Уқоби шикорӣ натарсад зи бум,
Ду марди Хуросон, дусад марди Рум.
Дар сарсатри мақола байти ситораи шеъру ҳикмати Шарқ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ: “Махӯр соҳиб фиреби фазли аммомаи зоҳид, ки дар гунбаз зи бемағзӣ садо бисёр мепечад”-ро меъёр ва созгори ҳолати мавҷуда бо Афғонистон донистем.
Ташкилоте ки толиб (бо номи “Толибон”*) мусаммо мегардаду аз дастовардҳои нерӯи инсонӣ ва илми муосир, хусусан дар пешбурди умури сарҳадоти давлатӣ бехабар асту дар ҳошияи воқеаҳои рӯзгор вомондааст, ҳаракатҳои аҷибу ғариб дар Афғонистон анҷом медиҳад. Тибқи муомилаи хоҷагони хориҷияш, идораи нимаваҳшиву дудмониро эҷод кардаву бо ишораҳое, ки ҳама паёми мушаххаси инсонбадбинӣ дар пай доранд, сиёсати “як бому ду ҳаво”-ро пиёда намудааст.
То ҳол дастандаркорони низоми қабила нафаҳмидаанд, ки тоҷикон масъули сохту сози тамаддуни ифтихорофари ҷаҳонӣ ва парчамбардори арзишҳои башарианд ва дар тӯли 30 соли ахир ба тавонмандиҳои сиёсӣ, дипломатӣ, низомӣ, ҷангӣ, иҷтимоӣ ва миллатсозӣ афзуда, ба хотири ҳамин рӯзҳо, ки “ҳолати ғайриинтизор” гуфта мешавад, омодагии комилу тайёр доранд.
Таърих гувоҳ аст, ки мо – тоҷикон мушкилоти сангини рӯзгорро мутаҳамил мешавему ҳаргиз фиребу найрангҳои гурӯҳҳои муздурро нахоҳем пазируфт. Марзи Тоҷикистон, сарҳади тамаддунии кишварҳои орому осудаи Шарқу Fарб аст ва дар тӯли анқариб 100 сол аз лиҳози фаннӣ ва низомӣ мустаҳкам шуда, ба сатҳу савияи имрӯза расидааст. Ҳар як сокини минтақаи сарҳади Тоҷикистон худ як марзбон аст. Ӯ медонад, ки бо афроди бегона, ки дар фикри халалдор кардани вазъият мебошанду ниятҳои муғризона ва қасди ворид шудан ба ҷумҳуриро чун меҳмони нохонда доранд, чӣ гуна ҷавоби дандоншикан диҳад.
Хизматчиёни ҳарбӣ ҳама амалгароянд ва қаҳрамон, хуб дарк кардаанд, ки дар ин ҷаҳони пурошӯб ба ҷузъ аз халқи чандмиллионнафараи Тоҷикистон ва давлати муосири миллӣ ҳамчун пойгоҳи қавӣ ва шикастнопазири ҳувиятӣ касе дигар дар лаҳзаҳои буҳронӣ барои мо коромад нест. Суруди ноби Фирдавсии оламгир сари забони афсару сарбози тоҷик аст:
Зи ҷое, ки омад фиристодае,
Зи турку зи румиву озодае.
Аз ӯ марзбон огаҳӣ доштӣ,
Чунин корҳо хор нагзоштӣ.
Дар бораи ҳилаҳои шаръии толибон ҳаминро бояд зикр кард, ки дар тӯли 10 соли охир онҳо дар рафти гуфтушунид ва бозиҳои геополитикӣ каҷравиҳои сиёсӣ ва илми истеъморро омӯхта, онро бо як фиребкорӣ дар Афғонистон амалӣ мекунанд. Як назари иҷмолӣ ба изҳорот ва рафтори толибон дар тӯли ин 2,5 моҳ кофист, ки хулосагирӣ карда шавад, ки роҳбарияти ҷангзадаи он дучори афсурдагии шадиди равонӣ гаштааст. Сухангӯи онҳо даъвои фиристодани даҳҳо ҳазор роҳзанҳоро ба сарҳади Тоҷикистон мекунад ва онро “Лашкари мансурӣ” ном мениҳад. Дар айни замон ду муовини сарвазири ҳукумати толибшумул иддаои ҷавоби “муносиб” ба Тоҷикистон мекунанд. Аммо дар охир, ҳама ба як овоз аз гуфтаи худ канор рафта, онҳоро рад мекунанд. Ин таноқузи бемории равонӣ маҳз дар ҳамин изҳорпароканиҳо намоён мегардад. Ин оҷизони роҳи сиёсат раҳашонро гум карда, намедонанд, ки бо он давлатдории якқавмӣ, ки тибқи муомилаи машкук ба дасташон расида, чӣ кор кунанд?
