Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон дар Ҳиндустон

Shared to Facebook Shared to Max

Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Мубин Эргашев аввалин бозии худро дар Мусобиқаи байналмилалии «The U-23 Tri Nation International Football Tournament 2026», ки дар Ҳиндустон ҷараён дорад, анҷом дод, хабар додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар оғози мусобиқа дастаи олимпии Тоҷикистон бо дастаи Бутан бозӣ кард. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи «Golden Jubilee»-и Юпия доир шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи футболбозони тоҷик ҷамъбаст шуд. Ҳамлагари «Истиқлол»-и Душанбе Масрур Ғафуров ягона голи бозиро ба нишон расонд.

Дар даври оянда — 31 март дастаи олимпии Тоҷикистон бо тими Ҳиндустон бозӣ мекунанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон