29 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими дуҷонибаву бисёрҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Бино ба гузориши расмӣ, кори ҷаласаи 7-уми Комиссия бо мулоқоти ҳайатҳои ҳарду ҷониб дар доираи маҳдуд оғоз гардид.
Дар кори ҷаласа ҳайати Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвазир Қоҳир Расулзода ва ҳайати Ӯзбекистон таҳти раёсати Сарвазир Абдулло Орипов иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ҳамкориҳо дар соҳаҳои роҳу нақлиёт, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, гумрук, содирот ва фарҳанг баррасӣ шудаанд.
Таъкид гардидааст, ки Комиссия ҳамчун василаи муҳим ва самараноки рушди ҳамкории иқтисодӣ фаъолият намуда, баргузории ҷаласаи навбатӣ дар такон бахшидани ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон заминаи созгор фароҳам меорад.
Ҳамчунин роҳандозии лоиҳаҳои муштарак оид ба таъсиси “Ширкати инвеститсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон” зарур шуморида шуда, ҷиҳати истифодаи василаҳои дипломатияи иқтисодӣ, пеш аз ҳама, тавассути роҳандозии тамосҳои мустақим байни доираҳои тиҷоратӣ бо мақсади амалӣ гардонидани лоиҳаҳои инвеститсионии муштарак барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ҳавасмандӣ зоҳир гардидааст.
Зимнан, Ӯзбекистон дар панҷгонаи шарикони хориҷии тиҷоратии Тоҷикистон мавқеи устувор дорад. Бино ба маълумоти расмӣ, гардиши савдо байни ин ҳарду кишвар аз 12 миллион доллари соли 2015 ба 362 миллион доллар дар соли 2019 расидааст. Дар шаш моҳи имсол бошад, ҳаҷми гардиши савдо бо Ӯзбекистон зиёда аз 217 миллион долларро ташкил додааст.
“Гардиши савдо бо Ӯзбекистон дар ҳаҷми умумии савдои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ зиёда аз 7 дарсадро ташкил медиҳад. Дар ҳашт моҳи соли равон содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 53 миллион долларро ташкил додааст, ки 24 дарсади ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистонро дар бар мегирад. Воридоти молу маҳсулот аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар ин давра 164,6 миллион долларро ташкил намудааст”, — гуфта шудааст дар гузориш.
Рӯзи гузашта дар доираи ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ҳамчунин Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар Форум беш аз 300 нафар иштирокчиён аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилоти давлатӣ, сармоягузорон ва намояндагони бахши хусусии ду давлат иштирок намуда, фазо ва имконоти сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳоро муаррифӣ кардаанд. Ҳамчунин, лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ баррасӣ шудаанд.
Дар қисми вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар сиғаи “Соҳибкор бо Соҳибкор” (B2B) санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.