Дар Тоҷикистон интиқоли пул аз Русия беш аз 30 фоизи ММД-ро ташкил дода, аз моҳи апрел то июли соли 2020 ҳаҷми интиқоли пул ба ҷумҳурӣ 50 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар ин бора Созмони байналмилалии муҳоҷират ва Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ зимни як гузориши муштарак маълумот додаанд:
“Дар натиҷаи чораҳои карантинӣ ва маҳдудкунанда, ҳам дар Русия ва ҳам дар худи Тоҷикистон, даромади миёнаи аҳолии ин кишвар ду маротиба коҳиш ёфтааст. Аммо, дар охири сол, пас аз бекор кардани як қатор маҳдудиятҳо, вазъ ба самти мусбат тағйир ёфт”, — омадааст дар ин гузориш.
Бино ба ин гузориш, ММД-и Русия, ки муҳоҷирон аз бисёр кишварҳои минтақа ба ҷустуҷӯи кор мераванд, дар соли 2020 метавонад 6 дарсад коҳиш ёбад. Ин ногузир ба иқтисоди ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ таъсир мерасонад, гуфтаанд муаллифон.
Қабл аз ин Бонки Ҷаҳонӣ ҳам дар гузорише оид ба масоили муҳоҷират ва рушд гуфт, дар пасманзари авҷгирии пандемияи коронавирус ва буҳрони иқтисодӣ ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони корӣ дар соли 2021 дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли гузашта 14{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} кам мешавад.
Дар гузориш қайд мешавад, ки миқёси муҳоҷирати байналмилалӣ бори нахуст тайи даҳсолаи охир кам мешавад.
Мувофиқи ҳисобҳои нави коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, соли 2020 ҳаҷми интиқоли маблағ ба кишварҳои сатҳи даромадашон паст ва миёна 7{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} коҳиш ёфта, 508 млрд долларро ташкил медиҳад ва соли 2021 ба андозаи 7,5{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} — то 470 млн доллар кам мешавад.
Бонки ҷаҳонӣ коҳиши бештарро дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ мутаносибан ба андозаи 16{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} дар соли 2020 ва 8{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} — дар соли 2021 пешбинӣ кардаст.
Афзоиши сусти суръати рушди иқтисод ва сатҳи пасти шуғл дар кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон, нархҳои паст ба нафт ва поинравии қурби асъор дар кишварҳое, ки аз он бо доллар пул интиқол меёбад, аз ҷумлаи муҳимтарин омилҳои коҳиши интиқоли пул номбар шудаанд.
Дар гузориш зикр мегардад, ки бар асари пандемия ва поинравии нархи нафт аз рӯйи натиҷаҳои соли равон ҳаҷми интиқоли маблағ қариб дар ҳамаи кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо нишондиҳандаҳои дурақама коҳиш меёбад.
Зимнан, бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ҳаҷми интиқоли маблағ ба ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 ба миқдори 15{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} кам шуда, 999 млн долларро ташкил дод.
Қаблан Вазорати меҳнати Тоҷикистон хабар дода буд, ки бар асари пандемияи коронавирус нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба муҳоҷират рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон 57{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} кам шудааст.
Ҳамакнун Созмони байналмилалии муҳоҷират ва Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ ҳушдор додаанд, ки бо сабаби пандемияи коронавирус ва пайомадҳои он ҷойивазкунии глобалии аҳолӣ метавонад ба сатҳи рекордӣ расад.
“Таъсири иҷтимоию иқтисодии пандемияи COVID-19 назар ба худи ин беморӣ хатарноктар аст. Бисёр одамоне, ки дар кишварҳои даромади миёна ва миёна зиндагӣ мекарданд ва қабл аз пандемия камбизоат буданду ба ҳар ҳол ба тариқи муайяне зиндагӣ мекарданд, акнун бидуни ризқу рӯзӣ мондаанд”, — гуфтааст роҳбари БҶО Дэвид Биасли.
Дар шароити пандемия, карантин ва чораҳои маҳдудкунанда, ки мақомоти кишварҳо қабул кардаанд, миллионҳо муҳоҷирон бекор мондаанд. Ин дар ҳолест, ки аксарияти онҳо дар бахши ғайрирасмӣ кор мекарданд ва ҳимояи иҷтимоӣ надоранд. Ҳоло бисёр муҳоҷирон ҳатто барои зарурияти аввалия пул надошта, ҳамзамон роҳи кумак ба оилаҳои онҳо мавҷуд нест, гуфтаанд муаллифони гузориш.
Бино ба маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, соли оянда дар ҳоле интиқоли пул ба кишварҳои миёна ва камдаромад 14 дарсад коҳиш меёбад, ки ҳар сокини нӯҳуми сайёра, дар умум, 800 миллион нафар ба интиқоли пул такя мекунад:
“Ҷараёни пул, ки коргарон аз хориҷа ба хонаводаи худ дар кишварҳояшон интиқол медиҳанд, қатъ шуда оқибатҳои бад овард. Дар тамоми ҷаҳон гуруснагӣ меафзояд”, — ҳушдор додааст Биасли.
Дар ҳамин ҳол, БҶО пешбинӣ кардааст, ки то охири соли 2021 шумораи гуруснагон дар ҷаҳон метавонад 33 миллион нафар афзоиш ёбад. Ба маълумоти созмон, ҳоло тақрибан 690 миллион нафар аз гуруснагӣ азият мекашанд.
СБМ ва БҶО таъкид кардаанд, ки гуруснагӣ, алахусус дар якҷоягӣ бо муноқишаҳои ҳарбӣ, сабаби асосӣ мегардад, ки одамон ҷойи худро иваз кунанд. Ҳамин тариқ, шумораи аз ҳама зиёди муҳоҷирони дохилӣ дар он кишварҳое рост меояд, ки вазъи ниҳоят вазнини озуқаворӣ ба вуҷуд омадааст:
“Дифоъ аз ҳуқуқи афроди овора масъулияти дастаҷамъии мост ва мо бояд ҳама корҳоро анҷом диҳем, то онҳоро аз мушкилоти бештар ҳифз намоем”, — гуфтааст роҳбари СБМ Антонио Виторино.