22 феврал амрҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузории се озмуни ҷумҳуриявӣ дар соли равон имзо шуданд.
Бино ба маълумоти Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, имсол ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон озмунҳои “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурӯғи маърифат” гузаронида мешаванд.
Зикр мегардад, ки озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд гузаронида мешавад.
Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илмӣ), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) доир мегардад.
Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” минбаъд ҳамасола бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун гузаронида мешавад.
Тибқи амрҳои Президент, ба сохторҳои марбута дастур дода шудааст, ки барои дар сатҳи баланд доир гардидани ин озмунҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
Ба Вазорати молия супориш дода шудааст, ки барои баргузории озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” 2 млн 540 ҳазор сомонӣ, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” — 2 млн 835 ҳазор сомонӣ ва “Илм-фурӯғи маърифат” — 2 млн 345 ҳазор сомонӣ ҷудо кунад.
Бо амрҳои Президенти Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, барои баргузории се озмуни ҷумҳуриявӣ дар соли равон 7 млн 720 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Ин озмунҳо таҳти сарпарастии Президенти Тоҷикистон баргузор шуда, назорати иҷрои амрҳои мазкур ба зиммаи муовинони сарвазири ҷумҳурӣ (сарпарастони соҳа) вогузор шудааст.