Шаби Ялдо — шаби ишқу тарона

Shared to Facebook

Шаби 21 бар 22 декабр дарозтарин ва тӯлонитарин шаби сол маҳсуб меёбад ва мутаносибан ҳамни рӯз, яъне 22 декабр, кӯтоҳтарин рӯз аст! Ин шабро “Шаби ялдо” мегӯянд, ки дар забони суриёнии қадим ин вожа маънои таваллуд яъне зоидашудан ва ба дунё омаданро дорад. Яъне, ин шаб шаби мавлуди хуршед (меҳр) аст…

Шаби ялдо, ки садсолаҳост дар адабиёти классикии форсу тоҷик васфи онро кардаанд, мардуми фарҳангсолору тамаддунофарини иронӣ дар тӯли қарнҳо дар мавриди сифоти ин санами дилрабо дури маънӣ суфтаанд, ва ашъору асрор гуфтаанд, чӣ шабе ҳаст? Чӣ ҳикматҳову чӣ хосиятҳо дорад, ки ҳамвора зикри он вирди забонҳо буда ва аз гузашти айёму аз ҳаводиси табиату таҳаввулоти ҷамъият осебе напазируфта!??

Шаби ялдо шаби ишқу шаби шӯру тарона,

Шаби гулхандаҳо, гулнағмаҳои ошиқона!

Шаби Ҳофиз, шаби май,

Шаби тумбак, шаби най!

Шаби ҷик-ҷики мастон,

Сароғози зимистон!        

Азизону рафиқон!

Бигӯеду бихандед!

Дари ғамро бибандед!!!

Шаби ялдо аз давраҳои хеле қадим, дар баробари Наврӯзу Садаву Меҳргон ва дигар ҷашнҳои ориёӣ, ки ба набзи табиати зинда вобастагӣ доранд, ҷашн гирифта мешуд ва имрӯз ҳам таровату заковату ҳикмати қудсии худро ҳифз намудаасту дар дилу дидаи мардумон ҷойи мубораки худро маҳфуз нигаҳ доштааст!

Шаби ялдоро ки дар рӯзи 30 уми моҳи Озар ва рӯзи якуми моҳи Дай (дар тақвими иронӣ, ки баробар ба 21-22 декабри тақвими григорянии мелодӣ) имрӯз дар бештари кишварҳои ҷаҳон мешиносанд, аммо ин ҷашн дар ватани торихии худ, дар кишвари тамаддунсози Ирон ҷову ҷалол ва мартабаи хосаеро дорад!

Балки ирониёну ориётаборони тамоми ҷаҳон дар ин шаби дарозтарини фаслҳои сол, шабзиндадорӣ мекунанд. Суфраи идона ороста, дар атрофии он суфра, ки анору санҷиду тарбуз аз муҳимтарин неъматҳои он маҳсуб мешавад, ҳангома ороста, гулхан меафрӯзанд, хурсандиву рақсу покӯбӣ ва шеъргӯиву овозхонӣ мекунанд. Бо девони қудсии Ҳофизи Шерозӣ фол мекушоянд ва дар дафтари отифии равобити хеш бо олами ғайб, сафҳаяки сафедеро варақ мезананд!..

Торихи аслии шаби ялдо ба замонҳои қадимтарин адёни инсонӣ — кеши офтобпарастиву давраҳои сонитар аз он, яъне ба рӯзгорҳои дини оташпарастӣ бармегардад. Ин падида ба қонунҳои ҳаводиси табиӣ ва ба табаддулоти нуҷумии ба ибораи дигар мебояд гуфт — размафканиҳои миёни гармиву сардӣ, торикиву рӯшнойӣ ва нуру зулмат, яъне шаб ва рӯз вобаста мебошад.

Агар дар дини мубини Ислом Парвардагори ҷумлаи оламро ба унвони қудрати воҳиду ягона, бишиносанд, яъне Рабб-ил-оламин, офаридагори мутлақ, ки тамоми сайёраҳову коинот, набототу ҳайвоноту ҷумлаи махлуқот, гармиву сардӣ, инсону шайтон ва ҳамаи махлуқини мавҷударо он зоти пок офаридааст…

Дар дини зардуштӣ бошад, ҳамаи некиву хубиву зебоиҳои мавҷударо офаридаи Худованди офаридагор медонистанд, аз қабили ҳаёту шодиву нуру равшаноӣ ва амсоли инҳо, вале торикиву зулмату сардиву маргро офаридаи иблис тасаввур мекарданд. Агар дар дини мубини ислом зоти поки Парвардигори Ҳақро бениёз бидонанд, аммо дар ақоиди адёни қадим Худованд ниёзе дошт, ки бандагони мӯмини вай дар мубориза бар зидди иблис, бар зидди бадиву зулмату торикӣ бо Худои офаридагорашон бипайванданд, то ғаму дарду нокомиҳову соири осори иблисро мағлуб намоянд.

