Бино ба гузориши АМИТ “Ховар”, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур додаанд, ки ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромӣ доштани хотираи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҷашни 110-солагии баргузор карда шавад.
Гуфта мешавад, тибқи супориши Сарвари давлат барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани солгарди ин Қаҳрамони Тоҷикистон барномаҳои зиёд амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳо, Академияи таҳсилот то аввали моҳи майи соли 2021 бахшида ба ҷашни шоири бузург конференсияи ҷумҳуриявиро таҳти унвони “Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ” баргузор карда, дар матбуоти даврӣ доир ба хизматҳои шоистаи ӯ мақолаҳои илмиву оммавӣ ба нашр мерасонанд. Ҳамзамон озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин иншо дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар мавзӯи “Мирзо Турсунзода – вассофи сулҳу дӯстӣ” баргузор карда мешавад.
Вазорати фарҳанг вазифадор карда шудааст, ки аз ашъори Мирзо Турсунзода барномаи консертӣ омода карда, онро дар шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав бо риояи чораҳои беҳдоштӣ баргузор намояд.
Ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки дар мавзӯи “Маҳорати шоирии Мирзо Турсунзода” мизи мудаввар доир намояд.
Ҳамчунин, рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ (ноҳиявӣ) муваззаф шуданд, ки зери рубрикаи “Ба истиқболи 110-солагии Мирзо Турсунзода” мақолаҳо интишор гардонанд.
Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастур дода шудааст, ки вобаста ба 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода чорабиниҳои илмиву адабӣ доир намоянд.
Кумитаи телевизион ва радио, муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” вазифадор гардидаанд, ки доир ба фаъолияти адабиву эҷодии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода филмҳо ва барномаҳои алоҳида омода карда, пешкаши тамошобинон намоянд.