“Кӣ Суқротро заҳролуд кард, Жанна д-Аркро кӣ сӯзонд, Масеҳро кӣ чормех (маслуб) кард, Муҳаммадро кӣ дар ҷасади шутур дафн кард? Издиҳом. Пас, издиҳом ақл надорад. Муваффақ шавед, ки издиҳомро ба роҳи ҳақиқату тараққиёт ҳидоят кунед”.
(Абай Қунанбоев, алломаи туркнажодҳо, қарни 20)
1. Заминаҳои туфони будуни самт
Бунёдгузорони таълимоти марксизм-ленинизм собит намуданд, ки танҳо инқилоб сарфи назар аз шакл ва таҳияи он тафаккур, сохт ва равони ҷомеаро тағйир дода метавонад. Ва ҳар як инқилоб — хоҳ мусалллаҳона бошад, хоҳ осоишта ва ё ранга, ба наслҳои баъди ҳатто пас аз садсолаҳо анъанаву вазифаи умдаро мерос мемонад. Масалан, Инқилоби Коммунаи Париж бо шиори “Озодӣ”, “Баробарӣ” ба наслҳо танҳо озодӣ доду аз баробарӣ фаромӯш кард. Инқилоби Октябр баробариро таъмин карду аз озодӣ фаромуш кард. Исён дар моҳи январи соли гузашта дар Қзоқоситон низ чанд сабақи муҳимро аз худ мерос хоҳад гузошт, ки наомӯхтани онҳо монеъи роҳи рушд мешавад.
“Миллати ношукр ва носипос ҳамонест, ки сабақҳои талотуми ҷомеа ва инқилоби таърихи худро наомӯхта бошад” (Ю. Плеханов. Нома ба Париж). Сабаби асосии тақдири талх ва қисмати шӯри миллатҳои курд, фаластин, лулиҳо, ки аз давлат ва ҳудуд бенасибанд, беъэтиноӣ ба таърих буд. Онҳо аз ҳаводису таърихи миллат сабақ нагирифтанд. Шоири тавонои қазоқ, яке аз поягузорони васли тамаддуни АвруОсиё Олҷас Сулаймонов дар яке аз мусоҳибаҳояш барҳақ таъкид кардааст, ки “миллат ва давлати қазоқ танҳо аз нигоҳи ҷуғрофӣ ба ду қитъа ҷудо нашудааст. Ин миллат аз нигоҳи тафаккур ва хирад низ ба ду самт ҷудо шуда, аз ду қитъа сабақ гирифтааст”.
Вале як сол аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз исён ё кушиши инқилоб дар Қазоқистон ҳоло ҳам дар ҳолати “маҳбут”-и сиёсӣ аст. Ягон сиёсатмадори дунё гумон надошт, ки миллати таҳаммулпазир ва серу тавоно ошӯб кунад. Инқилоби январии кишвари абарқударати АвруОсиё — Қазоқистон дар 20 соли ахири ин кишвар мудҳиштарин ҳаводиси ҷомеа гардид. Миллати қазоқ бояд онро чун алифбои зиндагӣ омӯхта, аз иштибоҳот дур гардад. Ин талаб ва тақозои Сарвари Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев мебошад.
Ба хотири омӯзиши сабақҳои талхи ошӯби январии соли гузашта Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон бо ҳамдастии сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ саёҳати омӯзишӣ ва айёнӣ ташкил намуд. Аз Тоҷикистон ман даъват шудам.
Он чиро, ки аз 29 январ то 5 фаврал, пас аз як соли ошӯб дар Қазоқистон дидему омӯхтем, ҳар як инсонро ба ҳайрат оварда, аз ҷасорати таърихӣ, ислоҳоти кулли сиёсӣ ва ҷаҳиши муъҷизавии иқтисодии Қазоқистон дарак медиҳад…
Бо туфайли лоиҳаҳои мухталиф беш аз бист сол боз бо Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон ҳамкорӣ дорем. Дарвоқеъ, намояндагии дипломатии Қазоқистон дар Тоҷикистон барои рушди дӯстию ҳамкории ду кишвар сирф лоиҳаҳои муфиди ояндадорро дастгирӣ намуда, аз тарғибу намоишкории бо истилоҳ “маъркаи соддаи интилоотӣ” худдорӣ менамояд.
Дар олами ВАО одат шудааст, ки маълумоту иттилоотро тавассути сомонаҳо ва варақаҳои иттилоотӣ тақсим мекунанд. Аммо Сафорати Қазоқистон амалан намояндагони ВАО-ро ба сайру тамошои Қазоқистон даъват намуда, қазовату арзёбиро ба хираду тафаккури онҳо ҳавола мекунад. Ва боре ҳам ба таассуроти журналистон аз натиҷаи сафар кадом як фишор ё талаботу шартгузорӣ надорад.
