рангҳои он мазмуни амиқи рамзӣ доштанд. Фирдавсӣ дар ин маврид чунин мефармояд:
Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳамехондаш «коваёнӣ дурафш».
З. Мирзоён бо такя ба сарчашмаҳои адабӣ ва таҳлили маъноии рангҳо, аз ҷумла андешаҳои Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Футувватномаи султонӣ», бар он назар аст, ки рангҳо дар фарҳанги қадимаи тоҷикон ифодагари арзишҳои маънавӣ ва иҷтимоӣ будаанд. Ибораҳои маъмули забони тоҷикӣ, аз қабили «сари сабз», «бахти сафед» ва «роҳи сафед» низ аз решаҳои амиқи рамзияти рангҳо дар тафаккури мардум шаҳодат медиҳанд.
Ҷиҳати дигари таърихии ин масъала дар таҳқиқоти доктори илмҳои таърих, профессор Ҳамза Камол инъикос ёфтааст. Муҳаққиқ бо истифода аз сарчашмаҳои арабизабону форсизабон таърихи Дирафши Ковиёнӣ, сохтор ва аҳаммияти онро баррасӣ намудааст. Тибқи маълумоти овардаи ӯ, дирафш аз пӯсти шер сохта шуда, бо тилло ва матоъҳои гаронбаҳо оро дода мешуд ва ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдорӣ эътироф гардида буд. Ҳамчунин, дар сарчашмаҳои таърихӣ ба мавҷудияти тасвири ситора дар он ишора шудааст. Ин дирафш дар набарди Қодисия ба дасти арабҳо афтода, баъдан нобуд карда шудааст. Ҳамин тавр, таҳқиқоти З. Мирзоён ва Ҳ. Камол аз ду самти филологӣ ва сарчашмашиносӣ пайванди таърихии парчамдории тоҷиконро бо Дирафши Ковиёнӣ асоснок менамоянд.
Асосҳои ҳуқуқӣ ва хусусиятҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, қабул карда шуд. Ин рӯйдод дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоии кишвар қадами муҳим дар ташаккули рамзҳои давлатдории миллӣ ба ҳисоб мерафт. Баъдан бо қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мақом, тартиби истифода ва эҳтироми Парчами давлатӣ муайян карда шуданд. Аз ҷумла, Қонуни конститутсионӣ дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007 заминаи муҳими ҳуқуқии ҳифз ва истифодаи рамзҳои давлатиро фароҳам овард. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид.
Парчами давлатӣ матои росткунҷа буда, таносуби паҳно ба дарозии он 1:2 мебошад. Он аз се рахи уфуқии сурх, сафед ва сабз иборат буда, рахи сафед нисбат ба ду рахи дигар васеътар аст. Дар маркази он тоҷи зарҳалӣ ва болои тоҷ ҳафт ситора дар шакли нимдоира ҷойгир шудаанд. Ин таркиб ба Парчам намуди хос бахшида, мазмуни таърихию фарҳангии онро ифода менамояд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳимми марбут ба эҳтиром ва муаррифии Парчами давлатӣ бунёди пояи 165-метраи он дар шаҳри Душанбе мебошад, ки сохтмонаш 24 ноябри соли 2010 оғоз гардид. Имрӯз майдонҳои Парчами давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамчун макони таҷассуми ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба истиқлол мавқеи хос доранд.
Рамзияти рангҳо ва нишонаҳои Парчам дар ташаккули ҳувияти миллӣ. Рангҳои Парчами давлатӣ дорои маънои амиқи таърихию фарҳангӣ мебошанд. Ранги сурх рамзи мубориза ва ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, сафед нишонаи покӣ, бахту саодат ва умеду орзу, сабз бошад, ифодагари сарсабзӣ, шукуфоӣ, ободӣ ва сарбаландӣ мебошад. Дар баъзе таҳқиқоти илмӣ ин рангҳо инчунин бо табақаҳои ҷамъиятии даврони қадим — размиён, рӯҳониён ва кишоварзону чорводорон — алоқаманд дониста мешаванд.
Тоҷ дар маркази Парчам рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва идомаи анъанаҳои таърихии миллат мебошад. Ҳафт ситора бошад, дар тафсирҳои фарҳангӣ ва фалсафӣ нишонаи комилият, бахту саодат ва ҳафт осмон дониста мешавад. Ҳамзамон, дар баъзе шарҳҳо он бо ҳафт диёри таърихии Тоҷикистон пайванд дода мешавад. Ин тафсирҳо аз ҷойгоҳи амиқи рақами ҳафт дар ҷаҳонбинии таърихию фарҳангии мардуми тоҷик шаҳодат медиҳанд.
Аҳаммияти рамзии Дирафши Ковиёнӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ низ идома ёфтааст. Аз ҷумла, тасвири он дар маркази Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шудааст, ки ин пайванди рамзии давлатдории муосирро бо мероси таърихии ниёгон боз ҳам тақвият мебахшад.
Парчам ҳамчун омили таҳкими худшиносии миллӣ. Дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи истиқлол, ваҳдати миллӣ, сарфарозии миллат ва воситаи муҳими тарбияи насли наврасу ҷавон арзёбӣ мегардад. Дар ин замина, Парчам на танҳо нишонаи соҳибихтиёрии давлат, балки таҷассумгари ормонҳои миллӣ ва арзишҳои олии тамаддуни халқи тоҷик мебошад. Таъкидҳои Сарвари давлат дар бораи Дирафши Ковиёнӣ ва мероси «Шоҳнома» робитаи таърихии рамзҳои муосири давлатиро бо суннатҳои қадимаи давлатдории тоҷикон бозгӯ менамоянд.
Аз ин лиҳоз, омӯзиши таърихи Парчам дар муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ аҳаммияти махсус дорад. Шинос намудани ҷавонон бо сарчашмаҳои таърихӣ, осори адабӣ ва маънои рамзии рангҳо барои таҳкими худшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Хулоса, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассумгари мероси таърихию фарҳангӣ, соҳибихтиёрӣ ва ҳувияти миллии тоҷикон мебошад. Таҳқиқоти З. Мирзоён ва Ҳ. Камол нишон медиҳанд, ки анъанаи парчамдории тоҷикон бо Дирафши Ковиёнӣ робитаи амиқи таърихӣ дорад. Рангҳо, тоҷ ва ҳафт ситора на танҳо унсурҳои ороишӣ, балки ифодагари арзишҳои маънавӣ, ормонҳои миллӣ ва суннатҳои давлатсозии ниёгон мебошанд. Аз ин рӯ, эҳтиром ва ҳифзи Парчами давлатӣ бояд ҳамчун масъулияти шаҳрвандӣ ва вазифаи муҳими наслҳои имрӯзу оянда арзёбӣ гардад. Зеро Парчам рамзи ҳастии давлат, ваҳдати миллат ва пайванди ногусастании гузашта, имрӯз ва фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.




