Маросими гиромидошти 44-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломии Эрон бо ҳузури ҷамъи зиёде аз мақомоти баландпояи сиёсӣ, парлумонӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва расонаҳои Тоҷикистон баргузор шуд.
Маросими Рӯзи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва гиромидошти 44-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ бо ҳузури вазири энергетика ва захираҳои об, муовини Вазорати умури хориҷа ва мақомоти дигар вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои давлатӣ, намояндагони парлумон, русои аҳзоб, шахсиятҳои иҷтимоӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва расонаҳои Тоҷикистон ва ҳамчунин сафирон ва дипломатҳои муқими Тоҷикистон дар маҳалли Сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Дар ибтидои ин маросим суруди миллии Эрону Тоҷикистон навохта шуд ва сипас Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни хайрамақдам ба меҳмонон, дар мавриди инқилоби исломии Эрон ва дастовардҳои он дар заминаҳои мухталиф ва ҳамчунин равобити дуҷонибаи байни ду кишвари дӯсту бародари Эрону Тоҷикистон суханронӣ кард.
Сафири Эрон изҳор дошт: Чиҳилу чаҳор сол пеш дар чунин рӯзҳое яке аз мардумитарин инқилобҳои қарни бистум ба пирӯзӣ расид. Инқилобе, ки муваффақ шуд бо пуштибонӣ, нақш ва ҳузури мардум дар арсаи иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар ба раҳбарии Имом Хумайнӣ (ра), режими мустабид ва вобаста ба бегонагонро сарнагун ва низоми мубтанӣ бар мардумсолори диниро барои ҷомеаи Эрон ба армуғон овард. Беш аз чаҳор даҳа аст, ки эрониён аз тариқи созукорҳои демократӣ дар таъйини сарнавишти сиёсӣ-иҷтимоии худ нақши асосӣ доранд.
Ба гуфтаи вай, кишвари Эрон соҳиби яке аз куҳантарин тамаддунҳои башарӣ дар тӯли таърих мебошад. Мардум ва давлати Эрон дар беш аз чаҳор даҳаи гузашта, бо вуҷуди тавтеаҳо ва мавонеи эҷодшудаву ҷанги таҳмилӣ ва таҳриму терроризми иқтисодӣ аз сӯи душманон дастовардҳои фаровони илмӣ, иқтисодӣ ва фановариро ба даст овардааст, ки дар арсаи худкифоӣ ва аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ, тавлидоти санъатӣ, нанотехнология, энержии сулҳомези ҳастаӣ ва ғайра зоҳир шуда ва омору арқоми муассисоти мӯътабари байналмилалӣ ҳикоят аз пешрафту рушди ҳамаҷонибаи Эрон, ба хусус дар арсаи илмӣ ва фановарӣ дорад.
Сафири Эрон ёдовар шуд: Ҷавонони эронӣ тавонистаанд бо вуҷуд 4 даҳа таҳрими золимона, таҳдидро ба фурсат табдил кунанд, то Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бисёре аз арсаҳои илму фановарӣ дар рутбаҳои нахусти ҷаҳонӣ қарор гирад.
Дастовардҳои илмии Эрон
Собирӣ дар бахши дигаре аз суханони худ бо ишора ба дастовардҳои илмии Эрон гуфт: ду даҳа аст, ки ҷаҳиши илмӣ дар кишвари Эрон оғоз шуда ва ёздаҳ баробари шитоби рушди мутавасситаи илм дар ҷаҳон ба пеш рафтааст. Дастовардҳои дониш ва фановарии мо дар ин муддат кишвармонро ба рутбаи шонздаҳум дар миёни беш аз 200 кишвари ҷаҳон расонд ва боиси тааҷҷуби нозирони ҷаҳонӣ шуд ва дар бархе аз риштаҳои ҳассос дар ҳоли ҳозир ба рутбаҳои нахустин иртиқоъ дод, ҳама ва ҳама дар ҳоле иттифоқ афтода, ки бо вуҷуди коршиканиҳо ва таҳримҳои золимона ва ғайриқонунӣ ба рекордҳои бузург даст ёфтаем, аз ҷумла дар зинаи чаҳоруми ҷаҳон дар илми техникаи роботӣ истода ва дар санъати фӯлод ба зинаи даҳуми ҷаҳон расидаем.
Албатта, бояд ёдоварӣ кард, ки дар саноат низ Эрон ҷузви андак кишварҳое аст, ки тавони тавлиди конструксияҳои бузурги баҳриро ба даст оварда ва дар саноати баҳрӣ низ ба рутбаи сездаҳуми ҷаҳон расидаем ва ин дар ҳолест, ки бо шитоби 11 баробарӣ рутбаи дувуми рушди илм дар дунё ва рутбаи нахустини шитоби илмии ҷаҳонро касб кардаем.