Дар доираи чунин лоиҳаҳои омӯзишии амалӣ борҳо ба Қазоқистон сафар намуда, дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии он кишварро бо чашми худ дидаам.
Қазоқистон ягона собиқ ҷумҳурии Шӯравӣ аст, ки дар 70 соли “оилаи ягона” худиктифо ва сарватманд маҳсуб мешуд. Тавоноии ҳастаӣ, боигарии маъдану оҳан, аз ҷумла урани Иттиҳоди Шӯравӣ, моли Қазоқистон буд. То 87 дарсад дастоварди кайҳонии Шӯравиро Қазоқистон тавассути маҷмаи Семипалатинск, Байконур, Қарағанда таъмин мекард. Мутаассфиона, мо — наслҳои он солҳо, гумон доштем, ки дар биёбонҳои Қазоқистон бидуни шутур ва саксавул дигар чизе мавҷуд нест. Аммо дар ин биёбонҳо 98 фоиз дастоварди кайҳонӣ ва технологияи вазнини ядроӣ озмоиш ёфта, шуҳрати абарқудратии Шӯравиро ҳифз мекард.
Истиқлолияти давлатиро низ аз Шӯравӣ аз ҳама охир, 16 декабр, пас аз андешаи амиқ ва мушоҳидаи муҳити давр эълон кард. Бо ибораи шоир ва олими маъруф, профессор Сафар Абдуллоҳ, қазоқҳо “парад”-и мустақилшавии 14 ҷумҳуриро тамошо карда, пас аз омӯзиши паҳлуҳои мусбату манфӣ Истиқолияти худро эълон намуданд.
Дар муддати кутоҳ Қазоқистон ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳайрат овард. Дар сӣ соли мустақлият Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Қазоқистон 17 маротиба — аз 11,4 миллиард доллари соли 1993 то 190 миллиард доллар дар соли 2021 афзоиш ёфт. Муомилоти мол аз 1,5 миллиард доллари соли 1991 то ба 100 миллиард доллар расид. Захираи байналмилалии Қазоқистон аз 711 миллион доллари соли 1993 ба 90,9 миллиард доллар расид. Воридоти умумии сармоягузории мустақими хориҷӣ ба 400 миллиард доллар расид.
Аз рӯзҳои аввали Истиқлоият мардуми қазоқ, ки табитан таҳаммулпазир ва хислатан дур аз хушунату хунрезиянд, ба консепсяии назария ва амалияи қатли ом садо баланд карданд. Бо фармони нахустпрезиденти Қазоқистон озмоишгоҳи силоҳи ҳастаии Семипаластинск баста шуд…
Дар тӯли сӣ сол иқтидорҳои истеҳсолии кишвар ба абарқудратҳои технологӣ ва санотии ҷаҳон баробар гардид. Қазоқистон дар 7 навъ маҳсулоти стратегӣ ба ҷойи аввал баромад. Дар доираи ИДМ сатҳу сифати зиндагии мардуми Қазоқистон боло рафта, дар 12 намуди шкалаи некуаҳволии умр ба яке аз ҷойҳои аввал баромад.
Мавқеи сиёсии Қазоқистон дар созмонҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, ИДМ, АвруОсиё, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бархе дигар иттиҳодҳои ҷаҳониву минтақавӣ аз узви қаторӣ ба пешсафӣ табдилу эътироф шуд. Маҳз чунин рушд ва дастовард буд, ки солиёни зиёд неруҳои бадхоҳи дохилӣ ва хориҷӣ, рақибони иқтисодии Қазоқостонро сахт нороҳат мекард. Ин бадхоҳӣ дар соли 2019-2020 авҷ гирифт. Яъне, ҳадафи асосии нооромиҳои моҳи январи соли гузашта дар Қазоқистон аз роҳи рушди босуръат ва пешрафти ғайримуқаррарӣ афтондани ин кишвар буд.
Қазоқистон ҳанӯз соли 2004 ба доираи хушбинӣ ва таваҷҷӯҳи хосаи клуби абарқудратҳои ҷаҳон, ки оммиёна, вале хеле боғурур G7, G8, G20 ёд мешаванд, фаро гирифта шуда буд. Иттиҳоди Аврупо барои омӯзиши Русия ва Қазоқистон миллионҳо доллар сарф кард. Дар Аврупо иқдомҳои Қазоқистонро дар самти равобити судманди АвруОсиё, таҳкими ҳамкориҳои минтиқавӣ ва тақвияти иқдоми ҳудуди бидуни аслиҳа ва муҳимоти ядроӣ, рушди институтҳои демократӣ васеъ дастгирӣ намуданд. Аммо, аз ҷониби дигар, Иттиҳоди Аврупо ва, умуман Ғарб, барои робитаи қавӣ бо Русия ва мамолики туркнажод бо чашми тарсу назар мекард. Аз ин рӯ, дар аксари мавридҳо ба Қазоқистон чун пуштибони Русия эҳтиёткорона бархӯрд менамуд.
