Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон: то ҳол чунин набуд

Shared to Facebook

Ҳамкориҳои фарҳангиву адабӣ аз ҷумлаи муҳимтарин бахши муносибатҳои гуногунҷанбаву васеъмиқёси Тоҷикистон ва Қазоқистон маҳсуб мегардад. На танҳо дар сатҳи расмиву давлатӣ, балки байни мардумони ҳарду кишвар робитаҳои ногустание дар ин росто мавҷуданд, ки аз қаъри таърих манша мегиранд. Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон ва Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Чимкент далеле бар ин аст.

Тавре хабар дорем, ин чорабиниҳои муҳими давлатӣ имрӯзҳо дар Қазоқистон идома доранд ва бо сатҳи баргузорӣ ва ҷолибияти худ аллакай ҳазорҳо сокинони ҳарду кишварро ба ваҷд овардаанд. Баҳои баланди президентҳои Тоҷикистону Қазоқистон — Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев аз намоишгоҳи мазкур ва ҳунари волои ҳунармандон баёнгари он аст, ки ҳарду кишвар дар сатҳи баланди давлатӣ ба ин бахши зиндагии мардумони худ таваҷҷуҳи махсус доранд.

Ҳарду ҷониб эътироф карданд, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар шаҳрҳои калони Қазоқистон — Остона, Алмаато ва Чимкент аввалин иқдоми густурдаи фарҳангию башардӯстона дар ин сатҳ дар солҳои истиқлолияти давлатии кишварҳо мебошад, ки бо ташаббусу дастгирии бевоситаи роҳбарони ду кишвари бо ҳам дӯст баргузор мегардад. Дарвоқеъ, шояд то ҳол ба ин сатҳ баргузор кардани чунин чорабиниро дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ касе ёд надорад. Масалан, барномаи бошукуҳу рангини устодони санъат ва ҳунармандони тоҷик, ки дар маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон пешкаш карда шуд, хеле хотирнишин ва таҷассумгари дӯстии халқҳои ду кишвар буд.

Ҳолдонҳо мегӯянд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистонро дар кишварҳои дигар зери таваҷҷуҳи махсус қарор дода, ҳамеша таъкид мекунанд, ки дар чунин чорабиниҳо фарҳангу адабиёт, таърих ва санъату мусиқии ноби тоҷикӣ дар сатҳи баланд муаррифӣ шавад. Зеро Рӯзҳои фарҳангӣ на танҳо барои он баргузор карда мешаванд, ки муҳимтарин ҷузъҳои зиндагии инсонҳо ба мардумони дигар муаррифӣ гарданд, балки ҳамзамон як бахши муҳими давлату давлатдорӣ буда, барои даҳсолаҳои баъдӣ маҳфуз мемонад.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон фарогири барномаи васеъи фарҳангиву ҳунарӣ буд. Дар доираи ин Рӯзҳо дар шаҳрҳои бузурги Қазоқистон, ки воқеан, барои мардуми Тоҷикистон бегона ё дур нестанд, барномаҳои консертӣ, намоишгоҳи ҳунармандон, намоиши аксу мусаввараҳо, либосҳои миллии тоҷикӣ ва филмҳои бадеию таърихӣ баргузор гардиданд.

Ҳамчунин, дар доираи Рӯзҳои фарҳанг дар шаҳрҳои Остона ва Алмаато мизҳои мудаввар ва мулоқотҳои намояндагони зиёиёни илмӣ ва эҷодии ду кишвар баргузор мешаванд. Ба ғайр аз ин, дидору мулоқотҳои китобдорону оҳангсозон дар назар аст…

Бо итминон метавон гуфт, ки Рӯзҳои фарҳанг ва чорабиниҳои фарҳангии дар доираи он баргузоргардида ба ғанӣ гардидани маънавиёти ду халқ ва густариши робитаҳои анъанавии дӯстонаи байни мардумони бародари тоҷику қазоқ мусоидат мекунанд. Ва, дарвоқеъ, ҳадафи аслии сарони ҳарду кишвар аз баргузории ин чорабиниҳо маҳз ҳамин аст, ки дӯстиву равобити анъанавӣ ва таърихии мардумони ҳарду кишвар боз ҳам мустаҳкам ва ногусастанӣ шавад.

Зимнан, Қазоқистон ва Тоҷикистон дар муносибатҳои гуногунҷанбаи худ, ки аз анъанаҳои деринаи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва дастгирии ҳамдигар асос ёфтаанд, ҳамеша эҳтирому эътимодро дар ҷойи аввал гузоштаанд. Ҳамин аст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон то ба сатҳи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ боло рафта, мавқеъю ҷойгоҳи ин кишварҳоро афзудааст.

