Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 4 май бо Намояндаи махсуси ИМА барои сулҳ дар Афғонистон Залмай Халилзод мулоқот намуд.
Бино ба хабари ВКХ Тоҷикистон, дар суҳбат мавзӯъҳои робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар қолабҳои бисёрҷониба баррасӣ гардиданд:
“Ҳамчунин роҷеъ ба ҷанбаҳои гуногуни вазъи имрӯза дар Афғонистон, ба хусус раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ, омодагӣ ба баргузории Конфронси муҳимми сулҳ дар Истанбул, хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ва масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт”, — омадааст дар хабар.
Сироҷиддин Муҳриддин таъкид доштааст, ки Тоҷикистон мавқеи Ҳукумати Афғонистон ва кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таъмини амният ва сулҳу субот дар он кишварро ҷонибдорӣ менамояд:
“Зимни баррасии робитаҳои ду кишвар дар қолабҳои бисёрҷониба, тарафҳо аз ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Созмони Милали Муттаҳид, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд”.
Роҷеъ ба ин мавзӯот ҷонибҳо зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро қайд кардаанд.
Дар ҷараёни мулоқот инчунин зарурати пайгирии пайвастаи масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва ИМА таъкид гардидааст.