Қазоқостон дар доираи ИДМ низ муаллиф ё ташаббускори чанд иқдоми хеле муҳим барои рушди Иттиҳод аст. Аз ҷумла, ислоҳоти ИДМ, ба сатҳи афзалияток баровардани ҳамкориҳои иқтисодӣ, ғайрисиёсӣ гардондани иқтисоди АвруОсиё беҳтарин иқдомҳои даҳ соли охир дар ИДМ буданд.
Дар ибтидои соли 2020 вазъи ҷаҳон дар пасманзари пандемия ва буҳронҳои иқтисодӣ зеҳни ҷомеаро дар Қазоқистон тағйир дод. Ду омили асосӣ — вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва номутаносибии бозори сузишворӣ, ки Қазоқистон дар Осиёи Марказӣ мақоми аввал дошт, ба оташи инқилобӣ равған рехтанд.
Омили якум – вазъи иқтисодиву иҷтимоиро ба таври фишурда шарҳ додем. Қазоқистон дар Осиёи Марказӣ аз нигоҳи сатҳи некуаҳволӣ дар мақоми аввал меистод. Аммо ин дастовардҳо ба атроф ва қишри миёнаю поёнии ҷомеа дастрас набуданд. Фосилаи тафовути рушди деҳот ва шаҳр, байни қишри сарватманд, миёнаҳол ва камбизоат зиёд гардида буд. Бадтар аз ин, омма дар идоракунӣ ва рушди иқтисод хеле заъиф ва беҷуръат ширкат мекард. Мақомоти идоракунии маҳал аз имконоти иқтисодӣ ва баҳарбардорӣ аз он қафо монданд. Ин марҳила вазъи инқилобӣ ва дидгоҳи эътирозии мардумро шиддат бахшид.
2. Як қадам ба пеш, даҳ қадами Тоқаев ба ояндаи дур
“Ба назар чунин менамуд, ки ҳамаи захираҳо сафарбар шудаанд. Шиддати гуруҳҳо ва тимҳо ба дараҷаи олӣ расидааст, каме пештар, — фикр мекардам, ки ресмони камонҳои сахт кашидашуда дигар тоб наоварда, тир аз пайкон раҳо мешавад… Аммо не. Ва ман дар умри дарози худ ба ин на як бору ду бор боварӣ ҳосил кардаам: захираҳои неру ва рӯҳи одам адонашавандаанд”.
(Динмуҳаммад Қунаев, собиқ Узви Бюрои сиёсии ҲКИШ, сиёсатмадори маъруфи Қазоқистон)
Маъмурин ва созмондиҳандагони сайёҳати эҷодӣ хеле муассир фоҷиаҳои январии Қазоқистонро ба маърази умум гузоштанд. Дар ин намоиш сензура ва маҳдудият ва кушиши пинҳон кардани иттилоот набуд.
Дар мулоқот бо намояндагони Прокуратури гннералӣ қадам ба қадам рафти фоҷиаро шарҳ доданд. Воқеаҳои Қазоқистон собит намуданд, ки дар илми ҷомеашиносӣ ҳануз шаклу навъи инқилобу табаддулотҳои мухталиф хеле зиёданд. Коршиносон дар фоҷиаҳои Қазоқистон “имзо”-и инқилобҳои рангаи Гурҷистон, Украина, Миср ва Қирғизистонро кам мушоҳида карданд.
Дар як сол воқеаҳои Қазоқистонро коршиносон ва ҷомеашиносон чун инқилоб ё кушиши инқилоб тафсир мекарданд (инқилоб аз табадуллот тафовут дорад). Аммо сохторҳо ва мақомоти қудратии Қазоқистон комилан собит карданд, ки воқеаҳои хунини январи соли гузашта дар ин кишвар кушиши табаддулоти давлатӣ буд. Ва он аз рӯи лоиҳаи комил бо омодагиҳои пешакӣ ба нақша гирифта шуда буд.
Оре, ягон шакку шубҳа намонд. Бо номи иқилоб чун тақозои ҳуқуқи инсон бо роҳи зурӣ ва бо силоҳ табаддулоти давлатӣ дар амал тарҳрезӣ гардида буд.
Албатта, имрӯз ягон кас зарари Ҷанги якуми ҷаҳониро аз Шоҳзода Фердинанд тақозо намекунад. Зеро ин танҳо баҳона буд. Дар кӯшиши табаддулоти давлатии Қазоқистон низ моҷарои нархи сузишворӣ сирф баҳона буду халос. Маҳз Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон имрӯз кӯшиш мекунад, ки сабақҳо, иллатҳои аз шарора баровардани алангаи фоҷиа, хислату раванду равони табаддулотро ба омма дастрас намояд. Ба мақомоти қудратӣ, бахсусус Прократураи генералӣ муяссар гардид, ки қилро моҳирона аз хамир ҷудо кунад.
