Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 25 феврал, дар вазоратҳои адлия, фарҳанг, мақомоти прокуратура, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб ва дигар мақомоти назди Ҳукумати Тоҷикистон як қатор тағйироти кадрӣ амалӣ намудаанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад.
Ба иттилоъи манбаъ, бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон, муовини якум ва муовини вазири адлия, муовини вазири фарҳанг, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Тоҷикистон ва муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Тоҷикистон аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷриба ва мутахассисони варзида таъин гардиданд.
Ёдрас мекунем, ки давоми 11 соли охир дар вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Санъат Асо фаъолият мекард. Вай бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифа озод карда шудааст. Ба ҷойи ӯ Исмоил Вализода сардори ин хадамот, ки то кунун муовини сардори Саридораи геология буд, таъин гардидааст.
Ҳамин тавр, бо қарори дигар Асадулло Ҳакимзода аз вазифаи муовини вазири адлия барканор ва муовини якуми вазири адлия таъин шудааст.
Шарофиддин Шарифзода, ки то ин замон сарнотариуси давлатии Саридораи нотариалии Вазорати адлия буд, ба ҷойи Ҳакимзода муовини вазири адлия таъин гардидааст.
Фаридун Бобозода, ки то ҳол муовини сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон буд, озод шуда, бо қарори дигар ба вазифаи муовини вазири фарҳанг таъин шудааст.
Бо амри Президент, Солеҳ Завқизода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Маркази таълимии додрасшои назди Суди олӣ озод шуда, ба ҷойи Асомуддин Бобохонзода, ки то ин замон судияи Суди олӣ буд, таъин гардидааст.
Ҳамчунин, Бобоҷон Саттор муовини якуми раиси Кумитаи рушди маҳал таъин гардидааст. Ӯ то ин замон мудири бахши раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президент буд.
Ҳамчунин, Бақохоҷа Бобозода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ озод шудааст.
Дар асоси банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Тоҷикистон, пешниҳоди Президенти Тоҷикистон “Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Бобохонзода Асомуддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан” ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон манзур карда шудааст.
Мутобиқи моддаи 20 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодҳои Президенти Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Тоҷикистон озод намудан ва ба вазифаи муовини Раиси Палатаи ҳисоб таъин намудани Аҳмадзода Шуҳрат Аҳмад, дар бораи ба вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Тоҷикистон таъин намудани Маҳмадшарифзода Парвиз Маҳмадшариф ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ирсол гардидаанд.
Дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон, сардорони як қатор раёсатҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни ноҳияҳои Ванҷу Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Ховалинги вилояти Хатлон, шаҳри Бӯстон, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, сардорони шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар, сардорони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои Кӯлоб ва Рашт иваз карда шудаанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 феврал кадрҳоеро, ки дар вазоратҳои адлия, фарҳанг, мақомоти прокуратура, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб ва дигар мақомоти назди Ҳукумати Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтаанд.
Зимни суҳбат Сарвари давлат дар назди онҳо доир ба суръат бахшидан ба раванди рақамикунонӣ ва гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги волои миллӣ, пешгирӣ аз хурофот, мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои коррупсионию гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини адолати судию волоияти қонун ва муомилаи хуб бо мардум вазифаҳои мушаххас гузоштаанд.
Таъкид гардидааст, ки ҳар яки онҳо ва умуман ҳамаи хизматчиёни давлатӣ бояд бо риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, оинномаву низомномаҳои соҳавӣ, одобу ахлоқи ҳамида, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносию худогоҳӣ дар ҷомеа намунаи ибрат бошанд.




