“Мо бояд як нуқтаи муҳимро ҳаргиз фаромӯш накунем, ки сулҳу оромӣ арзишмандтарин неъмати ҳаёти мост ва ҳифз кардану пойдор нигоҳ доштани он вазифа ва қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад”.
(Эмомалӣ РАҲМОН)
АЛАМШОЗОДА А. А.
Мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо эҳсоси баланди ватандорӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, ҳамзамон дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ба санаҳои таърихии кишварамон, аз ҷумла ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки яке аз рӯйдодҳои муҳимтарину сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад, бо таваҷҷуҳ ва рӯҳбаландии хоса назар карда, онро ботантана таҷлил менамоянд.
Бо вуҷуди мушкилоту ноҷӯриҳои зиёди ба сари ин миллати меҳанпараст омадаро таҳаммул намудан ва дучору кашмакашиҳои сиёсиву ноадолатиҳои замон гардидан, боиси ифтихор ва номуси ватандорист, ки бо гузашти садсолаҳо он тавонист зери парчами ваҳдату ягонагӣ таҳти роҳбарию роҳнамоӣ ва сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба асли худ баргардад.
Дучори муқовимати душманони дохиливу берунӣ ва ҳуҷуми аҷнабиён гардидан, ҳамзамон борони низоъу ҷудоиталабиро ба сари мардуми сарбаланду ватанхоҳ фурӯ рехтан, ки ҳар яке мақсади аз байн бурдан ва аз асли хеш дур андохтани миллати бузургу тамаддунофарро дошт, натавонист рӯҳи фарзандони баору баномуси ин сарзаминро шиканад ва ормонҳои садсолаҳо дар дили хеш парваридаашро барҳам занад.
Хушбахтона, ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шуда, 27 июни соли 1997 Созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва миллати кӯҳанбунёду фарҳангофари тоҷик ба зиндагии шоиста баргашт ва корҳои ободонию бунёдкориро пешаи худ қарор дод.
Ба шарофати ба имзо расидани Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи навини Тоҷикистон — гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намоем.
Боиси нигаронист, ки дар даҳҳо кишварҳои ҷаҳон бар асари муборизаҳои сиёсӣ ва муқовиматҳои динию мазҳабӣ ҷангу муноқиша ва нооромӣ ҳукмфармо аст. Гарчанде солҳои зиёд сипарӣ мешаванд, вале онҳо наметавонанд суботу оромиро дар давлатҳояшон барқарор ва рушди соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро таъмин намоянд.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда, дар ҷумҳуриамон пойдевори ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Дар паёми табрикотии худ ба муносибати сеюмин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 2000-ум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки “…дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз иқдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Чунин саҳифаи заррин барои миллати тоҷик рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон низ мебошад”.
Дар тӯли таърихи ҳазорсола аҷдодони мо ҳамеша ба хираду заковат, далерию шуҷоат ва устуворию матонати фарзандони бонангу номус такя намуда, фарҳангу маданият, урфу одат ва осори гаронбаҳои таърихиро то имрӯз ҳифз намудаанд.
Бо вуҷуди мушкилиҳо ва душвориҳое, ки дар тӯли таърих садди роҳ мешуданд, натавонистанд азму ирода ва рӯҳияи халқу миллати моро шиканад.
Имрӯз мо дар шароите зиндагӣ мекунем, ки баъди талошу кӯшишҳои зиёд, ранҷу заҳмат ва ҷоннисориҳо ҳамчун як давлати воҳид, мустақил ва бонуфуз дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардидем.
Маҳз талошу кӯшишҳои Сарвари давлат шароиту имконият фароҳам овард, ки сокинони кишварамон дар фазои сулҳу субот ва тинҷиву осоиштагӣ умр ба сар бурда, дар муттаҳидӣ, ваҳдату ягонагӣ ва дастаҷамъӣ баҳри некуаҳволӣ, ободӣ ва фардои дурахшон софдилона меҳнат намоянд.