Прокурори генералии Қазоқистон Берик Асилов пас аз омӯзиши қариб се ҳазор парванда кӯшиши табаддулоти давлатӣ ва ғасби қудрат бо роҳи зурӣ ва силоҳро собит намуд. Дар ҷаласаи умумии Маҷлиси Қазоқистон Прокурори генералӣ гуфт, ки тафтишот лаҳзаҳои рӯйдодҳои январи соли 2022-ро пурра барқарор карда, созмондиҳандагони ошӯбҳоро муайян кардааст. Дар доираи тафтишот, ки тақрибан як сол давом кард, Прокурори генералӣ гуфт, то кунун созмондиҳандагони калидӣ, аз ҷумла афроди олами ҷиноятӣ ва мансабдорони баландпояи давлатӣ муайян шудаанд. Вай таъкид кард, ки наметавонад маълумоти иловагиро ифшо кунад, зеро парвандаи ҷиноятӣ алайҳи раҳбарони собиқи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон амнияти давлатиро таҳти хатар қарор медиҳанд. Шарҳи муфассали онҳо ҳанӯз барвақт аст. Ҳадафманду огоҳона таҳия кардани нақшаи табаддулоти давлатӣ бо роҳи дар саросари кишвар ба вуҷуд овардани бетартибиҳои ҷамъиятӣ дар сатҳи мақомоти бландпояи давлатӣ ҷараён гирифта буд. Ба ин амалиёт асосан олами ҷиноятӣ, унсурҳои иртиҷоӣ ва ифротии беруна, собиқ мансабдарони маҳкумгардида ва аксаран зархаридон ҷалб гардиданд.
Тафтиш нишон додааст, ки душманони миллат барои табаддулот маблағ, таҷҳизот ва тамоми воситаи кориро пешакӣ таъмин намудаанд.
Бояд тазакур дод, ки ин табадулот, аниқтараш фоҷиа, моҳирона дар атроф низ созмон дода шуда, асосан бахши аъзами ошӯбгарон ҷавонони то 35-сола ва афроди бегона ба он ҷалб шуданд:
“Дар маҷмуъ, 720 парвандаи ҷиноятӣ дар баррасии прокурорҳои махсус қарор дошт. 25 нафари мутааллиқ ба ҳаракатҳои мамнӯи ифротгароӣ ва 42 нафар аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ боздошт шуданд. Дар байни гумонбарон 8 нафар пайравони ҷараёнҳои динии террористӣ низ ҳастанд. 126 нафар қаблан барои куштор, дуздӣ, ғоратгарӣ маҳкум шудаанд”, — гуфт Асилов.
Ба гуфтаи ӯ, зиёда аз 2 ҳазор аслиҳа ҳануз дар дасти ҷинояткорон аст.
Дар идома Прокурори генералӣ гуфт, дар авҷи ҳодисаҳои январӣ тақрибан ҳамаи кормандони Раёсати КНБ-и вилоятҳои Алмаато ва Қизилӯрда биноҳои худро бо фармони раиси собиқи КНБ Карим Масимов тарк карданд. Тафтишот муайян намудааст, ки террористон дар шаҳрҳои Алмаато ва Талдиқӯрғон қариб 3 ҳазор воҳиди пулемёт, таппонча, милтиқи снайперӣ ва даҳҳо ҳазор дона тир тақсим карданд. Тибқи гузоришҳо, бетартибиҳо ва ошӯб аз ҷониби собиқ вазири дифоъ Мурад Бектанов ва сарвари Кумитаи амнияти миллӣ Карим Масимов роҳнамоӣ мешуданд.
Мутаассифона, дар бетартибиҳо ва ошӯбҳо 238 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 151 нафар дар шаҳри Алмаато ҳалок гардиданд.
Дар илми ҳуқуқшиносӣ ва мурофиавӣ ҷиноятҳои муташаккил ва бетартибиҳои оммавӣ кори як нафар буда наметавонад. Чунин воқеаҳо бори нахуст дар Қазоқистон рух доданд. Зина ба зина вазифаҳои пешакӣ муайяншуда, ҷой ва амали шахсони алоҳида маълум гардида буд. Айён шуд, ки сӯхторро кӣ гугирд мезанад, кӣ изи ҷиноятро пок мекунад ва кӣ онро вусаъат медиҳад.
