Муаррифии арзишҳои ҷаҳонии варзиш

Shared to Facebook

24 август дар майдони соли 1905-и шаҳри Екатеринбург, дар павилйони “SportAccord” маросими рӯнамоии Нишасти ҷаҳонии варзиш ва тиҷорат баргузор гардид. Дар ҳамоиш Консули генералии Тоҷикистон дар минтақаи Урали Русия Зафар Сайидзода ширкат варзида, аз дастовардҳо ва имкониятҳои варзиши Тоҷикистон суҳбат кард.

Дар ин бора аз Консулгарии генералии Тоҷикистон дар минтақаи Урали Русия хабар доданд.

Ин нахустин ҷаласаи намояндагони бист кишвари хориҷии мустақар дар вилояти Свердловск ва иттиҳодияи SportAccord буда, чорабинии ниҳоӣ дар доираи ҳафтаи намоишгоҳи Саммити ҷаҳонии варзиш ва тиҷорат “SportAccord-2022” маҳсуб мешавад.

Аз 15 то 20 майи соли оянда ҳамаи роҳбарони федератсияҳои байналмилалии варзиш, вакилони Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва дигар пешвоёни варзиши ҷаҳон дар Екатеринбург ҷамъ меоянд:

“Дар ин мулоқот саммити соли оянда муаррифӣ шуд. Ҳамоиши мазкур барои рушди варзиш дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон таъсис дода шуда, мулоқоти дипломатҳо як қадами дигари муҳим дар ин самт аст”, — гуфта шуд дар ҳамоиш.

Дар ҷараёни нишаст миёни намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва ҳайати дипломатии дохилӣ табодули афкор сурат гирифт.

Зикр гардид, ки нишасти мазкур калонтарин дар ҷаҳон буда, чорабинии ҳарсолаи шашрӯзаи варзишӣ ба шумор меравад, ки дар он намояндагони зиёда аз 100 федератсияи байналмилалии варзишӣ, ташкилоту корхонаҳое, ки ба рушди варзиш машғуланд, кумитаҳои ташкилӣ, воситаҳои ахбори омма, инчунин варзишгарони маъруф иштирок мекунанд.

Зимнан, аз 7 то 12 ноябри имсол дар Екатеринбург намоишгоҳи байналмилалии “SportAccord-2022” баргузор мешавад.

Саммити ҷаҳонии тиҷорат ва варзиш “SportAccord” аз соли 2003 инҷониб дар кишварҳои гуногун баргузор шуда, майдоне барои вохӯриҳои мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияҳои байналмилалӣ, федератсияҳои варзишӣ ва КБО маҳсуб мешавад.

Фарҳод Мирҷамолов