Нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА
23 апрел нишасти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Котиби давлатии ИМА дар қолаби С5+1 дар шакли маҷозӣ баргузор гардидааст.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии мазкур иштирок ва суханронӣ намудааст.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо дар минтақа, муқовимат бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, мубориза бо ҳамагирии COVID-19 ва паёмадҳои тағйирёбии иқлим баррасӣ гардидаанд.
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири ИМА
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 22 апрел бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Помершайм мулоқот анҷом додааст:
“Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами густариши муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд”, — хабар доданд аз ВКХ Тоҷикистон.
Даври сеюми ройзаниҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Белгия
22 апрел даври сеюми ройзаниҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Белгия дар шакли маҷозӣ баргузор гардидааст. Ҳайати Тоҷикистонро Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ва ҳайати Белгияро Мудири кулли Хадамоти федералии корҳои хориҷӣ оид ба равобити дуҷониба хонум Аник ван Калстер роҳбарӣ намудаанд:
“Дар рафти ҷаласа маҷмӯи васеи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, сайёҳӣ ва рушди устувор баррасӣ гардида, дар мавзӯи мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир мубодилаи афкори судманд сурат гирифт”, — хабар дод ВКХ Тоҷикистон.
Ҷонибҳо инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавиро муҳокима намудаанд.
Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Абдулазиз Камилов
22 апрел Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Камилов Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар он кишвар Содиқ Имомиро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияти дипломатиаш дар Тошканд ба ҳузур пазируфтааст:
“Вазир ба саҳми шахсии Сафир дар рушди пайдарпайи ҳамкориҳои созандаи ду кишвар баҳои баланд дод. Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ, инчунин ҷанбаҳои амалии татбиқи созишномаҳои дар доираи сафарҳои сатҳи баланд бадастомада баррасӣ шуданд”, — хабар доданд аз Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон.
Дар навбати худ, Сафир барои кумаки ҳамаҷониба дар фаъолияти ӯ ба ҳайси роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон изҳори сипос намудааст.