22 феврал дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20 — солагии Созмони ҳамкории Шанхай дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
Дар ин бора аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни ифтитоҳи Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Fафурзода, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ, Котиби генералии СҲШ Владимир Норов, иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази дипломатияи халқии СҲШ дар Ӯзбекистон Қабулҷон Собиров, Котиби генералии Кумитаи СҲШ оид ба ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ хонум Ҷэн Вей, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингх, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тажибоев, сардори шуъбаи консулӣ ва маъмурии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Лу Ҷянлун, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Тоҷикистон Жаниш Рустенбеков, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии исломии Покистон дар Тоҷикистон Имран Ҳайдар, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, котиби дуюми Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Фаррух Азизов иштирок ва сухан намуданд.
Ректори Академия иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ солҳои охир обрӯву нуфузи баланд касб намудааст. Бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷавҳари онро равобити байналмилалии сиёсати “дарҳои боз” ташкил медиҳад, ҳамкории мутақобилан судманд бо давлатҳои дуру наздик ва созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ густариш ёфта истодааст. Яке аз чунин чорабиниҳои сатҳи баланд, ки имсол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, нишасти сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.
— Мутобиқи муқаррароти СҲШ соли 2021 раёсат дар созмони мазкур аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт, ки он ба 20-солагии таъсиси ин созмони бонуфуз рост меояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои таъсисдиҳандаи ин созмони байналмилалии минтақавӣ буда, дар рушду равнақи он саҳми босазо дорад. Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Академияи идоракунии давлатӣ Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ба сифати ниҳоди ҳамоҳангсози самтҳои фаъолияти СҲШ таъсис дод шуд, — иброз дошт Абдухалил Fафурзода зимни суханронӣ.
Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ буда, дар сохтори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши равандҳои ҳамгироӣ ва тақвияти созмон фаъолият менамояд. Ҳамчунин самтҳои асосии фаъолияти маркази мазкур тақвият бахшидан ба ҳамкорӣ ва дӯстӣ байни давлатҳои аъзо, мусоидат ба эътимоди тарафайн ва ҳамсоягии нек, ҳамбастагӣ байни миллатҳо ва мазҳабҳо, рушди муколамаи тамаддунҳо, табодули ҳайати дуҷониба, омӯзиши равандҳои ҳамгироӣ, коркарди ташаббусҳо, ташкилу баргузории чорабиниҳои сатҳи миллию байналмилалӣ, фароҳам овардани шароит барои таҳкими фазои дӯстона байни ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ташкилоти ҷавонон ва занони кишварҳои СҲШ, мусоидат ба рушди ҳамкории кишварҳои СҲШ дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг, иқтисодиёт, сайёҳӣ, ташаккули захираҳои иттилоотӣ ва ҳамкорӣ бо ВАО бо мақсади тавзеҳи васеи ҳадафҳо, вазифаҳо ва афзалият мебошад.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ зимни ифтитоҳи Марказ иброз намуд, ки бешубҳа, дар давраи раёсат Тоҷикистон ният дорад, ки барои таъмини амният ва субот, таҳкими равобити тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар паҳнои СҲШ кӯшиш ба харҷ диҳад. Аз ин рӯ, таъсиси ин Марказ мувофиқи мақсад буда, туҳфаи арзандаест ба ҷашнҳои 20-умин солгарди таъсиси СҲШ ва 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамчунин иштирокчиёну меҳмонон — Котиби генералии СҲШ Владимир Норов, иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази дипломатияи халқии СҲШ дар Ӯзбекистон Қабулҷон Собиров, Котиби генералии Кумитаи СҲШ оид ба ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ Ҷэн Вей тариқи онлайнӣ ва сафирони давлатҳои аъзои СҲШ бевосита дар маросими ифтитоҳи Марказ сухан гуфтанд.
Дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон расмҳои таърихии СҲШ, харитаи давлатҳои аъзои созмон, аксҳои сарони давлатҳои аъзо зимни ҷараёни нишасти СҲШ, гӯшаи китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маводе, ки вобаста ба фаъолияти Созмон нашр гардидаанд, инчунин парчамҳои давлатҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла, дар қисмати пеши Марказ аз тарафи боло рамзи СҲШ ва рамзи 20-солагии СҲШ, маълумотнома оид ба таъсиси СҲШ, суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо сарони давлатҳои аъзои СҲШ ҷой дода шудаанд.
Сохтори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон аз директор, муовини директор, шуъбаи сиёсат ва ҳамкории дипломатӣ, шуъбаи таҳлил ва рушди дурнамои ҳамкорӣ, шуъбаи илм, маориф ва иҷтимоиёт, котибот, бахши ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва муҳосибот иборат аст.