Лигаи футболи Тоҷикистон тақвими 35-умин мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистонро дар соли 2026 тасдиқ кардааст. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқоти қаҳрамонии футболи Лигаи олии Тоҷикистон рӯзи 6-уми марти соли равон оғоз шуда, 7-уми ноябр ба анҷом мерасад.
Дар мусобиқоти имсола ҳам 12 даста иштирок карда, он дар ду давр баргузор мешавад ва ҳар кадоме аз тимҳо 22 бозӣ мегузаронанд.
ДАСТАҲОИ ИШТИРОКЧИИ МУСОБИҚА:

1. “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода)
2. “Истиқлол” (Душанбе)
3. “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров)
4. “Ҳосилот” (Фархор)
5. “Хуҷанд” (Хуҷанд)
6. “Вахш” (Бохтар)
7. “Барқчӣ” (Ҳисор)
8. “Эсхата” (Хуҷанд)
9. “КВМА” (Душанбе)
10. “Истаравшан” (Истаравшан)
11. “Сардор” (Турсунзода)
12. “Равшан” (Кӯлоб)
Тақвими пурраи мусобиқот дар ин пайванд ҷойгир аст.
Тибқи регламенти мусобиқа, дастае, ки зинаи охирро касб мекунад, мустақиман ба Лигаи поёнӣ рафта, тими зинаи 11-ум барои ҷой дар Лигаи олӣ бо дастаи дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Лигаи якум рақобат мекунанд. Зинаи аввали Лигаи якум мустақиман ба Лигаи олӣ роҳ меёбад.