Ҷумҳурии Исломии Эрон тавонистааст рутбаи ҳафтуми ҷаҳон дар тавлиди нону дору ва рутбаи чаҳоруми дунё дар илми навини наноро касб намояд. Ҳамчунин, унвони дувумин кишвари тавлидкунандаи доруҳои навтаркиби гемофилӣ мақоми 7 ва 8 дар дунёро ба худ ихтисос дода ва тавонистем дар ҷамъи 5 кишвари созандаи лазерҳои пуртавон дар ҷаҳон биистем. Дар ин миён рутбаи чаҳоруми дунё дар тавлиди улуми дармони ноборварӣ ва рутбаи понздаҳуми ҷаҳон дар чашмпизишкӣ ба Эрон расидааст. Бо ин тавонмандиҳо ҷузви 10 кишвари бартари дунё дар ҷарроҳиҳои қалб ва даричаи қалб ҳастем.
Нақши барҷастаи занони Эрон дар арсаҳои илмӣ ва омӯзишӣ
Дар ҳоли ҳозир занони эронӣ дар арсаҳои мухталифи сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, варзишӣ, ҳунарӣ ва ғайра ба таври фаъолона ва озодона ба нақшофаринӣ мепардозанд. 55 дарсади донишҷӯён, 40 дарсади пизишкон ва 33 дарсади аъзои ҳайати илмии донишгоҳҳои Эрон (тадриси 21 ҳазор узви ҳайати илмии зан дар донишгоҳҳо)-ро дар ҳоли ҳозир занон ташкил медиҳанд.
Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз пахши пандемияи коронавирус дар ҷаҳон дар муддати кутоҳе муваффақ гардид, ки ба технологияи доруҳои беморони каронавирусӣ даст пайдо кунад ва бо такя ба тавонмандии донишмандони ҷавон, таҷҳизоти ҳифозатии бемористонӣ ва кумаки нафаскашии беморонро сохта ва ҷузви 10 кишвари созандаи дунё дар сохти ваксинаи каронавирус шуда, пандемияи каронавирусро бо ваксинакунии густурдаи миллӣ безарар намуд. Аз ин манзар бояд хотирнишон кард, ки Эрон дорои рутбаи ҳафтуми дорусозӣ дар ҷаҳон аст.
Солҳои зиёде аст, ки нақш ва ҷойгоҳи фавқулодаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷаҳон ба унвони муассиртарин кишвар дар хатти аввали мубориза бо маводи мухаддир мавриди тасдиқ ва эътирофи ҷомеаи байналмилалӣ қарор мегирад. Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони наздиктарин масири транзити маводи мухаддир то Аврупо, ки бозори аслӣ ва мақсади ниҳоии қочоқчиён аст, бо тақдими беш аз 3800 шаҳид ва 12 ҳазор маъюби ҷанг ва таҳмили хароҷоти як миллиард долларӣ дар ҳар сол барои баста нигаҳдории марзҳо дар шарқ ва ғарби кишвар, ки бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз қочоқи мавод ба кишвар ва убури он ба соири кишварҳо анҷом мешавад, тавонистааст беш аз 12 ҳазор тон навъҳои маводи мухаддирро тайи се даҳаи ахир кашф намояд.
Кишвари Эрон аз зарфиятҳои бисёр болое барои рушд ва густариши сайёҳӣ бархӯрдор аст. Бар асоси гузориши Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, Эрон ҷузви даҳ кишвари аввали ҷозибаҳои бостонӣ ва таърихӣ мебошад ва рутбаи панҷуми ҷозибаҳои табииро низ дар ҷаҳон доро аст.
Мероси тамаддунӣ, фарҳанги пуровозаи куҳандиёри Эрон ва ҷозибаҳои камназири сайёҳии Эронзамин, ҳамвора забонзади эроншиносон ва маркази таваҷҷуҳи миллатҳои фарҳехтаи дунё ва макони ҷолиб барои сайёҳони алоқаманд аз саросари гетӣ будааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар арсаи фанноварии фавқи пешрафтаи кайҳонӣ бо партоби муваффақи моҳвораи “Симурғ”-и эронӣ ба кайҳон, Эрон ба мақоми ҳаштуми беҳтарин кишвари ҷаҳон дар ин замина расидааст. Албатта, бояд дар хотир дошт, ки муҳимтарин пешравии мамлакат, ки амнияти минтақаи Шарқи наздикро ба вуҷуд овард, пешрафти ҳарбӣ мебошад ва бояд гуфт, ки мо дар бисёри соҳаҳо ба худтаъминкунӣ расидаем.
