Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 май дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Рӯзи сарҳадбонон дар ноҳияи Шаҳритус дидбонгоҳҳои сарҳадии “Айвоҷ” ва “Меҳнат”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Нахуст дар Отряди сарҳадии “Айвоҷ” Сарвари давлат ба таври маҷозӣ (онлайн) иншооти як қатор отрядҳои сарҳадӣ ва дидбонгоҳҳои муосирро, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар муҳлати бисёр кӯтоҳ бо сатҳу сифати баланд ва бо техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ муҷаҳҳаз бунёд шудаанд, мавриди истифода қарор доданд.
Ба Президент оид ба шароити муосири хизмат ва омодагии ҳайати низомӣ барои ҳифзи марзи давлатӣ дар дидбонгоҳҳои нав фармондеҳони отрядҳои сарҳадӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Рӯшон, Дарвоз ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, се дидбонгоҳ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, 7 дидбонгоҳ дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор, Дӯстӣ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон гузориш доданд.
Тавр зикр шуд, танҳо рӯзи 28 май ба муносибати Рӯзи сарҳадбонони тоҷик дар саросари ҷумҳурӣ 33 иншооти нави сарҳадӣ барои хизмати 4 ҳазор сарбоз ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 166 оилаи афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ манзилҳои истиқоматӣ бо тамоми ашёи рӯзгор муҷаҳҳаз тақдим гардид.
Президенти кишвар дар ноҳияи Шаҳритус дидбонгоҳи нави сарҳадии “Айвоҷ”-ро, ки ба ифтихори Рӯзи сарҳадбонони тоҷик бунёд гардида буд, ифтитоҳ намуданд. Дидбонгоҳ бо тамоми шароити муосир ва техникаҳои замонавии мушоҳидавӣ дар марзи давлатӣ таъмин мебошад.
Пас аз ифтитоҳи дидбонгоҳи сарҳадии “Айвоҷ” Сарвари давлат бо шароити хизмат ва будубоши сарбозон, маркази назорати хати сарҳади давлатӣ шинос шуда, ба сифати корҳо баҳои баланд доданд.
Ҳамчунин, дар дидбонгоҳи мазкур Президент бо намунаи техника, дастгоҳҳои муҳандисию дидбонгоҳӣ, нусхаи симтур ва симхори барои муҳофизати хатти сарҳади давлатӣ тасдиқгардида, ки аллакай даҳҳо километри он дар сарҳади давлатӣ насб гардидааст, шинос шуданд.
Дар Отряди сарҳадии “Айвоҷ” сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти баланд, далерию ҷасорат ва садоқату матонати мардонагӣ ҳифзу ҳимояи сарҳади давлатиро бар дӯш доранд. Зимнан, дар мавзеи Айвоҷ дар фасли зимистон ҳаво 32 дараҷа хунук ва дар тобистон гармии ҳаво то ба 63 дараҷа мерасад.
Иттилоъ дода шуд, ки дидбонгоҳи сарҳадии “Айвоҷ” бо мақсади ҳифзи сарҳади давлатӣ бо афзоиш додани ҳайати шахсӣ, техникӣ ва иншооти сохтмонӣ таъсис дода шуда, фаъолияти он дар самти мубориза бар зидди қонуншиканиҳои сарҳадӣ ва пешгирӣ аз гурӯҳҳои террористию нашъаҷаллоб равона гардидааст.
Дидбонгоҳҳои сарҳадии “Айвоҷ” ва “Меҳнат” дар заминаи таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муосиртарин воситаҳои техникӣ бо мақсади ҳифзи сарҳади давлатӣ пурра таъмин карда шуд.
Дар рӯзи таҷлили иди сарҳадбонон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими иқтидори техникӣ ва муҷаҳҳаз гардонидани ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон 100 намуд техникаи гуногуни низомӣ харидорӣ ва ба хизматчиёни дидбонгоҳҳои навтаъсиси “Айвоҷ” ва “Меҳнат” тақдим гардид.
Ҳамчунин, дар ин рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи сарҳадии “Айвоҷ” бинои дуошёнаи истиқоматӣ бо 12 хонаро ифтитоҳ карда, ба оилаҳои хуштолеи афсарон калиди хонаҳоро тақдим намуданд. Ҳамаи хонаҳо бо тамоми ашёи зарури рӯзгор ва техникаи маишӣ таъмин гардидаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат соҳибони хонаҳои навро ба муносибати Рӯзи сарҳадбонони тоҷик ва соҳиб шудан ба манзилҳои замонавии истиқоматӣ таҳният гуфта, онҳоро барои адои хизмати содиқона ҳидоят намуданд.
Баъди ташриф ба дидбонгоҳи сарҳадии “Меҳнат” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити барои сарбозону афсарон муҳайёшуда, аз қабили хобгоҳҳо, ҳуҷраҳои корӣ, хонаҳои хизмати сарҳадӣ, нигоҳдории силоҳу аслиҳа, синфхонаҳои таълимӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, макони истироҳату фароғат, хизмати маишӣ, нуқтаи тиббӣ, нуқтаи либосшӯӣ, сартарошхона, ошхона, майдони сафороӣ, машқ, ҳаммом, анборҳо барои захираи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ, мошинсарой ва дигар иншооти ҳайати шахсӣ шинос шуданд.
Президент дар ошхонаи дидбонгоҳи нав бо сарбозон суҳбати самимӣ доир карда, бо шароити хизмати онҳо шинос шуданд. Пешвои миллат сарбозонро ба хизмати содиқона баҳри ҳифзи марзу буми давлат ҳидоят намуданд.
Дар дидбонгоҳи сарҳадии “Меҳнат” барои афсарон 4 хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароити зист ва ашёҳои зарурӣ бунёд гардида, ҳамон рӯз Сарвари давлат ба соҳибонашон калид супориданд.
Зимнан, Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба масъалаи таҳкиму тақвияти заминаҳои моддиву техникӣ, ташаккул додани сохтори идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ, тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос, ҳамзамон сохтмону ба истифода додани иншооти нави соҳавӣ таваҷҷуҳи махсус равона намуда, имрӯз сарбозону афсарони аз ҳар ҷиҳат обутобёфтаи Қӯшунҳои сарҳадӣ дар таъмини амнияти давлат ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон саҳми арзишманд доранд.
Президент пас аз шиносоӣ бо шароити хизмат ва будубоши сарбозону афсарони Отряди сарҳадии “Айвоҷ” ва дидбонгоҳи сарҳадии “Меҳнат” дар назди ҳайати шахсӣ ба муносибати 29-умин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Баъди суханронии Сарвари давлат дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи сарҳадбонони тоҷик гузашти низомии Отряди сарҳадии “Айвоҷ”-и ноҳияи Шаҳритус ва шумораи зиёди техникаҳои гуногуни низомӣ доир гардид.