Тоҷикистони азизи мо имрӯзҳо ҳамчун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ сол аз сол мавқеи худро дар радифи кишварҳои мутараққии ҷаҳон ва минтақа мустаҳкам намуда, ташаббускори форум, симпозиум ва чорабиниҳои муҳими сатҳи байналмилалӣ баромад менамояд.
Дастгирии ҷомеаи ҷаҳон аз иқдому ташаббусҳои созанда ва бунёдгузори Президенти мамлакат аз он шаҳодат медиҳад, ки донишу фарҳанг, хираду маърифат ва дипломатияи Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз дар радифи кишварҳои мутараққӣ ва пешрафтаи дунё қарор дорад.
Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки мову шумо бояд сарзамини зебои худро сидқан дӯст дорем, ба қадру қимати Ватану ватандорӣ расем ва шукронаи сулҳу амнияти кишвар намуда, ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм пос дорем.
Зеро сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барои мо арзишҳои ҳаётан муҳиме мебошанд, ки ба шарофати онҳо мардуми Тоҷикистон ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ ва осоиши ҳар як хонадон сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд.
Ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла таъмини амнияти озуқавории мамлакат яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҷиҳати амалӣ намудани онҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини яке аз ҳадафҳои олии кишвар амнияти озуқаворӣ ва дар ин самт таъмини истеҳсолоти воқеӣ барои муътадил нигоҳ доштани фаровонии бозори истеъмолӣ ва пешгирии омилҳои болоравии нархи маҳсулоти ниёзи мардум чораҳои зарури роҳандозӣ гардида, рушди истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ ҳамасола таъмин гардида истодааст.
Воқеан, маҳз натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъию муттаҳидӣ ва баҳамоию ваҳдати миллату халқиятҳои Тоҷикистон буд, ки дар тӯли якчанд даҳсолаи охир Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа — иқтисодиёт, саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, варзиш, фарҳангу маданият ва дигар соҳаҳо ба авҷи рушду тараққиёт расид, ки онро имрӯз баръало мебинем ва эҳсос менамоем.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои оморӣ дар соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба беш аз 63 миллиард сомонӣ баробар гардида, нисбат ба соли 2021 — 9,5 миллиард сомонӣ ё 17,6 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон, ба ҳолати 1 январи соли 2024 саршумори чорвои калони шохдор ба 2,7 миллион сар, гӯсфанду буз ба 6,7 миллион сар ва саршумори парранда ба 10,6 миллион расонида шуда, дар се соли охир саршумори чорвои калони шохдор 8 фоиз ва гӯсфанду буз 10 фоиз зиёд шудааст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳаёти ҷамъиятию сиёсиро бе рушди соҳаи маориф тасаввур намудани ғайриимкон аст. Дар давраи солҳои 2023-2024 шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 717 адад, таҳсилоти умумӣ 3995, таҳсилоти ибтидоии касбӣ 60, таҳсилоти миёнаи касбӣ 84 ва таҳсилоти олии касбӣ 46 ададро ташкил дода, нисбат ба давраи солҳои 2020-2021 шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 39 адад, таҳсилоти умумӣ 75, таҳсилоти миёнаи касбӣ 6 ва таҳсилоти олии касбӣ 5 адад зиёд гардидааст, ки ин аз самараи ваҳдату якдилии мардуми кишвар шаҳодат медиҳад.
Соҳаи саноат яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди мамлакат ва тавлидкунандаи асосии неъматҳои моддӣ ба ҳисоб рафта, рушди он ба пешрафти бахшҳои дигари иқтисодиёт заминаи мусоид мегузорад ва нуфузу мавқеи давлатро дар арсаи байналмилалӣ устувор менамояд. Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ 26 декабри соли 2018 (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчуни ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардида буд.
Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона карда шудааст.
Барои рушди соҳаи саноат якчанд барномаву стратегияҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳо, аз ҷумла Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025, Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 қабул гардиданд. Санадҳои мазкур ба афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъмини рақобатнокии он, ташкили корхона ва коргоҳҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ ва гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ бо арзиши иловашудаи баланд замина мегузорад.