Ташкил ва баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон танҳо аз барномаҳои консертӣ, намоишгоҳи ҳунармандон, намоиши аксу мусаввараҳо, либосҳои миллии тоҷикӣ ва филмҳои бадеию таърихӣ иборат набуданд. Дар доираи ин Рӯзҳо дар шаҳри Остона маросими тантанавии ифтитоҳи нимпайкараи олим, файласуф ва мутафаккири тоҷик Абӯалӣ ибни Сино баргузор гардид.

Аз ин қабл, моҳи сентябри 2021, дар Остона (он вақт Нур-Султон) нимпайкараи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ифтитоҳ шуда буд. Ҳамчунин, ба хотири гиромидошти номи фарзанди барӯманди халқи тоҷик ба яке аз кӯчаҳои васею зебоманзари пойтахти Қазоқистон номи поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро — Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гузошта шуд.

Ин ҳама аз эҳтиром ва таваҷҷуҳи баланди давлатмардони Қазоқистон ба фарҳангу тамаддун ва ҷойгоҳи миллати тоҷик дар таърихи башарӣ далолат мекунад.

Таври маълум, Тоҷикистону Қазоқистон дар дигар арсаҳо низ, аз ҷумла, дар равобити иқтисодӣ ба сатҳи баланди ҳамкорӣ расидаанд ва ин раванд босуръат идома дорад. Аз ҷумла, чанде пеш дар Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон дар шаҳри Остона баргузор гардид, наздик ба 40 санади ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 2,6 млрд. доллар дар самти бунёди корхонаҳои муштарак, кооператсияи истеҳсолӣ ва соҳаҳои хизматрасонӣ байни доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар ба имзо расонида шуд. Мақомоти қазоқ эътироф карданд, ки дар вақтҳои охир ин яке аз форумҳои тиҷоратии пурсамартарин буд.

Ба ғайр аз ин, ҳоло Қазоқистон дар низоми умумии робитаҳои иқтисодии хориҷии Тоҷикистон мақоми пешсафро дорост. Тавре дар мулоқоти роҳбарони давлатҳо зикр гардид, ҷонибҳо қодиранд, ки нишондиҳандаҳои солонаи тиҷоратии дуҷонибаро дар ояндаи наздик то ба 2 миллиард доллар расонанд.

Ҳамчунин, Қазоқистон эълон кард, ки омода аст, барои омӯзонидани мутахассисони соҳаи ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон мусоидат намояд. Зеро он кишвар дар ин самт таҷрибаи ғанӣ дошта, ҳоло дар миқёси ҷаҳон аз ҷиҳати хизматрасониҳое, ки тариқи онлайн анҷом дода мешаванд, ҷойи 8-ум, аз рӯйи татбиқи ҳукумати электронӣ мавқеи 10-ум ва аз лиҳози амнияти иттилоотӣ ҷойи 30-юмро ишғол менамояд. Ин ҳама аз сатҳи баланди тараққиёти технологияи рақамии ин кишвар гувоҳӣ медиҳад. Барои Тоҷикистон, ки инак як моҳ боз ҳама пардохтҳои ҳатмиро ғайринақдӣ кардаву ҳамзамон бо дарназардошти талаботи ҷомеа, ба раванди ҳукумати электронӣ таваҷҷуҳи рӯзафзун зоҳир менамояд, истифода аз таҷрибаи Қазоқистон хеле муҳим аст. Дарвоқеъ, дар ҷараёни сафари кории Президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон барои иҷрои ин ҳадаф ва истифодаи имконоти Қазоқистон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам шуд — байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Фазои умумие, ки аз ин ҳама чорабиниҳо бармеояд, ин аст, ки байни Тоҷикистон ва Қазоқистон барои боз ҳам мустаҳкам намудани равобит ҳама имконоту шароит мавҷуданд. Ин рӯйдодҳо аз он башорат медиҳанд, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон барои ҳамешагӣ иттифоқчӣ ва шарикони боэътимод боқӣ мемонанд ва омодаанд дар ҳама самтҳои рушд ҳамдигарро дастгирӣ кунанд. Ҳамкории муваффақ дар соҳаҳои гуногун имкон медиҳад, ки ҳар ду кишвар барои суботи доимӣ ва шукуфоии рӯз ба рӯз афзояндаи минтақа заминаҳои мустаҳкам гузоранд.

Довуд Исматӣ

ИмрӯзNews