Ҳадафи сиёсати хориҷии Эрон таъмини сулҳу субот аст
Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи усул ва арзишҳои Инқилоби исломӣ пайваста дар арсаи байналмилалӣ мунодӣ ва мудофеи сулҳ ва адолат, ақлоният, истиқлол ва ради ҳар гуна табъиз, таҷовуз, мудохила ва султаи хориҷӣ будааст.
Пуштибони ҳақиқии сиёсати хориҷии низоми Ҷумҳури Исломӣ, мардуми сарафрози Эрон ҳастанд; эрониён ифтихор мекунанд, ки дар 44 соли гузашта, он ҷое, ки пойи гуфтугӯ мубтанӣ бар эҳтироми мутақобил ва тавофуқи шарофатмдона дар миён бошад, ҳамвора ба паймонҳо эҳтиром гузошта ва ба ҳама илзомоти он комилан уҳдадор аст ва он ҷо, ки бо фишори золимонаи ҳаддиаксарӣ рӯ ба рӯ шаванд, бо муқовимати ҳаддиаксарӣ ва қаҳрамонона шикасти бесобиқаро бар бониёни (ҳомиёни) терроризми иқтисодӣ ворид мекунанд ва он ҷо, ки мавриди зӯргӯӣ ва таҷовуз қарор гиранд, бо шуҷоат ва қотеъияти беназир, виқори душманро дарҳам кӯбида ва ба таҷовузгарон дарси фаромӯшнашуданӣ медиҳанд.
Ҷумҳурии Исломии Эрон нақши беҳамтое дар таъмини субот ва амнияти минтақа ва ҷаҳон бо ҷонфишононии қаҳрамонона дар сафи муқаддами мубориза бо падидаҳои шуми терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир ва пардохти баҳои сангини маънавӣ ва модӣ доштааст. Ёду хотираи қаҳрамони миллӣ ва фаромиллии мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ — шаҳид генерал Қосим Сулаймонӣ ва ҳама шаҳидоне, ки ҷони худро дар ин роҳ фидои таъмини сулҳ ва амният дар минтақа ва ҷаҳон барои зиндагии ҳамроҳ бо оромиш ва осоиши мардуме, ки ҳатто онҳоро намешиносанд, карданд, гиромӣ медорем.
Дар ҳоле, ки кишварҳои муддаии ҳуқуқи башар талош мекунанд, то ба ҳар тариқи мумкин аз пазириши паноҳндаи ҷадид дар кишвари худ худдорӣ кунанд, бар асоси эъломи комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар тӯли якуним соли ахир, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳудуди як миллион нафар паноҳҷӯи ҷадид пазириш кардааст. Лозим ба зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 6 миллион нафар паноҳҷӯ аз дигар кишварҳо меҳмони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастанд.
Ҳукумати ҷаноби оқои Раисӣ, бо иттихози барномаҳои таҳаввулгаро ва сиёсати хориҷии мутавозин, дипломатияи фаъол ва таомули ҳушманд, авлавияти худро бар густариши муносиботи хориҷӣ бо минтақаи Осиё, кишварҳои дӯст ва мутаомил (муомилакунанда), хусусан ҳамсоягон қарор додааст. Дар айни ҳол Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон тасмим гирифтааст равобити мутавозин ва хуби худро бо кишварҳои дигар манотиқ, аз ҷумла Африқо, Америкаи лотинӣ ва Аврупо густариш диҳад.
Равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бунёдшуда бар пайвандҳои куҳан ва гусастнопазири фарҳангӣ, тамаддунӣ, забонӣ, таърихӣ ва динӣ аст, чунонки дар паёми табрикии чанд рӯз қабли ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон — Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони ҷаноби оқои доктор Сайидиброҳим Раисӣ-Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам омадааст, аҳамияти зиёде барои ҳар ду кишвар дошта ва уфуқи равшане дорад.
Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷойгоҳи болое бархурдор аст. Мақоми муаззами раҳбарии исломии Эрон аз равобити ду кишвар ба “равобити хешовандӣ” ёд намудаанд ва ба далели аҳамияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби оқои доктор Раисӣ — Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, ин кишварро ба унвони мақсади аввалини сафари хориҷии худ интихоб кард. Ҳамчунин, ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон — Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъбири “гӯшту нохун” барои тавсифи пайвандҳои Эрон ва Тоҷикистон истифода кардаанд.
Сафарҳои расмии сарон ва дигар мақомоти баландпояи ду кишвар аз соли 1992 то кунун, гувоҳи эҳтимоми ҷиддии тарафайн барои тақвияти равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталиф будааст. Ин дидорҳо уфуқҳои васееро барои равобити беҳтари байни ду кишвари бародар гушӯдааст. Аз замони барқарории равобити сиёсии ду кишвар то кунун президентҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон 13 бор аз Тоҷикистон дидор кардаанд ва мутақобилан Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 бор ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намудаанд.
