“Осиёи Марказӣ + Ҷопон”: Тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо пандемияи COVID-19 баррасӣ шуд

Shared to Facebook

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз ҳамтоёни худ дар қолаби Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” хостааст, ки барои пешгирии сирояти коронавирус ва барқарор кардани рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа тадбирҳои муассир андешида шуда, дар мубориза бо пайомадҳои ҳамагирӣ аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда сарҷамъона кор бигиранд.

Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” рӯзи 11 август бо ташаббуси Ҷоон аз тариқи видеоконфронс баргузор гардид.

Бино ба хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколама дар бораи масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо пандемияи COVID-19, барқарорсозии иқтидори иқтисодӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар суханиронияш таъкид кардааст, ки ҳамкории муштарак дар чаҳорчӯби сиғаи “Осиёи Марказӣ+Ҷопон” муҳим буда, дар рушду тақвияти шарокати стратегии миёни кишварҳои минтақа нақши муҳим мебозад:

“Бо ишора ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳонӣ бар асари ҳамагирии COVID-19, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳамтоёни худ даъват кард, ки барои пешгирии сирояти коронавирус ва барқарор кардани рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа тадбирҳои муассир андешида шаванд. Зикр гардид, ки пандемияи COVID-19 башариятро бо таҳдид ва чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст. Дар робита ба ин, ӯ аз кишварҳои иштироккунанда даъват намуд, ки дар мубориза бо пайомадҳои ҳамагирӣ аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда сарҷамъона кор бигиранд”, — хабар дод манбаъ.

Таъкид гардидааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои заруриро ҷиҳати пешгирии паҳншавӣ ва аз байн бурдани бемории мазкур меандешад. Дар ин замина, ӯ барои кумак ва дастгирии Ҷопон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон дар мубориза бо хуруҷи коронавирус изҳори сипос кард.

С. Муҳриддин роҷеъ ба мавзӯъҳои рушди ҳамкории минтақавӣ таъкид намудааст, ки бояд татбиқи лоиҳаҳои бахши энергетикиву саноатӣ ва кишоварзӣ сурат гирифта, тавсеаи иқтидор ва имкониятҳои содиротӣ ва интиқоли беисти молҳо таъмин гардад.

Даъват ба амал оварда шудааст, то кишварҳои минтақа дар соли 2022 ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ бо Ҷопон муштаракан иқдом кунанд.