Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков, ки ҳоло дар Тоҷикистон қарор дорад, зимни мулоқот бо вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода гуфтааст, сулҳе, ки феълан миёни ин ду кишвар побарҷост, аз сиёсати президентҳои ҳарду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев маншаъ мегирад.
Ин суҳбати ҷонибҳо дар дар мизи мудаввар бахшида ба дӯстии мардумони ин ду кишвар садо додааст.
Зулфия Давлатзода гуфтааст, таърихи миллати тоҷик ва ӯзбек то андозае ба ҳам наздик мебошанд:
“Ҳамасола аҳли эҷоди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар чорабинииҳои сатҳи фарҳангии ҳамдигар ширкат варзида, дар рушди фарҳанги ду мамлакат саҳм мегузоранд. Дар шароити душвори пандемия аҳолӣ пеш аз ҳама ба фарҳанг ниёз дорад, зеро фарҳанг ба онҳо имкон медиҳад бо рӯҳияи болида ва иродаи қавӣ ба вазъиятҳои бӯҳронӣ мубориза баранд”.
Озодбек Назарбеков гуфтааст, “Мо бори аввал нест, ки ба Тоҷикистон ташриф меорем. Ин давлатҳо бо санъат ва расму оин бо ҳам алоқамондии зич доранд. Сулҳу ваҳдат бевосита аз сиёсати пешгирифтаи президентони ҳарду давлат маншаъ мегирад. Тавсеаи равобити судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шароити ҷомеаи муосир саҳифаи наверо дар муносиботи гуногунсамтаи ду давлат боз намуд”.
Дар ҷараёни мизи мудаввар, ки рӯзи 27 сентябр танти унвони “Дӯстӣ бошад мароми ҷовидон!” баргузор гардид, намояндагони ҳар ду ҷониб доир ба рушди муносибатҳои илмию фарҳангӣ изҳори назар намуда, нақши сиёсати пешгирифтаи роҳбарони ҳар ду давлатро дар тақвияти ин ҳамкориҳо муҳим шумориданд.