Пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишвар на он қадар пайомадҳои фоҷиабор дошт. Дар ин бора директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ изҳор намуд.
Вай дар нишасти матбуотӣ гуфт, Марказ дар бораи таъсири пандемия ба соҳаҳои гуногуни кишвар як қатор таҳқиқот анҷом дода, пешниҳоду тавсияҳои худро ба ҳукумат фиристодааст:
“Дар натиҷаи тадбирҳои саривақт андешида аз ҷониби ҳукумат ва Вазорати тандурустӣ ва хатарҳои пандемияро фаҳмидани аҳоливу риояи қоидаҳои пешгирӣ муяссар шуд, ки ҷараёни фоҷеабори он пешгирӣ шавад”, — гуфт директори Марказ.
Ба гуфтаи ӯ, табиати мо, нури ултрафиолети офтоби мо ҳама гуна навъи вирусро нобуд карда метавонад:
“Бисёр вақт мепурсанд, ки агар ҳама кор дар нури офтоб аст, пас чаро дар Арабистони Саудӣ вирусро маҳв карда натавонистанд? Ман он ҷо се сол ба ҳайси тарҷумон карда, метавонам бигӯям, ки осмони онҳо ҳамеша чангу ғуборолуд аст, ки ба паҳншавии нури ултрафиолет монеъа мешавад. Коронавирусро на гармӣ, балки маҳз нури ултрафиолет нобуд мекунад”, — афзуд Зиёӣ.
Дар ҳамин ҳол, Марказ барои пешгирии паҳншавии коронавирус пешниҳод кардааст, ки шумораи микроавтобусҳо дар шаҳри Душанбе каму теъдоди автобусҳо зиёд карда шавад. Зеро автобусҳо барои риояи масофаи бехатар байни ҳамдигар бештар мусоиданд.
Бино ба охирин маълумоти Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс, то шаби гузашта дар ҷаҳон 16,1 млн нафар мубталои коронавируси COVID-19 шуда, 647,9 ҳазор кас аз ин беморӣ фавтидаанд. 10 млн нафари сироятёфта сиҳат шудаанд.