Дар боварҳо ва ақоиди нахустин дини яктопарастии Зардушт ҳам чунин ақидае мавҷуд буд. Рӯшноӣ неруи Худованди офаридагор Аҳурамаздо аст,вале зулмату торикӣ — неруи (Анграмания) Аҳриман аст ки бар зидди Худованди офаридагор дар ҳоли муқовимат ва набарди абадӣ қарор гирифта!

Дар шаби ялдо, ки воқеан дарозтарин ва тӯлонитарин шаби тақвимии сол ва кӯтоҳтарин айёми равшаноии рӯзи тақвимӣ мебошад, саҳнаи набарди рӯшноӣ ва зулмат дар ҳолате қарор мегирад, кинуру зиёву рӯшаноӣ хеле заифу ранҷур ва осебпазир гардида, вале зулмату торикӣ дар авҷу камоли қудрат аст. Мантиқу маънии умдаи гирдиҳамоиҳо, базмҳо, гулханафрӯзиҳову шабзиндадориҳои ниёгони мо бар он поя будааст, ки мӯминону худопарастҳову уммати соҳибимон дар муборизаи ин шаби тӯлонии разму набардҳои миёни зулмату нур бо Худованди офаридагори худ бипайванданд ва Аҳримани зулматнишонро мағлуб намоянд. То ин ки дар поёни ин шаби муборизаҳо, Хуршеди мунир бо исми Меҳр муттавалид гардад ва то давраи салтанати иблисе бо номи Аҳриман хотима биёбад! Дар хони ялдоӣ чидани меваҷоти сурхранг аз қабили анору санҷиду хидуна — тарбуз, рамзи сурхии офтоб ва рамзи гармиву рӯшноӣ мебошад.

Дар асотири қадимаи ҳиндуиронӣ худои рӯшноӣ ва нурро Меҳр (Митра) мегуфтанд. Дар забони қадими ҳиндӣ ин вожа ба шакли “Митра” ва дар забони “Авесто” дар шакли “Мигра” садо медод, ки онро ба худои дӯстиву аҳду вафо ва паймону ризоият нисбат медоданд. Дар бисёр сарчашмаҳо омада, ки ҳанӯз дар асри 5 қабл аз милоди Масеҳ дар шаҳри Мемафиси Мисри қадим муҷассамаи худои иронии Митра вуҷуд дошт. Дар замонҳои авҷи тараққиёти императории Рим бо шарофати румиҳо парастиши Митра дар тамоми кишварҳои тобеи ин императорӣ ривоҷу равнақ пайдо карда буд ва то ба ҷазираҳои Британия расида буд. Дар Ирони бостон Митраро ба унвони ҳокими тавонои наҷотбахши қувваи некӣ – Аҳурамаздо (Ҳурмуз) аз зулмоти мансуб ба Анграмания ( Аҳриман) медонистанд..

Дар Рими қадим ҷарайёни Митропарастӣ дар зери таъсири дини зардуштӣ ба миён омада буд. Ин падида дар асрҳои яки қабл аз мелод шурӯъ шуда буд ва то асри дуи баъд аз мелод ҳам идома пайдо карда буд. Дар замони зуҳури Исои Масеҳ, кеши Митропарастӣ ва боварҳову муқаддасоти марбут ба ин таълимот дар қаламрави Мисру Юнону Рим хеле маъруфу пазируфташуда буданд.

Аз ин ҷост, ки баъзе аркони ин муқаддасот дар расму ананот ва таомулҳои дини масеҳӣ низ роҳ ёфтаанд. Масалан он далеле, ки то имрӯз санаи 25 декабр дар Руссия ва дигар мамолики ҳамкеши ин мамлакат ба унвони рӯзи мавлуд ҷашн гирифта мешавад, ин ақидаро собит месозад.

Албатта маълум аст, ки мавлуди Ҳазрати Исо дар тақвими григорянӣ ба рӯзи 6- уми моҳи аввали сол, яъне моҳи январ рост меояд. Таҳвилу табдили сол ҳам дар санаи якуми январ сурат мегирад, ки онро баъзан ба мувлуди Ҳазрати Исо тавъам медонанд. Вале дар таомули русҳо таҷлили ҷашни “Соли нави кӯҳна” (старый новый год) бо унвони “рождество” (яъне мавлуд) боз ҳам ҷой дорад, ки онро гоҳо иштибоҳан “Мавлуди Масеҳо” низ мегӯянд. Албатта мантиқан инсон наметавонад, ки дар зиндагонӣ ду то рӯзи таваллуд дошта бошад. Рӯзи мавлуди Масеҳо агар шашуми январ бошад, пас рӯзи 25 декабр, ки боз ҳам ҷашни мавлуд, аст,он мавлуди кист??