Сафари таърихии ҷаноби оқои доктор Раисӣ — Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2021 мелодӣ, ки бо истиқболи гарми мақомоти муҳтарами Давлати Тоҷикистон рӯбарӯ шуд, гардиши куллӣ ва оғози фасли навине дар ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Теҳрон ва Душанбе буд.
Дар посух ба сафари Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон — Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2022 ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафари таърихии ба ёд монданӣ анҷом доданд. Дар ин сафар дидорҳо ва гуфтугӯҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти олирутбаи кишваронамон ва ба таври хос мулоқоти эшон бо мақоми муаззами раҳбарӣ, ки дар фазои комилан отифӣ ва оканда аз самимият, дӯстӣ ва бародарӣ баргузор шуд, муҳри тасдиқ бар гушӯда шудани сафҳаи ҷадид дар равобити ду кишвар дар як соли гузашта буд. Ҳамчунин дар ҷараёни ин ду сафар 25 санади ҳамкорӣ байни мақомоти ду кишвар ба имзо расид, ки аз ҷумла онҳо “барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ” буд.
Шоёни зикр аст, ки тайи як соли ахир ҳудуди 40 ҳайати олирутба дар ҳавзаҳои мухталифи равобити байни ду кишвар табодул шудааст.
Нақши Эрон дар рушди Тоҷикистон
Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони яке аз нахустин шарикони Тоҷикистон, ки саҳми пешгомонае дар кумак ба тақвияти зерсохтҳо ва тавсеа ва шукуфоии ин кишвари зебо доштааст, аз пешрафтҳои рӯзафзуни Тоҷикистони азиз дар сояи тадбиру иродаи мақомоти олирутбаи ин кишвар хурсанд буда ва муфтахар аст, ки дар идомаи иқдомоти зербиноии ширкатҳои эронӣ ҳамчунон дар тарҳҳои стратегии Тоҷикистон ва минтақа мушорикати фаъол доранд.
Дар муддати 31 сол ҳудуди 200 санади муҳими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст, ки чашмандози равобити ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро таъриф ва нақши таъйинкунандае дар эҷоди чорчӯби қонунӣ ҷиҳати тавсеаи бештари равобити дуҷониба доранд.
Нақши комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, бозаргонӣ, техникӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар он заминаҳои аслии ҳамкории байни вазоратхонаҳову созмонҳо ва ширкатҳои ду кишвар мушаххас шудаанд, дар тавсеа равобити дуҷониба, махсусан ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ аз аҳамияти болое бархӯрдор аст ва то кунун 15 нишасти ин комиссия дар шаҳрҳои Теҳрон ва Душанбе баргузор шудааст, ки охирини он дар декабри соли 2022 дар шаҳри Теҳрон баргузор шуд.
Дар соли 2022 шоҳиди рушди 3 баробарии ҳаҷми табодулоти иқтисодии байни ду кишвар нисбат ба соли пеш аз он будем ва имсол низ бо иноят ба иродаи мақомоти олирутбаи ду кишвар ва чораҳои андешидашуда шоҳиди рушди чашмгире дар муносиботи иқтисодии байни ду кишвар хоҳем буд. Дар ростои осонсозии сафари шаҳрвандон ва сайёҳони ду кишвар, тайи се соли ахир се хатти парвози мустақими ҳафтагӣ байни Эрон ва Тоҷикистон барқарор шудааст.
Мехоҳам бо ифтихор баён кунам, ки дар тӯли як соли гузашта равобити фарҳангии ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иртиқои чашмгире ёфт. Дар моҳи октябри соли 2022 ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, шаҳрҳои Теҳрон, Табрез ва Шероз баргузор шуд ва дар моҳи ноябр низ шоҳиди баргузории ҳафтаи фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб будем.
Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯби созмонҳои минтақавӣ, монанди Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ва Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкории хубе доранд ва аз мавқеи якдигар дар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ пуштибонӣ мекунанд.
Итминони комил дорем, ки дар партави иродаи мақомоти олии ду кишвар ва бо баҳрагирӣ аз муштаракоти фаровон ва зарфиятҳои мукаммал, Эрон ва Тоҷикистон бо лутфи Худованди мутаол шоҳиди тақвияти ҳамкориҳо ва густариши рӯзафзуни равобити ду кишвари ҳамдин, ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳем буд.
Ба унвони намояндаи миллати бузурги Эрон ва Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон эълон менамоям, ки Ҷумҳурии Исломӣ барои тавсеаи равобит ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ маҳдудияте надорад.
Дар поён, дубора аз ташриффармоии шумо меҳмонони азиз ба ин маросим сипосгузорӣ менамоям. Ҳамвора саломату пирӯз бошед.