Рӯзи 3 май бо ибтикори собиқ Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ ва дастгирии Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дар бинои Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳон ва дипломатия муаррифии китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих”, ки ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва нашр шудааст, доир гардид.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
Дар чорабинии мазкур Муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон, сафирони кишварҳои хориҷӣ, Директори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ, ректори Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳон ва дипломатия, мудирони кафедраҳои Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи давлатии забонҳои Ӯзбекистон, муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Овози тоҷик” ва дигарон ширкат варзидаанд:
“Дар чорабинӣ иштирокдорон атрофи китоби мазкур, ки дар бораи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик, нақши он дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳикоя мекунад, ибрози андеша карданд. Зимнан таваҷҷуҳи махсус ба дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ва нақши роҳбарони ду кишвар дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба зоҳир шуд”, — хабар дод манбаъ.