Албатта мавлуди Хуршед ва ё Меҳр, ки аз муқаддасоти митропарастӣ ба суннатҳои масеҳӣ омадааст. Худи пайравони Масеҳо бар он ақидаанд, ки дар шаби мероҷ, руҳи муқаддаси он набӣ ва расули Ҳақ то ба осмони чаҳорум, ки бо исми фалаки Хуршед маъруф аст, реҳлат намуд ва дар он ҷо макони абад гирифт. Таълимоти митропарастӣ ва ақоиду аносири марбут ба он, қариб дар тамоми адёни баъдина ва кутуби илоҳӣ ба назар мерасад. Мавҷудияти сурраи “Аш шамс” дар “Қуръони маҷид” ҳам далели ситоиши Хуршед аст дар каломуллоҳ.

Ончуноне, ки ба назар мерасад, дар чанд даҳаи охир таваҷҷуҳи мардуми олам, махсусан миллатҳои ориёитабор ба таъриху фарҳанги ялдоӣ хеле зиёд гардидааст. Аммо ҳангоми ташреҳу тавзеҳи нукоти торихии ин ҷашн, ағлаб ба иштибоҳ роҳ медиҳанд. Дар бисёр мақолаву рисолаҳое, ки дар расонаҳои маҷозӣ ба чашм мехуранд, назари иштибоҳе тарвиҷ мешавад, ки гӯё шаби ялдоро дар қадим шаби наҳс мешумориданд, ҳама гуна азоби алимро дар адабиёти классикӣ ба дарозиву торикии шаби ялдо ташбеҳу муқоиса мекардаанд ва рафта – рафта, гӯё ки шаби наҳс ба яке аз ҷашнҳои шодиву хурсандӣ мубаддал гардида бошад!

На ҳеҷ вақт дар ҳеҷ яке аз сарчашмаҳои қадим шаби ялдоро «наҳс» нагуфтаанд. Шаби ялдо шаби муборизаву истодагариҳои тӯлонии қувваҳои некӣ дар муқобили зулмат ва сардиву бадиҳост,аммо ба ҳеҷ ваҷҳ, шаби наҳс нест! Баракс, шабе ҳаст иборат аз ҳамдиливу ҳамфаҳмиву иттиҳоду ваҳдати тамоми некандешону некипарастон!

Дар адабиёти классикии форсии қадим бештар шаби ялдоро барои он бо тӯлониву давомдор буданаш сифат мекунанд, ки дар он айёми набардҳо, дар натиҷаи бурдбориву устувории давомдор, ниҳоят Меҳри мунир дубора таваллуд мешавад ва оламро гарму равшану мунаввар месозад! Шеъри имрӯзи мо низ дар ҳавову муҳити ялдоӣ, чунин обу ранг дорад;

Ман дигар ҳолу ҳавои барфу бороне надорам,

Рӯзи васли ёр наздик асту ман ҷоне надорам!

Зери барфу ях ҷаҳони ҷовидонам хуфтааст,

Ман ба такрори баҳори умр, имоне надорам!

Дар шаби ялдо, ки ҷои тавлиди хуршедҳост,

Қудрати эҳёи як шамъи фурӯзоне надорам!

Сӯхтам, аз тиннатам хокистаре боқӣ намонд,

Ман, ки имкони ҳузур дар хокбороне надорам!

Хӯшачини хирмани хони ҳарифон нестам,

Гарчӣ андар суфраи худ пораи ноне надорам!

Баски дунёро макони нобакорон ёфтам,

Гаштаам танҳои танҳо, ҷамъи ёроне надорам!

Бишкуфад ар ғунчае аз шохаи пажмурдаам,

Ман дигар аз навбаҳори бахт армоне надорам!

Муҳтавои маърази ҳар дида садҳо манзар аст,

Чорсӯ, ҷуз манзари девори зиндоне надорам!

Рӯзгоре шуд, ки дигар офтобӣ нестам,

Зиндабаргӯрист дарди банда, дармоне надорам!

Ҳамзабонам ҷумла моронанд, гӯйи дар ҷаҳон,

Арзи матлаб чун кунам, фарди забондоне надорам!

Кори ман аз номуродӣ бар худогоҳӣ расид,

Дар ҷавонӣ гарди хокам, шакли инсоне надорам!

Чун тавонам орзуи суфраи рангин кунам,

Гар дар ин дунё макону хонаву хоне надорам!?

То саҳар аҳли тараддуд даври хони неъматанд,

Ман, ки дар ялдои имшаб суфраву хоне надорам!

Маснадамро халқи ин олам, яқин нашнохтанд,

Чун Худо танҳотаринам, аҳли имоне надорам!

 

Абдураззоқ Саид