Машҳад ҳамвора пазирои адабдӯстон аст

Shared to Facebook

Ба номи худованди ҷону хирад,

К – аз ин бартар андеша барнагзарад.

Худованди ному худованди ҷой,

Худованди рӯзидиҳу раҳнамой!

Иртиботи фарҳангӣ ва иҷтимойии мардуми Эрон ва Тоҷикистон решаи таърихӣ дошта ва муштаракоти мухталифе, аз ҷумла дини воҳид, ташобуҳи суннатҳо, оинҳо ва ҳатто боварҳои фарҳангӣ – иҷтимоӣ ва аз ҳама муҳимтар, забони муштарак, шароити беназиреро тавсияи беш аз пеши муносибот эҷод кардааст.

Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, Абуабдулло Рӯдакӣ, Абулсаид Абулхайр ва теъдоди зиёди дигари адибон, шоирон ва донишмандон, машоҳири бузурги муштараке ҳастанд, ки миллати Эрон ва Тоҷикистон ҳуввияти фарҳанги худро мадюни онон медонанд.

Наврӯз ва одобу русуми мазҳабии дини ислом ҳам аз муштаракоти ду миллати Эрон ва Тоҷикистон ҳастанд, ки заминасози пайванди ҳамин миллатҳо будааст.

Машҳад, ки бо вуҷуди ҳарами муттаҳари Имом Ризо (а) муқаддас ва муфтахар аст, ба унвони пойтахти маънавии Ирони исломӣ ва калоншаҳри баракат ва каромат, бо таваҷҷуҳ ба вуҷуди оромгоҳи Фирдавсӣ, ҳамвора пазирои адабдӯстони кишварҳои Осиёи Миёна, ба хусус Тоҷикистон будааст.

Иртиботи миёни Машҳад ва шаҳрҳои Тоҷикистон на танҳо заминасози табодулоти фарҳангӣ аст, балки дар ҳавзаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ низ фазои табодилу таомулро фароҳам намудааст

Фарҳанги Эрони исломӣ ҳамвора дар миёни мардуми Тоҷикистон қобили қабул буда ва бетардид, ин фарҳанги асил заминасози густариши иртибототи бештари ин ду миллатро дар ин кишвар аст.

Машҳади муқаддас ба унвони хостгоҳи адаб ва ҳунар, дар назди мардум ҷойгоҳи вижае дошта ва бо таваҷҷуҳ ба ин нуктаи муҳиме, ки “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар раъси фарҳанги мардуми Тоҷикистон қарор дорад, бистари иртибототи фарҳангиву адабӣ низ дар ин миён фароҳам омадааст.

Илова бар ин, театр низ ба унвони яке аз риштаҳои ҳӯнарӣ, фазои иртиботи байни гурӯҳҳои ҳӯнарии Машҳаду Тоҷикистонро фароҳам оварда ва таъсири мусбате дар интиқоли фарҳангҳо дошта аст ва дорад.

Ба унвони шаҳрдори Машҳад, аз гурӯҳҳои мухталифи фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва фаъолони иқтисодӣ даъват мекунам, бо таваҷҷуҳ аз заминаҳои муттаадади иртибототи ду миллат ва зарфиятҳои калоншаҳри баракату каромат, бо ҳузурашон дар ин шаҳр, бистари иртиқои сатҳи фаъолиятҳову муносибатҳоро фароҳам оваранд!

Зи яздону аз мо ба он кас дуруд,

Ки тораш хирад бошаду дод пуд.

Наёрад шикастан дар ин аҳди ман,

Накӯшад, ки ҳанзал кунад шаҳди ман.

Биё, то ҳама даст ба некӣ барем,

Ҷаҳонро саросар ба бад наспарем!

 

Сайид Абдуллоҳ Ирҷоӣ

шаҳрдори Машҳад