Рушди саноат ва истеҳсолоти миллӣ бо истифодаи ашёи хоми ватанӣ метавонад ба таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, гардиши дохилии молу маҳсулот, устувории низоми иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ ба таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ мусоидат намояд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар 3 соли охир ва 5 моҳи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 1 ҳазору 570 корхонаи саноатии хурду миёна бунёд ва ба истифода дода шудаанд. Ба ҳолати 1 июни соли 2024 дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 560 корхонаҳои саноатӣ, ки аз онҳо 3 ҳазору 64 адад ба саноати коркард, 318 адад ба саноати истихроҷ, 72 адад ба таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ, тозакунии ҳаво ва 98 адад ба таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа рост меояд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2023 ба 46,8 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки мутаносибан нисбат ба 3 соли охир беш аз 40 фоиз ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 фоиз афзоиш ёфтааст.
Саноати кишвар омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳамасола ба тадриҷ зиёд гардида истодааст. Ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 16,9 фоизи соли 2016 ба 23,5 фоизи соли 2023 баробар гардидааст.
Дар шароити имрӯзаи пешрафти иқтисодӣ соҳаи сохтмон яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ маҳсуб ёфта, таъмин намудани рушди он яке аз вазифаҳои афзалиятнок ба шумор меравад.
Дар даврони истиқлол сармоя ба сармояи асосӣ дар соҳаи сохтмон зиёда аз 112 миллиард сомониро ташкил додааст, ки аз он 4,9 фоиз ба соҳаи маориф, 2,8 фоиз ба соҳаи тандурустӣ, 57,3 фоиз ба бахшҳои воқеӣ ва 35 фоиз ба соҳаҳои дигар равона шудаанд.
Дар соли 2023 сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 19,9 миллиард сомонӣ истифода карда шудааст, ки ин нишондиҳанда мутаносибан нисбат ба солҳои 2001 — 34,5 фоиз, 2002 — 22,5 фоиз афзудааст.
Тавре аз нишондиҳандаҳои оморӣ бармеояд, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар масоҳати 21,3 миллион метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Илова ба ин, дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо 387,4 ҳазор ҷой, муассисаҳои томактабӣ бо 15,3 ҳазор ҷой, беморхона бо 10,5 ҳазор кат сохта, мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Ин нишондиҳандаҳо дар 3 соли охир, аз ҷумла хонаҳои истиқоматӣ дар масоҳати 5,4 миллион метри мураббаъ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо 81,7 ҳазор ҷойи нишаст, муассисаҳои томактабӣ бо 5,6 ҳазор ҷой, беморхона бо 529 кат сохта ба истифода дода шудаанд.
Мутобиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 25 ҳазору 879 иншоот, роҳу пулҳо, майдончаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” дар соли 2023 ба сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки бунёди неругоҳҳои барқи обии “Роғун”, “Себзор” ва таҷдиди неругоҳҳои амалкунандаро бомаром идома дода, корҳо дар самти дарёфти маблағгузории иқтидорҳои нави тавлиди “энергияи сабз” ва ба 10 ҳазор мегаватт расонидани иқтидорҳои энергетикии кишвар вусъат дода шаванд.
Бунёди роҳҳои муосир ва таҷдиду азнавсозии онҳо дар ояндаи наздик ба мо имкон медиҳад, ки мо ба яке аз кишварҳои транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ноил гардем ва дар ин замина рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ таъмин карда шавад.
Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик барои ташаккули долонҳои иқтисодӣ як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидоштаро ба роҳ монад. Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва бунёди пулҳо дар мамлакат бо маром амалӣ шуда истодаанд. Дар ин росто татбиқи лоиҳаҳои бунёди як қатор роҳҳои нақлиётгард дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома доранд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ вобаста ба дастовардҳои ин соҳа иброз намуданд, ки дар давоми панҷ соли охир дар ташкили фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Аз ҷумла, бо иқдоми Ҳукумати мамлакат ва дастгирии шаҳрвандони ватандӯст шароити қисмҳои низомӣ ва дидбонгоҳҳо ба талаботи замон мувофиқ гардонида, 120 дидбонгоҳи нав бунёд ва даҳҳо дидбонгоҳи сарҳадӣ таъмиру таҷдид карда шуда истодаанд. Танҳо дар соли 2023 — 75 иншооти сарҳадӣ бо шароити беҳтарини зиндагиву хизмат бунёд ва ба истифода дода шуда аст. Умуман, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои Қӯшунҳои сарҳадӣ 505 иншоот бунёд карда шудааст, ки онҳо бо шароити зарурӣ таъмин мебошанд.
Ҳамчунин, дар давраи соҳибистиқлолӣ 500 нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шуда, беш аз 2000 оилаи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда шудаанд.
Дастгириву ғамхории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратиро вазифадор менамояд, ки масъулият ва уҳдадориҳои худро барои таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таъмини суботу оромӣ ва бехатарии ҳаёти шаҳрвандон самимона ва содиқона ба ҷой оранд.
Дар паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25 — солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ санаи 26 июни соли 2022, аз ҷумла таъкид гардида буд “…майлу ирода, саъю талош, таҳаммулгароӣ ва хиради азалии миллати тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик ва тафаккури созандаву рӯҳи шикастнопазири халқи Тоҷикистон муҳимтарин омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад”.
Барои идомаи чунин иқдомҳои неку созанда, сокинони Тоҷикистон бояд дастаҷамъона барои пешгирии амалу кирдорҳои ҷинояткорона ва барҳам задани ҳадафҳои ҷангҷӯёна ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат намуда, нагузоранд, ки душманони давлату миллат ба мақсадҳои зишту нопоки худ бирасанд.
Таъмини суботу оромӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, бехатарии ҳаёти ҷамъиятӣ ва амнияти иқтисодии кишвар, яке аз вазифаҳои муҳиму масъулиятнок дар назди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус, мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб рафта, дар ин заминаталошу кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода мешаванд.
Тезу тунд гардидани муносибатҳои ҷамъиятию сиёсӣ дар ҷаҳон ва талошу кӯшишҳои давлатҳои абарқудрат дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои геополитикӣ боиси нооромӣ, муноқишаҳои динию мазҳабӣ ва ҷангу низоъҳои хунин гардида, вазъро дар як қатор кишварҳои ҷаҳон ноором сохтааст.
Мусибат ва фоҷиаи вазнини ба сари мардуми як қатор кишварҳо омада, боиси ҳалокату ҷароҳат бардоштани садҳо ҳазор одамон ва фирор кардани даҳҳо миллион сокинони ин давлатҳо гардидааст. Ваҳдату якдилӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки суботу оромӣ ва тинҷиву осоиштагӣ барои инсонҳо чӣ қадар азизу муқаддас аст. Бинобар ин, ҳар як сокини кишвар ба қадри ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи дар кишвар пойдорбуда расида, талош аз он кунад, ки ин неъмати бебаҳоро ҳифз намуда, фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ ва экстримистиро маҳкум кунад.
Фаъол гардидани гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дар як қатор кишварҳои сайёра моро ҳушдор медиҳад, ки нисбат ба тақдиру ояндаи давлату миллат бештару беҳтар таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Зеро, ин даҳшат метавонад на танҳо ба тақдири як давлат ё минтақа, балки ҷаҳон таъсири манфии худро гузорад.
Ин зуҳуроти харобиовар дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба шумор рафта, хатари даҳшатзову марговари он на танҳо мардуми кишварҳои ҷангзада, инчунин сокинони сайёра ва мардуми сулҳхоҳи дунёро ба ташвиш овардааст. Боиси нигаронист, ки ҳамарӯза дар як қатор кишварҳои дунё, ки ноамнӣ дар он ҳукмрон аст, бар асари таркишу содир кардани амалҳои террористӣ садҳо нафар аз мардуми осоишта, занону кӯдакон ва мӯйсафедон ҷони худро аз даст дода, захмиву маъюб мегарданд.
