Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз интихоботи миёнадаврии вакилон ба Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ натиҷагирӣ ва ғолибони интихоботро эълон кард.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи якшанбе, 18 апрел, ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатаи интихоботии Ҷаббор Расулов №16, Деваштич №24, Ҷалолиддини Балхӣ №30 ва Вахш №32 интихоботи миёнадаврӣ баргузор гардид.
Рӯзи гузашта дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҷаласаи комиссия баргузор гардида, дар он масъалаи тасдиқи натиҷаҳои интихоботи вакилон баррасӣ шуд.
Бино ба маълумоти КМИР Тоҷикистон, тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҳавзаҳои интихоботии болозикр сенздаҳ номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифта шуда буд.
Мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот, овоздиҳӣ 18 апрели соли ҷорӣ аз соати 6-и субҳ то соати 20-и бегоҳ давом карда, дар асоси санадҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар ҳавзаҳои якмандатаи интихоботии Ҷ.Расулов №16-84,31{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82}, Деваштич №24-84,47{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82}, Ҷ.Балхӣ №30 – 86,2{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} ва Вахш №32-85,6{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} интихобкунандагони ба рӯйхат воридкардашуда дар интихобот иштирок намуданд. Тибқи талаботи моддаи 18-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои интихоботии зикргардида баргузоршуда ҳисобида шуд.
Дар асоси моддаи 48-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар интихоботи 18 апрели соли 2021 номзадҳо Файзулло Қосимӣ бо гирифтани 74,71{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷ.Расулов№16, Исмоилиён Комрон Исмоилзода бо гирифтани 73,2{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Деваштич №24, Одиназода Ҳуснигул Раҷаб бо гирифтани 65,9{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷ.Балхӣ №30 ва Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар бо гирифтани 66,3{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Вахш №32 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ба қайд гирифта, ваколатҳояшон тасдиқ карда шуданд.
Ҳамин тавр, ба гуфтаи масъулони КМИР Тоҷикистон, интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон ба ҷойи вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии зикргардида ошкоро, шаффоф, ба таври озод ва дар асоси алтернативӣ бо иштироки фаъоли интихобкунандагон баргузор гардида, анҷом ёфт.