18 сентябр дар шаҳри Душанбе вохӯрии Намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN), сафир Қозидавлат Қоимдодов бо Намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар Тоҷикистон доктор Бахтигул Карриев баргузор шуд.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо аҳамияти ҳамкориҳои дуҷонибаро дар татбиқи талошҳо ва чораҳои муштарак ҷиҳати мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон иброз карданд. Намояндаи доимии AKDN қайд кард, ки “бо мақсади пешгирӣ ва паҳншавӣ аз COVID-19, AKDN ва хадамотҳои он буҷаи кӯмакро ба маблағи умумии 4.022.060 (чор миллион бисту ду ҳазору шаст) доллари ИМА тасдиқ карданд, ки аз он 1.022.060 (як миллион бисту ду ҳазору шаст) доллари ИМА аз ҳисоби захираҳои AKND ва 3 000000 (се миллион) доллари ИМА аз ҷониби донорҳо ва шарикон ҷалб карда шуданд”.
Дар айни замон, AKDN дар якҷоягӣ бо Шӯрои миллии имомат дар Тоҷикистон маҷмӯи чорабиниҳои иловагиро оид ба мубориза бо мавҷи дуюми COVID-19 таҳия кардааст.
Қоимдодов илова намуд, ки СҶТ метавонад ба хадамотҳои мо дар интиқоли таҷҳизоти генератори оксиген аз Аврупо ва инчунин бо таъмини картриҷ барои дастгоҳи ГЭНЭКСПЕРТ барои Маркази ташхисии Хоруғ кӯмак расонад.
Намояндаи СҶТ аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо AKDN ва хадамотҳои он изҳори қаноатмандӣ намуд. Ӯ қайд кард, ки “мо омода ҳастем, ки дар самти интиқоли генератори оксиген аз Аврупо ва таъмини таҷҳизоти картриҷ барои дастгоҳи ГЭНЭКСПЕРТ сарфи назар аз камчин будани он дар сатҳи ҷаҳонӣ шуморо дастгирӣ кунем. Fайр аз ин, мо имкон дорем, ки бо AKDN дар соҳаи фаъолкунии кори озмоишгоҳҳои мобилӣ ҳамкорӣ кунем ва хизматрасонии мутахассисони техникии ин соҳаро аз Аврупо таъмин намоем”.
Зимни сӯҳбат доктор Бахтигул аз сафари кории хеш ба ВМКБ ва шиносоӣ бо вазъи беморхонаҳо ёдовар шуд. Гуфта шуд, ки сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда, дар маҷмӯъ, бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати ВМКБ ва Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ (AKНS) дар Хоруғ мо як қатор корҳоро анҷом додем, аз ҷумла бо кӯмаки гурӯҳи техникии худ насби озмоишгоҳои мобилиро таъмин намудем. Намояндаи СҶТ шароит ва фаъолияти кории Маркази ташхисии Хоруғро мусбат арзёбӣ кард.
Дар анҷоми сӯҳбат ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки Намояндагии СҶТ дар ҶТ ва AKDN барои татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳо дар Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ, алахусус мубориза бо паҳншавии вируси COVID-19 чораҳои иловагиро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.
Вохурии ҷонибҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмиву дустӣ баргузор гардида, он заминаҳои муъфидро барои ҳамкориҳои давомдори минбаъда таъмин хоҳад кард.