Суди Олӣ: Кабирӣ бо 16 модда айбдор шуду гапи Иноятзода “хушку холӣ” аст

Shared to Facebook

Роҳбарияти Суди Олии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии 8 феврал гуфтанд, роҳбари фирории Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ барои чӣ ҷиноёте маҳкум шуду чаро иддаои собиқ раиси шаҳри Кӯлоб “гапи хушку холӣ” аст. Ҳамчунин, шарҳ дода шуд, ки роҳбари ширкати “Хима” ба чӣ айбдор дониста шуду соли сипаригардида дар Тоҷикистон чӣ қадар парванда баррасӣ гардид.


Кабирӣ тибқи 16 моддаи Кодекси ҷиноятӣ маҳкум шуд

Раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён тасдиқ кард, ки ҳукми роҳбари фирории Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ аллакай ғоибона содир шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, парвандаи Кабирӣ, ки махфӣ буд, ҳамаҷониба тафтиш шуд. Вай тибқи 16 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2019 аз сӯи Суди Олӣ маҳкум шудааст. Суди Кабириро тибқи моддаҳои 107 — одамкушӣ дар ҳолати аз ҳадди мудофиаи зарурӣ баромадан, 189 — барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, 199 — тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш, моддаи 313 — исёни мусаллаҳона, 195 — ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш, 306 — бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, 307 — даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои дигар гунаҳкор дониста шудааст.


Иддаои Иноятзода “гапи хушку холӣ аст”

Дар нишасти матбуотӣ раиси Суди Олӣ ҳамчунин иддаои собиқ раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзодаро дар бораи дар Тоҷикистон набудани адолати судӣ беасос номид ва гуфт, ба ин иддао розӣ шуда наметавонад:

“Ин як даъвои беасос, гапи хушку холӣ аст. Дар Тоҷикистон адолати судӣ ҳаст ва ба пурагӣ таъмин мебошад. Вазифаи мо ҳайати Суди Олӣ аз он иборат аст, ки назорат кунем, то ҳамаи парвандаҳо дар доираи қонунгузории амалкунанда мавриди баррасии ҳаматарафа қарор гиранду боадолатона қарор қабул шавад”, — изҳор дошт Шоҳиён.

Ба гуфтаи ӯ, ин иддаои касест, ки барои ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

Охирҳои моҳи ноябри соли сипаригардида Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб собиқ раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзодаро ба мӯҳлати 12 сол равонаи зиндон карда, 5 сол аз ҳаққи  ишғоли мансабҳо маҳрум намуд. Суд ӯро дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 314 қисми 2, 319 қисми 4, бандҳои “а,в,г”, 245 қисми 2, бандҳои “а,б,г”, 247 қисми 4 банди “б”, 338 қисми 2 банди “в” ва 262 қисми 3 банди “б” КҶ ҶТ гунаҳгор донист.

Чанде пеш Прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф зимни пешниҳоди ҳисобот ба Маҷлиси миллии Тоҷикистон “Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020” гуфт, раиси собиқи шаҳри Кӯлоб Иноятзода Б. ва муовини ӯ Ҳафизов П. М. бо маслиҳати пешакӣ бо гурӯҳи ҷинояткорон 128 га қитъаҳои заминро ба 306 шаҳрванд ба маблағи 725 ҳазор сомонӣ фурӯхтаанд.


Ҳаёев барои тасарруфи маблағҳои кредитӣ маҳкум шуд

Роҳбари ширкати “Хима” Исматулло Ҳаёев бошад, барои барнагардондани қарзи бонк гунаҳкор дониста шуда, ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст.

Ба гуфтаи Шермуҳаммади Шоҳиён, Суди шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Исматулло Ҳаёев ва се нафар ҳаммаслаконашро баррасӣ карда, ӯро барои тасарруфи маблағҳои кредитӣ маҳкум кард. Ҳаҷми зарари расонда ба бонк қариб 80 миллион сомонӣ арзёбӣ шуд.

Исматулло Ҳаёев писари собиқ раиси девони вазирони Тоҷикистон Изатулло Ҳаёев мебошад, ки бо таъсиси корпоратсияи “ХИМА” дар умури пахтакорӣ тиҷорат дошт.


15 ҳазор парванда барои риоя нашудани қонуни масъулияти волидон

Дар айни замон маълумот дода шуд, ки соли гузашта дар судҳои Тоҷикистон 561 парвандаи марбут ба ҷиноятҳои коррупсионӣ баррасӣ шудааст. Ҳамчунин, дар ин давра дар мақомоти судии кишвар 471 ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шудааст.

Ба маълумоти раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён, соли 2020 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби судҳо 609 парвандаи маъмурии марбут ба риоя накардани меъёрҳои қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ” мавриди муҳокима қарор гирифтааст.

Зикр шуд, ки аз рӯйи натиҷаи мурофиаҳои судии вобаста ба вайрон кардани меъёрҳои қонуни зикршуда 600 нафар шаҳрвандон ба маблағи умумии 2,6 млн сомонӣ ҷарима шудаанд.

Ҳамчунин, 15 ҳазор парванда оид ба риоя нашудани меъёрҳои қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” барррасӣ гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он ба 5 ҳазору 929 нафар огоҳӣ дода шудааст, 7 ҳазору 299 нафар ба маблағи умумии 1 млн 176,1 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.