Ҳодисаҳои январ аз шаҳри Жанаозен оғоз гардиданд. Созмондиҳандагони табаддулот минтиқаҳои заъиф ва зудбоварро интихоб карданд. Рӯзи 2 январ сокинони шаҳри нафткаш ба бинои ҳукумати шаҳр омада, арзон кардани нархи гази моеъро талаб карданд. Дар мадди аввал ин рафтори муқаррарии истифодаи ҳуқуқи муроҷиати шаҳрвандон мебошад. Вале ҷинояткорон дар камин истода, бо баҳонаи эътироз мардумро ба ҷарии ҷиноят тела доданд. Сенарияи табаддулот хеле моҳирона барои ҳар як минтақа ва шаҳр мусоид ва мутобиқ гардонда шуд. Масалан, дар Мангистау эътирози осоишта, дар Алмато истифодаи силоҳ ва зурӣ, дар Талдиқургон оташзанӣ ва роҳзанӣ таҳия гардида буд. Агар дар дигар шаҳрҳои Қазоқистон гирдиҳамоӣ бо тирпарронӣ ва ҳамла ба биноҳо сурат гирифта бошад, пас дар Мангистау тазоҳурот аз аввал то охир ором буд. Худи онҳое, ки дар майдон меистоданд, ба ҳар гуна иғвогарӣ роҳ намедоданд, майзадагон ё авбошонро пеш мекарданд, ба ғоратгарӣ ва оташзанй роҳ намедоданд.
Барои амиқтар пайдо кардани омилҳои нооромиҳои Қазоқистон 50 сол қаблро ёдовар мешавем. Иқтидор ва тавоноии ҷумҳурии сеюми Иттиҳоди Шӯравӣ — Қазоқистон аз соли 1973 то 1986 дар аксари нишондиҳандаҳои саноат ва хоҷагии қишлоқ дар мақоми аввал меистод. Таҷрибаи саноатчиён ва кашоварзони заминҳои навкорамро дар Африқо ва Канада меомӯхтанд. Ангиштканони Қазоқистон дар як сол ба ҳамон миқдор ангишт истеҳсол карданд, ки 22 кишвари Аврупо дар 3 сол истеҳсол намуда буданд. Мутаассифона, ҳамаи ин дастовардҳо дар дастурхони умумии Иттиҳоди Шӯравӣ рехта, миллати қазоқ аз он ҳиссаи ночиз мегирифт. Ана ҳамин ҳиссаи ночиз пуфаки сабру тамкинро бод дод. Вале дар тӯли ҳазорсолаҳо миллати қазоқро пешвоёни миллат, арбобон ва ходимони намоёну оламшумул аз ҷарии фалокат наҷот медоданд. Чунин вазифа борҳо бар души Динмуҳаммад Қунаев афтода буд. Ҳамзамон баъдан ин рисолатро Нурсултон Назарбоев ба зимма гирифт.
Бояд эътироф кунем, ки Нурсултон Назарбоев барои миллати қазоқ хидмати шоёни таърихӣ бо сомон расонд. Албатта, ному унвон, тақдири шӯҳрати нахустпрезиденти Қазоқистон ин кори дохилии мардуми қазоқ аст, ки дахолати мо ва умуман машварати беруна аз рӯи одоб нест. Доктринаи интиқоли қудрат бо роҳи осоишта низ лоиҳаи Нурсултон Назарбоев буд. Нурсултон Абишевич аз ҳама муҳимаш дар арафаи тарки мансаб дар тахтаи шоҳмоти қисмати миллати қазоқ пиёдаву фарзинҳоро қурбон накарда, шоҳ-сарварро ба ҳолати ҳимоя оварда монд. Ва дар авалин ҳамла шоҳ метавонист душманони ҳамлаи берунаро шикаст дода, мот намояд. 19 ва боз се 19 барои миллати қазоқ тақдирсоз буд. 19 марти соати 19, соли 2019 Президенти вақти Қазоқистон аз истеъфояш хабар дода, салоҳиятро ба раиси Сенати кишвар Жомарт-Қосим Токаев супурд. 19 марти соли 2019 нахустин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев фармонро дар бораи истеъфояш аз 20 марти соли 2019 бо дархости худ имзо кард. Салоҳиятҳои президент, тибқи Конститутсияи Қазоқистон, ба раиси Сенати парламенти кишвар Жомарт-Қосим Токаев вогузор карда шуданд.
Зарур мешуморам, ки баъзе паҳлуҳои шахсияти президенти феълии Қазоқистонро шарҳ диҳам. Жомарт-Қосим Токаев дар сиёсат ва роҳбарӣ шахси тасодуфӣ нест. Аз соли 1991, аз замоне ки дар Институти дипломатӣ ва баъдан Донишгоҳи дипломатии Москва буд, ба ҳайси “вундеркинд”-и сиёсӣ шинохта шуд. Ҳангоми таҳсил дар Академияи дипломатии Русия Жомарт-Қосим Токаев аллакай чанд модели нави идоракунии давлат дар шароити гузариш ва авҷи буҳронҳои сиёсӣ-иқтисодиро таҳия намуда, дар илми дипломатияи назарияи ширкат дар сиёсати бисёрқутбии АвруОсиёи бунёд гузошт. Тоқаев исбот кард, ки ба рушди бомаром равони коммунистии яккаҳизбӣ — фармонфармоии мутамарказ, диктатураи пойтахт, худсенсории бемаҳдуд садди инкишоф аст. Ҳамзамон Токаев аз ҷумлаи сарвароне буд, ки дар мизи созиш, сарфи назар аз қудрат ва салоҳият, баробариро тақозо мекард. Вай ҳангоми кор дар Сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Хитой ва Сингапур моделҳои мухталифи рушди иқтисод ва моҳияти моликияти кооперетивиро, ки ин шакли моликият Хитой, Сингапур ва Малайзияро ба биҳишти иқтисодӣ табдил дода буд, чуқур омӯхт.