Тоҷикистон дар минтақа ва дар ҳамсоягӣ бо кишваре қарор дорад, ки таҳдиду хатарҳои гурӯҳҳои ифротгаро ба он ногузир аст. Зеро фаъол гардидани даҳҳо ташкилоту гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар ин кишвар вазъро ниҳоят душвор ва таҳдиду хатарро ба суботу амнияти давлатҳои минтақа бештар намудааст. Бо мақсади халалдор нагардидани амнияту оромии мардум, бояд ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Ҷойи нигаронист, ки душманони давлату миллати мо, аъзои ташкилот ва гурӯҳҳои террористию экстемистӣ, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, рушду тараққиёти Тоҷикистонро дидан намехоҳанд. Онҳо аз хориҷи кишвар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мудом дар пайи ангехтани иғвою дасиса ва ноором кардани вазъи ҷамъиятию сиёсии кишварамон ҳастанд.
Аз ин рӯ, ҳар як фарди бонангу номус, сокинони шаҳру ноҳия ва деҳот набояд ба тақдири имрӯзу ояндаи давлат бетараф бошанд. Шумо низ, дар ҳамдастӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, падидаҳои номатлуби ҷомеа ва мубориза бо ҷинояткорӣ ҳиссагузор бошед. Зеро, ба ҷуз мову шумо — сокинони ин диёри биҳиштосо каси дигар ин ватанро обод ва шукуфоии онро таъмин наменамояд.
Аз ин хотир, сиёсати созандаву бунёдкорона ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона гардидааст, ки суботу оромӣ ҳамчун асоси зиндагии осоишта ва пешрафту тараққиёти мамлакат ҳеҷ гоҳ халалдор нагардад.
Инсоният дар тӯли ҳаёт ба бисёр нобаробарию нокомиҳо дучор гардида, бо вуҷуди харобкориву ҷонбозиҳо ва қурбониҳои зиёдеро дидан, бо такя ба ақли солиму хиради олӣ тавонист хусумату бадбинӣ, кинаву адоват ва носозгориву ноҷӯриҳоро аз байн бибарад ва дасти оштиву мусолиҳаро ба ҳам диҳад.
Сабақи таърих моро ҳушдор медиҳад, ки ба хотири роҳ надодан ба ҷангу низоъҳои бемаънӣ, ки аксаран аз ҷоҳталабию манфиатҷӯӣ ва ниқорталабию худхоҳӣ сарчашма мегиранд, дарки баланди масъулиятшиносӣ дар хеш дошта, омодаи ҳифзи обу хоки ин сарзамин бошем ва аз пайомадҳои нохушу фоҷиаангези он набояд сарфи назар намоем.
Халқи тоҷик аз қадимулайём бо хираду заковати олӣ, оқилию маърифатнокӣ ва одамдӯстиву ватанпарастӣ миёни дигар қавму миллатҳо мартабаи баландро касб карда, дар тӯли таърихи ҳазорсола бо осори гаронбаҳои илмию фарҳангӣ шӯҳратёр гаштааст.
Миллати тоҷик, мардуми сарбаланду баномус дар оташи муборизаҳои таърих обутоб ёфт, худро шинохт ва имрӯз парчами зафар болои сар бо ифтихор аз ватану ватандорӣ ва музаффариятҳои ба шарофати мубориза ва ҷоннисориҳо ба даст овардааш Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.
Бузургтарин хизмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат ин барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Ин раванд шароит ва имконият фароҳам овард, ки мо ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ қадами қатъӣ ба сӯи фардо гузорем.
Ваҳдат — беҳтарин неъмат, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ гардидаасг. Танҳо бо роҳи ваҳдат, муттаҳидӣ ва якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро метавон пойдор ва ягонагии мардумро устувор нигоҳ дошт.
Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстиву рафоқат ҳукмфармост, дар он давлат рушду тараққиёт ва иқтисодиёташ тадриҷан афзуда, аз ҷиҳати сиёсиву фарҳангӣ пеш меравад.
