Масъулини ширкати “Барқи тоҷик” хабар доданд, ки рӯзҳои наздик маҳдудият ё лимити барқ дар ҷумҳурӣ пурра бартараф карда мешавад. Гуфта нашуд, ки кай сокинони деҳот пурра бо барқи шабонарӯзӣ таъмин мегарданд, аммо ба гуфтаи раиси ин ширкат Мирзо Исмоилзода, аллакай аз 15 феврал ба сокинони деҳот як соат бештар барқ дода мешавад.
Ҳамин тариқ, маҳдудияте, ки аз 5 январ ба ин тараф аз соати 23:00 то 06:00 ҷорӣ шуда буд, акнун он аз соати 23:00 то 05:00 идома мекунад.
Ба гуфтаи масъулини ширкат, ҷорӣ шудани лимити барқ ногузир буд, зеро сардиҳои моҳҳои декабр ва январ боиси кам шудани резиши об ба дарёи Вахш ва пастрафти захираи обанбори Норак гардид: сатҳи обанбор нисбат ба соли гузашта 4 метр пасттар шуд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Исмоилзода, танҳо моҳи декабри соли гузашта нисбат ба соли 2019 ба миқдори 100 миллион киловатт/соат истифодабарии барқ зиёд гардид.
Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи ӯ, соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ширкат 15 млрд. 248,4 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 дар ҳаҷми 1 млрд. 215,6 млн. кВт. соат кам мебошад.
Ҳамчунин, коҳиши истеҳсол барқ дар ҷумҳурӣ боиси камшавии содирот ба кишварҳои ҳамсоя гардидааст. Соли сипаригардида ба хориҷи кишвар 1 млрд. 536,8 млн. кВт.соат барқ интиқол дода шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 1 млрд. 399,8 млн. кВт. соат арзёбӣ мешавад. Камшавии содирот ба Афғонистон — 533,3 млн.кВт. соат ва ба Ӯзбекистон — 851,0 млн. кВт.соатро ташкил додааст.
Дар айни замон ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ ба 1162,3 ҳазор Гкал баробар шуда, дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2019 дар ҳаҷми 321,1 ҳазор Гкал зиёд гардидааст.
Ёдрас мекунем, ки бо далелҳои болозикр аз 5-уми январи имсол расман дар ҷумҳурӣ лимити барқ ҷорӣ шуд. “Барқи Тоҷик” дар як муроҷиатнома гуфт, маҳдудият танҳо ба аҳолии деҳот дахл дошта, ба сокинони биноҳои баландошёна ҷорӣ намешавад. Дар айни замон масъулини ширкати “Барқи тоҷик” маҳдудият дар дастрасии барқро, ки аз аввали моҳи ноябр то нимаи моҳи декабри соли гузашта мавҷуд буд, эътироф накарда, онро ба таъмири дастгоҳҳои барқӣ рабт доданд.
Раиси ширкати “Барқи тоҷик” дар ҳоле аз бардошта шудани лимити барқ дар ояндаи наздик хабар дод, ки гуфт, ин ба мусоид омадани боду ҳаво ва беҳтар шудани резиши об дар маҷрои дарёи Вахш” марбут аст.
Ҷорӣ шудани маҳдудияти барқрасонӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ соли гузашта 5 миллиард сомонӣ қарзи ширкати “Барқи тоҷик” дар назди Вазорати молияро бахшидааст. Ба гуфтаи масъулини ширкат, ин қарз аз ҳисоби татбиқи созишномаҳои зерқарзӣ кам карда шуд. Дар ҳоли ҳозир бошад, қарзи ширкат дар назди Вазорати молия 22 млрд сомонӣ ҳисобӣ шудааст. Ба ғайр аз ин, ширкат аз нерӯгоҳҳои “Сангтӯда-1” 1 млрд 555 миллион сомонӣ, “Сангтӯда-2” — 2,2 млрд сомонӣ ва аз конҳои ангишт 123 миллион сомонӣ қарздор будааст.