Шоири маъруфи тоҷик, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Гулназар Келдӣ рӯзи 13 август дар 75-солагӣ даргузашт.
Ӯ бо гумони сироятёбӣ ба коронавируси COVID-13 дар беморхона бистарӣ буд.
Маросими видоъ бо Гулназар Келдӣ шоми панҷшанбе дар назди бинои Иттиҳоди нависандагон баргузор гардида, ӯро дар оромгоҳи Лучоб дафн карданд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ баён намудааст.