Ноҳияи худмухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой аз ҳисоби масоҳати худ калонтарин воҳиди ҳудудии мақомоти маҳаллии Хитой буда, яке аз панҷ ноҳияҳои худмухтор ба шумор меравад, ки дар он миллатҳои хурди зиёд зиндагӣ мекунанд.
Чжан Ханхуэй
Сафири Фавқулода ва Мухтори
Ҷумҳурии Халқии Хитой
дар Федератсияи Россия
Дар 70 соли охир, ба шарофати ғамхориҳои Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Хитой, тарафдории тамоми мамлакат ва заҳмату ғайрати тамоми сокинони Шинҷон, ин гавҳари дурахшони Шоҳроҳи бузурги абрешим дубора дурахшидан гирифт. Имрӯзҳо аҳолии 25 млн. нафараи Шинҷон дар раванди амали сохтани Барномаи “Як камарбанд, як роҳ” дар таърихи ноҳияи хеш саҳифаи навро оғоз намуда истодаанд.
Аз соли 60-и пеш аз мелод, аз замоне, ки ҳукумати марказии Хитой дар даврони ҳукмронии сулолаи Хонҳои Ғарбӣ намояндагии ҳукумати худро бо номи Сиюй (Сарҳади Ғарбӣ) таъсис доданд, Шинҷон, ба тарҷума аз забони хитойи – Сарҳади нав, ба таври расмӣ дохили қаламрави Хитой гардид.
1 октябри соли 1955 Ноҳияи худмухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой расман таъсис дода шуд.
Дар 64 сол дар Шинҷон тағйироти бузург ба вуҷуд омаданд. Дар соли 2018 ҳаҷми умумии иқтисоди Шинҷон ба 1,2 трлн юан расид, ки ин рақам нисбат ба соли 1952 қариб 200 баробар афзоиш ёфтааст. Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ аз 166 юан дар соли 1992 ба 49 ҳазор юан дар соли 2018 расид. Ҳаҷми умумии савдои хориҷӣ ба 20 млрд доллари ИМА расид, ки ин рақам 1481 маротиба аз соли 1950 зиёд мебошад. Сохтори истеҳсолоти Шинҷон сифатан дигар шуд ва ин ноҳия ба яке аз бузургтарин маркази истеҳсоли пахта ва меваҷоти тару хушк табдил гардид.
Соҳаи туризм дар Шинҷон рушди бесобиқаеро нишон медиҳад: дар соли 2018 теъдоди саёҳони хориҷӣ ва дохилӣ, ки аз Шинҷон дидан намудаанд, ба 150 млн нафар расид, ки ин 40,1{f6d4bd355489a0bd80162fafc4ef9eb4353a8b325afa60339c3ae65df5f02ce2} бештар аз соли қаблӣ мебошад.
Рушди бесобиқаи иқтисодӣ дар Шинҷон мустақиман ба афзоиши сатҳи зиндагии сокинони маҳалӣ ва беҳбудии будубоши ҷамъиятӣ мусоидат намуд. Дар ноҳияи Шинҷон системаи маълумоти ҳатмии нуҳсола мавҷуд буда, дар ҳама ҷо беморхонаҳои ҳозиразамон барои табобат ва пешгирии касалиҳо дар се сатҳи мақомоти маҳаллӣ — дар ноҳияҳо, ҷамоъатҳо ва деҳаҳо фаъолият менамоянд, ки ба шарофати онҳо идомаи синни миёнаи зиндагӣ ба 72 сол расидааст.
Баъд аз таъсиси Хитойи нав, ҳукумати марказӣ ба Шинҷон иловапулиҳои давлатӣ дар ҳаҷми 2,35 трлн юан ҷудо намуд. 19 вилоят ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ба Шинҷон кумакҳои мустақим менамоянд, ки дар чаҳорчуби онҳо 1,8 трлн юан ҷудо гардид, ки имкон дод иқтисоди Шинҷон ба рушди бесобиқаи иқтисодӣ ноил шавад.
