Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 16 феврал, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербаевро, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтаанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад.
Президент зимни мулоқот таваҷҷуҳи пайвастаи ҷониби Тоҷикистонро ба масъалаҳои таҳкиму тавсеаи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии ду кишвар дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод ба якдигар таъкид кардаанд.
Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон дар навбати худ саҳми Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди пайвастаи ҳама ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон таъкид кардааст.

Дар суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои гуногун муҳокима шудаанд.
Президенти Тоҷикистон аз ҷараёни рушди ҳамдастии ду давлат изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳаммияти идомаи муколамаи пайвастаи сиёсиро барои такони тоза бахшидан ба робитаҳои ҷонибҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, гуманитариву фарҳангӣ, амният ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак зикр карданд. Дар ин зимн, ҷадвали мулоқоту тамосҳои дарпешистодаи ҷонибҳо дар сатҳи олӣ баррасӣ гардидааст.
Ҳамчунин, мубодилаи афкор доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба дар чорчӯби сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифтааст.




