Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон Фармони Президент “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия”, аз 4 августи соли 2020, №1580-ро шарҳ дод.
Бино ба ин шарҳ, фармони мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва амалӣ гардонидани сиёсати иҷтимоии давлат ба тасвиб расид.
Ҷиҳати татбиқи фармони мазкур Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 4 августи соли 2020, №1580 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” қабул гардида буд.
Тибқи ин фармон, аз имрӯз, 1 сентябри соли 2020, маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ, бахусус маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, илму фарҳанг, мақомоти ҳокимияти идораи давлатӣ ба андозаи 15 фоиз ва музди маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиа ба андозаи 10 фоиз зиёд карда мешавад.
Инчунин, андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи касбӣ ва дигар намуди стипендия, ба истиснои стипендияҳои президентӣ, курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 15 фоиз зиёд мегардад.
Андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол, нафақаи заминавӣ ва нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол 15 фоиз зиёд гардида, мувофиқан ба андозаи 207 сомонӣ ва 978 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз рӯи синну сол (ба ғайр аз модароне, ки даҳ фарзанд таваллуд карда, онҳоро то ҳаштсолагӣ тарбия намуданд), кӯдакони маъюби то 18-сола, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин ниёз дошта, ба онҳо нафақа дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъин шудааст, ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақали нафақаҳои меҳнатӣ аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад.
Маблағгузории зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия дар 4 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёдии даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин аз ҳисоби сарфаи дигар моддаҳои хароҷот ва маблағҳои махсуси муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ пурра таъмин карда мешавад.
Мутобиқи қарори мазкур, вазорату идораҳо вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” чораҳои таъхирнопазир андешанд.