Назари хасмона ба сарҳади Тоҷикистон маънои ҳимояи вуҷудӣ дорад. Дар ин ҳолат дар Хуросони таърихӣ мардум ба юриши фарогир бармехезад ва қувваҳои ҷангии толибонро дар кӯчаву гузар, деҳаву вулусволиҳо мавриди ҳамла қарор хоҳанд дод. Ҳар хонаву ҳар ғору мағор ба сангари заволнопазири мудофъеони роҳи озодӣ ва истиқлол мубаддал мегардад. Ҳоло, ки толибон даъвои ҳамларо ба ҳамсоякишварҳо дорад, ҷабҳаи муқовимати мардуми Афғонистон дар Кобул, Балх, Бадахшон, Кӯҳдоман, Каписо, Ҳирот, Тахор, Бомиён, Дойкундӣ, Fур, Фароҳ, Кундуз, Самангон, Бодғис, Fазнӣ, Парвон ва Ҷузҷон арзи вуҷуд кардааст. Ихтилофоти шадиди байнитолибӣ дар Арг миёни дуррониҳо ва ғилзойиҳо ба нуқтаи арши аъло расида, таҷзияи ин ҳаракат аз нуқтаи назари қабилавӣ дар ҳоли шикаст аст.
Вақте ки ин мақола нигошта мешуд, хабари даргириҳои шадиди байни гурӯҳи Мулло Манон Ниёзӣ, ки толибони пешинро муттаҳид мекунад ва толибони тундгаро дар шаҳри Ҳирот сурат гирифт, ки 17 нафар қурбонӣ гузошт.
Ба иттилои шоҳидони ҳол, артиши ҷабҳаи муҳофизони Афғонистон гурӯҳҳои калони толибонро дар деҳаҳои Доласанг, Пойи Мазор, Аноба, Руха, Борак, Париён, Бозорак, Остона, Уштулаки Панҷшер, Пули Ҳисор, Хинҷон, Соланг, Данди Ғурӣ, Данди Шаҳобиддин, Фабрикаи Қанд, Андароби вилояти Бағлон, Кӯҳдоман, Каписо ва Парвон ба муҳосира гирифтаанд.
Ҷуғрофии ҷабҳаи зиддитолибӣ тавсеа ёфта, нерӯи ҳазораҳо дар Ҳазораҷот, ӯзбекҳо дар Форёбу Ҷузҷон ва қавми Ачакзай дар Қандаҳор, Ҳазрати Алӣ ва Муҳаммадзоҳир Қадир дар Нангарҳор парчами муборизаро бар зидди ҳукумати такқавмӣ боло бардошта, барои озодиву истиқлоли воқеии Афғонистон меразманд.
Ба иборати дигар, дар Афғонистон қиёми умумимиллӣ дар ҳолати шаклгирӣ мебошад ва дур нест, ки мардуми ин ҳамсоякишвар толибонро ба ҷазои аъмолашон бирасонад.
Ҳамин тариқ, таҳдидҳои толибон ба Тоҷикистон нишоне аз заъфи мудирият ва набуди зарфияти кофии идорӣ мебошад, ҳар иштибоҳе ки он боиси аҷали ин ҳаракат дар наздиктарин фурсат хоҳад шуд. Ва фарзияҳое, ки толибу ДИИШ аз ҳам тафовут доранд, заминаи воқеӣ надоранд. Афғонистониҳо басо ҳадафманд мегӯянд:
Фарқ байни толибу ДОИШ ниҳодан иштибоҳ-ст,
Хар ҳамон харе бувад модар сафед, кура сиёҳ-ст
Зикирзода Ҳ.
коршиноси умури сиёсӣ
*“Толибон” – ташкилоти террористии дар Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ мамнӯъ. СММ ҳам онро ба феҳристи созмонҳои байналмилалии террористӣ ворид кардааст.