Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Оғохон (АКАН) оид ба макони зист рӯзи 20 апрел Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ имзо кардаанд.
Бино ба хабари Маркази матбуоти КҲФ Тоҷикистон, рӯзи 14 апрели соли 2021 дар ноҳияи Сангвор маросими ба истифода супоридани бинои навбунёди Паноҳгоҳ барои осебдидагони офатҳои табиӣ баргузор шуда буд:
“Ин бино барои муваққатан ҷо намудани осебдидагони офатҳои табиӣ муқаррар гардида, аз хобгоҳ барои 25 нафар, ҳуҷраи омӯзиши кӯдакон, ҳуҷраи модару кўдак, ҳуҷраи тиббӣ, ошхона, ҳаммом ва ҳоҷатхона иборат мебошад”.
Бинои мазкур бо ташаббуси КҲФ Тоҷикистон, бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба макони зист ва Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Дар маросими ба истифода додани бинои ёдшуда як ҳайат аз Кумита бо сарварии муофини Раиси КҲФ полковник Сулаймон Исозода, Раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода Ғайрат корманди масъули Агентии Оғохон оид ба макони зист таҳти роҳбарии Наҷиб Яминов иштирок ва суханронӣ намудаанд.
Муовини Раиси Кумита ба шарикон барои дастгирӣ ва анҷоми ин тарҳи бунёдӣ изҳори сипос намудааст. Вай гуфтааст, ин бино дар оянда барои паноҳ додани осебдидагони офатҳои табиӣ дар минтақа хидмат карда ва ин боис мешавад, ки хатари зарари офатҳо коҳиш ёбад.
Намояндаи Агентии Оғохон оид ба муҳити зист Наҷиб Яминов иброз доштааст, ки ин ниҳод дар оянда низ дар тарҳҳои бунёдии пешниҳодшуда аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда фаъолона ширкат хоҳад кард.
Дар ин чорабинӣ Раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат барои сохтмон ва бунёди чунин бинои муҳим, ташкил ва таҷҳизонидани гурўҳи ихтиёрии наҷотдиҳӣ, ташкили захираи маводи ғайрихурока дар як ноҳияи осебпазири дурдаст ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии Оғохон оид ба макони зист ва Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ изҳори миннатдорӣ намудааст.
Мақомот мегӯянд, ёддошти тафоҳуме, ки рӯзе қабл ба имзо расид, ҳамкориҳои минбаъда миёни КҲФ ва Агентии Оғохон оид ба макони зистро тақвият мебахшад.