Боздошти судя баъди гирифтани пора аз судшаванда

Shared to Facebook Shared to Max

Судяи Суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Самандари Қаландар, ки мощи декабри сипаришуда аз вазифа барканор шуд, бо гумони гирифтани пора дастгир шудааст. Дар ин бора Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод.

Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Самандари Қаландар нишон додааст, ки номбурда аз 4 марти соли 2025 то замони барканорӣ дар вазифаи судяи Суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон кору фаъолият намуда, шахси мансабдор ба ҳисоб мерафт. Ба иттилоъи манбаъ, ӯ дар давраи фаъолияти корияш ба ҷинояти гирифтани пора даст зад.

“Самандари Қ. зимни фаъолияти корияш қасди ба даст овардани фоидаи муфтро назди худ пеша намуда, моҳи октябри соли 2025 зимни баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба судшаванда Н.Д.С. аз номбурда барои таъини ҷазои нисбатан сабук маблағи 75000 сомониро ба сифати пора талаб карда, худи ҳамон вақт маблағи 50000 сомониро дар утоқи корияш гирифт.

Баъдан, Самандари Қ. кирдори ҷиноятии худро идома дода, тахминан охирҳои моҳи октябри соли 2025 аз судшаванда Н.Д.С. боқимонда маблағи 25000 сомониро дар утоқи корияш гирифт, ки дар натиҷа аз тарафи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуд”, — омадааст дар хабари маркази матбуоти Агентӣ.

Гуфта мешавад, вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Самандари Қ. бо моддаи 319, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он пас аз тасдиқи фикри айбдорӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Ёдрас мекунем, ки судяи Суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Самандари Қаландар 17 декабри соли 2025 бо фармони Президенти Тоҷикистон “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”, барканор шуд.