Вале ба саҳифаи таърихи муосири Қазоқоистон ба ҳайси парчамбардори сулҳ ва зиндагии бидуни силоҳ ворид шуд. Соли 1993 Қосим-Жомрат Токаев нахустин бор лоиҳаи Сайёри бидуни силоҳи ҳастаиро ба ҳайси муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ ва соли 1994 чун вазири корҳои хориҷии Қазоқистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намуд. Солҳои 1995 то 2005 дар 18 тадбиру конфронсҳо оид ба Шартномаи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ фаъолона ширкат варзид. Соли 1996 дар шаҳри Ню-Йорк ва соли 2005 дар шаҳри Семипалатинск Аҳдномаи таъсиси минтақаи озод аз силоҳи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ (CAWFZ)-ро имзо кард.
3. Тамасхури таърих ё тарс аз абарқудратӣ?
“Агар сарзаминат бароят азиз набошад, ки дар ҳар гӯшае он пойлуч давидаӣ, қонуни халқатро эҳтиром накунӣ ва хонаи падаратро дӯст надорӣ, дар дунё беҳуда зиндагӣ мекунӣ: дилат хушк мешавад, ҷон дар азоб мешавад ва аз саховатмандии замин, аз зебоии он, аз фаровонии неъматҳо он маҳрум хоҳӣ шуд”.
(Мухтор Шохонов, ходими маъруфи ҷамъиятӣ, адиб)
Ниҳоят пас аз 300 соли расо (1723- 2023) миллати муташакил барои пойдории шуҳрати ҷаҳонӣ аз як гиребон сар баровард. Аввалин тавоноӣ ва шикастнопазирии ин миллат соли 1723 дар муҳорибаи соҳили дарёи Буланти бо неруи нобаробар дар набард бо қабилаи жунгорҳо айён шуд. Ва баъдан соли 1726 қазоқҳо таҳти роҳбарии доҳӣ Абилайхон боз дар назди дарёи Буланти ғалабаҳои беназири таърихӣ ба даст оварданд. Доҳӣ Абилайхон аз солҳои 20-ум то солхои 50-ум дар набардҳои шадиди зидди жунгорҳо ва умуман даҳҳо қабилаҳои тороҷгару роҳзан иштирок карда, давлати минтақаи ҷанубу шарқии Қазоқистони ҳозира, аз ҷумла Алматоро таъсис дод.
Сесад сол қабл низ мисли имрӯз як нафар ба ҳайси роҳнамои мардум, издиҳоми бесарпаноҳу бесаробонро аз қафои худ барои озодӣ ва шукуфоӣ, таъмини зиндагии шоиста ба соҳили мақсуд раҳсипор кард. Ин расолати таърихӣ ба души Қосим-Жомарт Токаев бо осонӣ ва беозор наафтод. Қосим-Жомарт Токаев низ мисли Абилайхон ба ҳамсояҳо, қавмҳои ғайри қазоқ равобит ва тиҷорати озодро пешкаш намуд.
Пас аз пошхӯрии ҳукумати марказӣ дар Петроград дар моҳи ноябри соли 1917, қазоқҳо (он вақт дар Русия расман “қирғизҳо” номида мешуданд) як давраи кӯтоҳи худмухторӣ (мухторияти Алашро) аз сар гузаронида, дар ниҳоят ба ҳукмронии болшевикӣ таслим шуданд. Бо декрети Совети комиссарони халқии (СНК) РСФСР аз 10 июли соли 1919 кишвари қирғизҳо ташкил карда шуд. 26 августи соли 1920 дар ҳайати РСФСР ҷумҳурии автономии Қирғизистон ташкил ёфт, ки ҳудуди Қазоқистони ҳозираро дар бар мегирифт. Маркази маъмурии он шаҳри Оренбург буд, ки асосан русҳо зиндагӣ мекарданд. Баъдтар, дар соли 1925, маркази маъмурии ҷумҳурӣ ба ҷануб — ба шаҳри Ак-Мечет кӯчонда шуд ва губернияи Оренбург аз ҳайати Қиргизистон бароварда шуда, ба ҳайати РСФСР дохил карда шуд. Моҳи июни соли 1925 ҷумҳурии автономии Қирғизистон ба ҷумҳурии автономии Қазоқистон, дар моҳи июли ҳамон сол ба Қизил-орда табдили ном кард. Аз апрели соли 1927 маркази маъмурии ҷумҳурии автономии Қирҳизистон Алмато муқаррар шуд.