Зиндагӣ собит намуд, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи ватан ба мо муяссар гардидааст.
Подоши ин ранҷу заҳматҳо буд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар сиёсати дохилӣ, балки дар ҷаҳон маъруфияти зиёдро касб карда, бо ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи худ миёни бисёр шахсиятҳо ва сарварони кишварҳои олам эҳтироми зиёдро соҳиб гардидааст.
Нақш ва мавқеи Пешвои миллат дар таърихи давлатдории тоҷикон, ҳамчун кафили суботу оромӣ ва ваҳдату ягонагии сокинони Тоҷикистон ниҳоят бузург мебошад.
Барои хизматҳои бузург ва саҳми арзишманди худ дар таъмини сулҳи Тоҷикистон, таҳкими амнияти минтақа ва муносибату ҳамкориҳои дӯстона байни мардум ва кишварҳо, талошу кӯшишҳои созандаву бунёдкорона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвону нишони олии давлатҳо ва созмонҳои гуногуни ҷаҳон қадршиносӣ гардиданд.
Соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдат Сарвари давлат бо ҷоизаи олӣ — медали тиллоӣ “Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо”-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият сарфароз гардиданд. Қайд намудан ба маврид аст, ки дар байни сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шахсияте мебошанд, ки ба гирифтани ин Ҷоиза мушарраф шуданд.
Дар симои шахсияти беназири таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофарӣ ҳувайдост. Маҳз ҳамин гуна хислатҳо ва фазилатҳои олӣ аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон ба ранҷу заҳмат ва хизматҳои беназири фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон арҷ мегузоранд.
Дар замоне, ки Тоҷикистон истиқлолияти воқеии худро ба даст оварда, садҳо кишварҳои дунё онро шинохтанд ва имрӯз яке аз давлатҳои ташаббускору дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ нақши ҳалкунандадошта баромад мекунанд, ҳар яки мо вазифадор ҳастем дастовардҳои бузурги сиёсӣ — иқтисодӣ ва илмӣ- фарҳангиро, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ соҳиб гаштаем, ҳифз намоем.
Хизматҳои таърихии Сарвари давлат дар он зоҳир мегардад, ки маҳз ин шахсияти барҷаста ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ихтиёри давлатдориро ба даст ва пеши роҳи хатари нобудии онро гирифта, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд. Сохторҳои фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, артиши миллӣ, нерӯҳои ҳифзи сарҳадро таъсис доданд. Аз ҳама муҳим барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё ва заминаи сулҳи миллиро матраҳ намуда, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардониданд.
Бо ҳисси ифтихор таъкид мекунам, ки саҳми кормандони милитсия дар таъмини оромию осоиштагӣ, ризоияти миллӣ, таҳкиму барқарории сохти конститутсионӣ ва давлатдории навини тоҷикон хело назаррас мебошад. Вазорати корҳои дохилӣ ба сифати яке аз сохторҳои калидии давлат дар барқарории сулҳу субот, ҳифзи ҳаёту манфиатҳои шаҳрвандон ва амнияти ҷомеа нақши назаррас дорад.
Пайомади ҳамин саъю талошҳои шабонарӯзист, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату якпорчагии миллӣ ва рӯҳияи созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармост.
Танҳо дар сурати ваҳдату муттаҳидӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда, кишвари азизамон дар шоҳроҳи пешрафту тараққиёти босуръат қадамҳои устувор мениҳад.
Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “…хушбахтона, мо дар кишвари худ барои сулҳи пойдор ва ҳаёти осоиштаи ҷомеа заминаи боэътимод гузошта тавонистем, вале агар мо хоҳем, ки мамлакати мо ҳамвора тараққӣ карда, ба сафи давлатҳои пешқадами дунё ворид гардад, наслҳои ояндаамон зиндагии сазовор дошта бошанд ва аз падарону модарони худ ба некӣ ёд кунанд, бояд ҳаргиз ба халалдор шудани сулҳу субот роҳ надиҳем ва бақову пойдории давлати миллиро пайваста таъмин намоем”.