Бино ба хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, аз 27 то 30 апрел дар шаҳри Тошканд, дар қароргоҳи Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии (СМЗТ) Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) давлатҳои узви СҲШ баргузор шуд.
Гуфта мешавад, рӯзномаи ҷаласаи ШҲМ СҲШ зиёда аз 60 масъалаи фаъолияти ҷории Созмонро дар бар гирифта, ҳамоҳангсозони миллӣ раванди омодагӣ ба чорабинии асосӣ – ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ-ро баррасӣ намуданд. Ин ҷаласа 16-17 сентябри 2021 дар Душанбе дар шакли ҳузурӣ баргузор мешавад:
“Дар мавриди омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ 13-14 июли 2021 дар Душанбе, ки ҷониби Тоҷикистон дар чорчӯби он баргузор намудани ҷаласаи Гурӯҳи тамоси “СҲШ-Афғонистон”-ро дар сатҳи Вазирони корҳои хориҷӣ пешниҳод кард, табодули афкор сурат гирифт. Дар ин радиф лоиҳаи Нақшаи чораҳои амалии мусоидат ба барқарорсозии иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон баррасӣ гардид”, — омадааст дар хабар.
Ҳамоҳангсозони миллӣ дар бораи давраи нави ҷойивазкунии мансаби роҳбарони мақомоти доимамалкунандаи СҲШ табодули афкорро идома дода, ҷараёни татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии СҲШ барои соли 2021-ро муфассал баррасӣ кардаанд.
Давлатҳои узви СҲШ аз қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони “Ҳамкории СММ бо СҲШ”, ки онро Тоҷикистон пешбарӣ карда буд, истиқбол намуда, натиҷаҳои чорабинии тахассусии сатҳи баланди СҲШ ва Раёсати СММ оид ба маводди мухаддир ва ҷинояткориро, ки таҳти ҳамраисии ҷонибҳои Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд, баланд арзёбӣ кардаанд.
Мувофиқа гардидааст, ки дар чорчӯбаи ҷаласаи навбатии ШҲМ СҲШ чорабинии махсуси ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узв бо намояндагони ваколатдори вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ баргузор шавад.
ШҲМ фаъолияти умумии СҲШ-ро ҳамоҳанг менамояд. Раёсати Тоҷикистон таҳти шиори “20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ” мегузарад.