Ҳамчунин бояд гуфт, ки Шинҷон дар масъалаи таъмини бехатарӣ бо чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ шуд. Аз солҳои 90-уми асри гузашта “се неруи бадӣ” (терроризм, экстремизм ва ҷудоиталабӣ) дар дохили кишвар ва дар хориҷа нақша кашида, баъдан дар Шинҷон чанд ҳазор амалҳои мудҳиши террористиро анҷом доданд. Амалҳои террористие, ки дар таърихи 5 июли соли 2009 сурат гирифтанд ва дар натиҷаи онҳо теъдоди зиёди одамон қурбон шуданд, тамоми ҷаҳонро такон доданд ва эътирози ҳамагонро барангехтанд. Ин ҳодисаи хунин ба ҳамаи мо нишон дод, ки дар набудани амният, субот ва тартиботи ҷамъиятӣ, намешавад дар бораи шукуфонӣ ва тараққиёт ҳарф зад. Дар шароите, ки ҷаҳонро “хабарҳои дурӯғ” ва суиистифодаи ғаразнок аз вазъияти Шинҷон фаро гирифта буд, ҳукуматдорони ин ноҳияи худмухтор фишорҳоро бо сабру таҳаммул паси сар намуда, чораҳои заруриро мутобиқи қонун қабул карданд. Онҳо натанҳо бар зидди қонунвайронкуниҳо мубориза бурданд, балки фаъолона роҳҳои пешгирии даҳшатафканӣ, ифротгароӣ ва терроризмро пайдо намуда, бадин васила ба муваффақиятҳои калон дар соҳаи идораи давлатӣ дар Шинҷон ноил шуданд. Аммо фаъолиятҳои зиддихитойии байналмилалӣ хотима наёфтаанд ва неруҳои ҷудоиталаби дохилӣ фаъол шуда истодаанд. Кишварҳои ҷудогона аз стандартҳои дугона истифода намуда, бо ҳадафҳои ғаразнок мехоҳанд Шинҷонро ба мақсади тақсими Хитой ва гирифтани роҳи рушди кишвар истифода намоянд. Вобаста ба ин қобили зикр аст, ки бори таъмини амният, субот ва рушди Шинҷон мисли пештара хеле вазнин буда, роҳаш дуру дароз аст.
Қобили хушҳолӣ ин аст, ки дӯстони русӣ, намояндагони гуногуни ҷомеаи маданӣ ва воситаҳои ахбори оммаи Русия ин ҳодисаҳоро дуруст дарк ва баҳогузорӣ менамоянд. Мисоли ин амал мақолаҳои хабарнигорони русӣ мебошанд, ки баъд аз боздиди Шинҷон ва марказҳои бозтарбия ва касбомӯзӣ навишта шудаанд ва дар ШМА ва кишварҳои ғарбӣ ин марказҳоро бо сабабҳои ғаразолуд “урдугоҳҳои шиканҷа” ном мебаранд.
Чунин марказҳо ба хотири он кушода шудаанд, ки бо роҳи инсондӯстона, роҳе ки худи сокинони Шинҷон дар тӯли мубориза бо терроризм ва тафаккури ифротгароӣ, интихоб намуда буданд, идеологияи ифротгароӣ комилан аз байн бурда шуда, усулҳои волоияти қонун ва маърифат тавсиа пайдо намоянд. Донишу малакаи касбӣ, ки дар ин марказҳо омӯзонда мешаванд, имконияти бо ҷойи кор таъмин карданро фароҳам оварда, ба шахсоне, ки таҳти нуфузи тафаккури ифротгароӣ ва террористӣ қарор доштанд, кумак менамояд, ки ба зиндагии оддии ҷамъиятӣ боз гарданд.
Ба сабаби он ки дар баъзе аз ҷамоату деҳоти Шинҷон сокинон забони хаттӣ ва гуфтугуйии давлатиро суст медонанд, дониши хеле заифи ҳуқуқӣ доранд, малакаи касбии хуб надоранд, онҳо хеле осон ба тафаккури ифротгароӣ ва террористӣ (дар бештари мавридҳо зери таҳдид ва фишор) дода мешаванд.
