Бонки миллии Тоҷикистон яке аз сабабҳои ба мушкилоти молиявӣ дучор шудани бонкҳои муаммодор ва барҳам хӯрдани аксарияти ташкилотҳои қарзӣ дар ҷумҳуриро ба якҷоя фаъолият намудани хешовандони наздик дар сатҳи роҳбарикунанда марбут донистааст. Ба маълумоти Бонк, тағйироти ахиран ба Қонун “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” воридгардида барои ислоҳи чунин вазъ таҳия сурат гирифт.
Зикр мегардад, ки тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” идомаи ислоҳоти низоми бонкӣ буда, бо мақсади такмил ва мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни мазкур ба қонунгузории ҷорӣ, таҷрибаи байналмилалӣ, пурзӯр намудани назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва манфиатҷӯӣ дар низоми бонкӣ, сарфи назар аз шакли моликият, пешбинӣ намудани маҳдудияти фаъолияти хешовандони наздик таҳия шудааст.
Ба маълумоти Бонк, тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” дар самти фаъолияти якҷояи хешовандони наздик дар сатҳи кормандони роҳбарикунанда, Шӯрои нозирон, масъулияти онҳо ва идоракунии корпоративӣ пешбинӣ шудааст:
“Барои бартараф намудани гуногунфаҳмиҳо, пурра намудани мафҳумҳо ва мутобиқ намудани талаботи Қонуни мазкур бо дигар қонунҳои ҷорӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ якчанд моддаи қонуни амалкунанда такмил дода шуда, баъзе моддаҳо дар таҳрири нав қабул ва баъзе моддаҳои нав илова карда шудааст.
Таҷрибаи солҳои охир нишон дод, ки яке аз сабабҳои ба мушкилоти молиявӣ дучор шудани бонкҳои муаммодор ва барҳам хӯрдани аксарияти ташкилотҳои қарзӣ ин якҷоя фаъолият намудани хешовандони наздик дар сатҳи роҳбарикунанда мебошад”.
Бо ҳамин сабаб ба қонун моддаи нав бо мақсади роҳ надодани фаъолияти якҷояи хешовандони наздик дар ташкилотҳои қарзӣ ва пешгирии хавфҳои амалиётӣ аз амалу беамалии онҳо ҳангоми гузаронидани амалиёти бонкӣ илова шудааст:
“Ҳамзамон, бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани хавфҳои ба амалиётҳои бо шахсони вобаста анҷомдодашаванда, назорати маҷмӯии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, бо назардошти ҷамъиятҳои алоқаманд, вобаста ва фаръии онҳо моддаҳои амалкунандаи қонун такмил дода шудааст”.
Инчунин, дар қисмати идоракунии корпоративии ташкилотҳои қарзӣ, ваколатҳои Шӯрои нозирон, талабот ба узви Шӯро, ваколату уҳдадориҳои Кумитаи аудит, тартиби ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнок ва сармоягузории ташкилотҳои қарзӣ ба дигар шахсони ҳуқуқӣ тибқи стандартҳо ва таҷрибаи байналмилалӣ таҷдиди назар карда шудааст.
Дар баробари ин, ба маълумоти БМТ, тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” муқаррароти онро бо қонунгузории амалкунанда ва стандартҳои байналмилаливу таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ҳамоҳанг намуда, таклифу пешниҳодҳои мушовирони байналмилалиро низ фаро гирифтааст.