Ҳукумати навтаъсиси Шӯравӣ зери барномаҳои саводомӯзии саросарӣ, мубориза бо кулакҳо ва босмачигарӣ, ташкили хоҷагиҳои давлатӣ ва саҳомӣ ва сабти амволи аҳолӣ мардуми қазоқро ба ҳолати изтирорӣ расонд, ки дар солҳои 1920-1930 боиси гуруснагии оммавӣ ва афзоиши фавт гардид. Дар аксари минтақаҳо ошӯбҳо ба миён омаданд. Дар солҳои 1930-ум бархе аз намояндагони зиёиёни қазоқ дар чаҳорчӯби таъқиботи сиёсии ҳукумати шӯравӣ ба қатл расонида шуданд.
Бадтараш он аст, ки дар пайи ин барномаҳо аҳолии таҳҷоӣ тарки зодгоҳ карда, муҳоҷирати сунъии миллатҳои дигар ба Қазоқистони шимолӣ авҷ гирифт. 5 декабри соли 1936 АССР Қазоқистон (ҳудудаш он вақт ба хоки Қазоқистони ҳозира мувофиқ буд) аз РСФСР ҷудо шуда, ба ҷумҳурии алоҳида дар ҳайати Шӯравӣ табдил ёфт.
Қазоқистони онвақта барои шароити табиии муносиб ва имконоти васеи табиӣ ба яке аз маконҳои бадарғашудагон ва маҳкумшудагон, инчунин муҳоҷират ё депортатсияи оммавии миллату халқиятҳои барои ҳукумати Шӯравӣ номувофиқ табдил ёфт. Дар моҳҳои сентябр-октябри соли 1941 аз ҳудудҳои дигар 400 ҳазор нафар немисҳои Волга ба Қазоқистон кӯчонида шуданд. Баъдан ба Қазоқистон юнониҳо ва тоторҳои Қримро оварданд. Илова бар ин, маҳбусон дар лагерҳои меҳнатии низоми ГУЛАГ ҷойгир карда шуданд. Ин барномаҳо хусусияти миллӣ ва анъанаҳои миллии мардуми қазоқро нобуд карда, зери шиори интарнатсионализми пролетарӣ анъанаву русуми таърихиву бостонии миллати қазоқ ба таври сунъӣ аз байн бурда шуд. Садҳо нафар зиёиён, ки барои ин ваҳшиёнати иҷтимоӣ сар боло карданд, ҳабс шуданд.
Оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои Қазоқистон ва миллати қазоқ мушкилоти навро ба вуҷуд овард. Дар оғози ҷанг Қазоқистон ба пойгоҳи саноати вазнини ҳарбӣ ва коркарди маҳсулоти саноатии оҳан, пӯлод, металҳои ранга табдил ёфт. Аллакай дар анҷоми соли 1941 аз Қазоқистон 24 намуди силоҳ ва муҳумоти ҷангӣ ба ҷабҳа фиристода мешуданд. Саноатикунонии саросарии кишвар 46 фоиз захираҳои табиии Қазоқистонро кашф намуда ва ба истифодаи умум гузошт. Вале иқлими муносиб ва хислати меҳнатдӯстии мардуми қазоқ соҳаи кишоварзиро ба қафо напартофт. Ҳамин буд, ки то соли 1953 Қазоқистон бо 16 навъи маҳсулоти кишоварзӣ Русия ва Украинаро таъмин мекард.
Омили дигари шуҳрати таърихии миллати қазоқ аз давраи ба кор андохтани заминҳои навкорами Қазоқистон шурӯъ гардид. Роҳбари вақти Шӯравӣ Никита Хрушев дар замина чарогоҳҳо ва биёбонҳо Қазоқистонро минтақаи асосии истеҳсоли ғаллаи Шӯравӣ эълон намуда, ба маъракаи ободонии теппаву биёбонҳо оғоз кард. Сиёсати заминҳои навкорам низ паҳлӯи чап ва рост дошт. Вале баъдан роҳбари дигари Шӯравӣ Леонид Брежнев барномаи заминҳои навкорамро ба танзим дароварда, ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ки манбаи асосии рӯзгори қисми зиёди аҳолии Қазоқистон боқӣ монд, суръат бахшид. Дар натиҷаи чунин барномаҳои бидуни хиради солим ва муҳоҷиркунонии иҷборӣ то соли 1959 қазоқҳо дар кишвар ба ақаллият табдил ёфтанд ва 30{f6d4bd355489a0bd80162fafc4ef9eb4353a8b325afa60339c3ae65df5f02ce2}-и аҳолиро ташкил медоданд. Русҳои этникӣ ва славянҳои муҳоҷир 43 фоизро ташкил медоданд.