Бо дарназардошти ҳамаи ин шароитҳо ва бо истифода аз таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо терроризм, барномаи дарсӣ таҳия гардид, ки ҳадафи он омӯзиши забони давлатӣ, қонунҳо, малакаи касбии техникӣ ва асосҳои зидди ифротгароӣ мебошад. Ҳангоми гузаронидани ин дарсҳо ягон хел «поймолкунии ҳуқуқи инсон» вуҷуд надорад. Донишомӯзон, баъд аз касби дараҷаи муайян, курсҳои омӯзиширо хатм намуда ба зиндагии оддӣ боз мегарданд. Марказҳои тарбиявӣ ва касбомӯзӣ ягон шабоҳате ба «урдугоҳҳои шиканҷа» надоранд, ки дар кишварҳои ғарбӣ аз онҳо ном мебаранд. Дар ин марказҳо онҳо ягон хел бадрафторӣ ва ё хунрезӣ вуҷуд надорад. Баръакс, бештари хатмкунандагони ин марказҳо бо истифода аз малакаҳои касбӣ, ки дар марказҳо ба даст оварданд, ба зиндагии бофароғат ва хушбахтӣ ноил гаштанд.
Дар Шинҷон дар зарфи се соли охир ягон амали террористӣ набуд ва ноҳия дар натиҷаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ соҳиби даромадҳои калони иқтисодӣ шуда, вазъияти тартиби ҷамъиятӣ низ ру ба беҳбудӣ дошта, рушди иқтисодӣ бо муваффақият идома дорад. Намунаи ҳамаи ин беҳбудиҳо таваҷҷуҳи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ба Шинҷон мебошад. Мехоҳам таъкид кунам, ки дар Шинҷон тамоми озодиҳо вуҷуд дорад. Ҳукумати марказии Хитой ба таври ҳамеша ба масъалаҳои озодии виҷдон барои сокинони маҳаллӣ диққати калон дода, барои ҳимояи он иқдомҳои зарурӣ меандешад. Ҳамчунин иҷрои анъанаҳои фарҳангии намояндагони миллатҳои гуногун ва истифодаи забонҳои миллатҳо, ки дар онҷо зиндагӣ мекунанд, ҳамеша зери назорати ҳукумат қарор дорад. Дар Шинҷон масҷидҳо, калисоҳои насронӣ, ибодатгоҳҳои бутпарастон ва даоссҳо — дар маҷмуъ, 25 ҳазор масканҳои динӣ мавҷуд буда, теъдоди руҳониёни бонуфуз дар ҳудуди 30 ҳазор нафар ва миқдори мадрасаҳои исломӣ 10 адад мебошанд.
Фарҳанги бошукуҳи анъанавии миллатҳои хурд зери ҳимоя қарор дошта доиман дар ҳоли рушд мебошад. Фарҳанги ҳазорсолаи мусиқии дувоздаҳмуқоми уйғурӣ, эпоси қирғизии «Манас» ба руйхати осори фарҳанги инсонии ЮНЕСКО дохил шудаанд. Забони хаттӣ ва гуфтугуйи уйғурӣ ба таври васеъ дар мақомотҳои маҳалии давлатӣ ва адлия, маориф, воситаҳои ахбори омма, табъу нашр, радио-телевизион, интернет ва зиндагии ҷамъиятӣ истифода мешавад. Ҳуқуқи занон, кудакон, мӯйсафедон, инвалидҳо ҳамаҷониба қонунан ҳимоя мешавад.
Дар гузаштаи Шинҷон ҳам шукуфонӣ буд, ки бо Шоҳроҳи бузурги абрешим вобастагӣ дошт, ва ҳам солҳои сахти хунрезӣ ва бетартибиҳо. Халқи Шинҷон нағз медонад, ки чи мехоҳад, чиро интихоб мекунад ва чиро намехоҳад.