Марҳалаи дуюми шуҳрати таърихӣ ва тавоноии Қазоқистон аз соли 1946 сар шуд. Пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ байни ду система — капитализм ва сотсиализм мусаллаҳшавии бошитоб оғоз гардид. Аллакай дар соли 1946 Шӯравӣ дар истеҳсоли силоҳи оташфишон, авиатсия ва муҳимоти зиреҳдор аз рақибонаш пеш гузашт, аммо дар истеҳсоли яроқи қатли ом рақобат идома дошт.
Соли 1947 Шӯравӣ дар доираи лоиҳаи истеҳсоли бомбаи атомӣ дар наздикии шаҳри Семипалатинск майдони озмоиши бомбаи атомиро таъсис дод. Дар ин озмоишгоҳ нахустин силоҳи атомии Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъдан даҳҳо навъ маводи тарканда санҷида шуданд. Ҳамин тариқ, Қазоқистон ба калонтарин озмоишгоҳи силоҳи ҳастаии ҷаҳон табдил ёфт. Таъсир ба муҳити зист ва хатари экологӣ торафт меафзуд ва аз назари омма пинҳон намемонд.
Ҳаракати зидди силоҳи ядроӣ дар Қазоқистон дар охири солҳои 80-ум доираи васеи зиёиён, олимон ва экологҳоро муттаҳид намуд. Вале ба таври алҳида ин мавзуъ ифшо нашуда буд. Моҳи декабри соли 1986 дар Алмато нахустин тазоҳуроти оммавии ҷавонони қазоқ сар зад, ки баъдан шӯриши Желтоксан номида шуд. Эътирозҳо бо сабаби иваз шудани котиби якуми КМ Ҳизби коммунисти ҶШС Қазоқистон Динмуҳаммад Қунаев ва ба ҷойи ӯ таъин гардидани Геннадий Колбин баргузор гардиданд.
Доираҳои абарқудрати Ғарб усули аз байн бурдани Шӯравиро бори аввал дар Алмато санҷидаву паҳлӯҳои онро омӯхтанд. Ҳамон вақт рӯзномаи “Вашингтон пост” навишта буд: “Бадбинӣ нисбат ба сиёсати Шӯравӣ аз силоҳи ядроӣ низ мудҳиштар аст. Мардум акнун маззаи эътирозро чашиданд”.
Ин аввалин ҷунбиши миллӣ ва озодихоҳии мардуми қазоқ буд, ки дар замони сиёсати мӯштзӯронаи Шӯравӣ шакл гирифт. Ҳарчанд неруҳои ҳукуматӣ ошӯбҳоро пахш карданд, чанд нафар кушта шуданд ва бисёре аз намоишчиён зиндонӣ шуданд, бедории миллӣ торафт доираҳои васеи омма, махсусан миллати қазоқро гирд меовард.
Мутаассифона, таърихи муосири ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравиро дар Ғарб ғалат ва пур аз таҳрифи далелҳои таърихӣ тарғиб мекунад. Масалан, дар ИМА то соли 2015 Қазоқистонро охирин давлати мустақили озод аз Шӯравӣ мефаҳмиданд. Қазоқистон 16 декабри соли 1991 истиқлолияташро эълон карда буд, аммо, дар асл, Қазоқистон аввалин ҷумҳурӣ буд, ки 25 октябри соли 1990 соҳибихтиёрии худро дар қаламрави худ ҳамчун ҷумҳурии соҳибистиқлол дар таркиби СССР эълон кард. Пас аз кӯшиши табаддулоти ноком дар Маскав дар моҳи августи соли 1991, ҶШС Қазоқистон 10 декабр номи расмии худро ба “Ҷумҳурии Қазоқистон” иваз кард. Раҳбари замони коммунистии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аввалин президенти кишвар шуд. Модели ислоҳоти иқтисодии нахустин президенти Қазоқистон давраи гузаришро бе зарар ва даргириҳои шаҳрвандӣ паси сар намуд.
Чӣ тавре ки дар бахши аввали ин силсиламатлаб қайд кардем, мо ба кори дохилию раъйпурсии мардуми қазоқ дахолат намекунем. Ва ҳам мардуми қазоқ, ҳукумати он кишвар ба машварату тавсияҳо аз берун ниёз надоранд. Вале мушоҳида аз саҳми Нурсултон Назарбоев дар шуҳрати ҷаҳонии Қазоқистон чашм пушидан гуноҳ хоҳад буд.
Муним Оламов
ИмрӯзNews
Душанбе-Остона-Алмато-Душанбе