Дар ҷараёни сафари расмии Президенти Қазоқистон Қосим — Жомарт Токаев ба Тоҷикистон 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Токаев рӯзи 19 май ба Душанбе омад. Ӯро дар фурудгоҳ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт.
Худи ҳамон рӯз вохӯрии ғайрирасмии президентҳои ҳарду кишвар дар бӯстонсаройи беруназшаҳрӣ, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, баргузор гардид. Дар доираи ин боздид Токаев, ҳамчунин, бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ шинос шуд.
Маросими истиқболи расмии Президенти Қазоқистон рӯзи 20 май дар майдони Қасри миллат баргузор шуд.
Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом баррасии масъалаҳои рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз шуда, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
Бино ба гузориши Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон, дар мулоқот ҷанбаҳои мубрами робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистону Қазоқистон, масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ ва вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ бо Қазоқистон ба таври муфассал муҳокима карда шуданд.
Дар ин мулоқот Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва Президенти якуми Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар самти рушду густариши ҳамаҷонибаи робитаҳо ва ба сатҳи шарикии стратегӣ расондани он, баҳои баланд додааст:
“Тоҷикистон муносибатҳои шарикии стратегиро бо Қазоқистони бародар қадр мекунад. Мо тасмим дорем, ки минбаъд низ кӯшишҳои заруриро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои байни кишварҳоямон дар ҳама соҳаҳо идома диҳем”, — гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.
“Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба рушду густариши муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ-дипломатӣ, робитаҳои байнипарламентӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва дигар бахшҳои муҳиму судманд, табодули андеша карданд”, — омадааст дар гузориш.
Дар рафти музокироти ҷонибҳо масъалаи дастгирии ҳамдигарӣ дар самти мубориза бар зидди бемории нави сироятии короновирус ва амалисозии тадбирҳо барои коҳиш додани таъсири пандемия ба иқтисоди кишварҳо, баррасӣ карданд. Таъкид гардид, ки бо талошҳои муштарак мо тавонистем барои ҳифзу ҳимояи шаҳрвандон чораҳои таъхирнопазир андешем.
Дар ин зимн зарур шумурда шуд, ки минбаъд ҳамкорӣ дар самти ташхис, пешгирӣ ва табобати сирояти нави коронавирус ва дигар бемориҳо идома дода шавад.
Рушди ҳамкории бахши тиҷоратию иқтисодӣ аз самти афзалиятнок арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки Қазоқистон дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҷои дуюм қарор дорад. Гардиши мол соли гузашта қариб 1 миллиард долларро ташкил дод.
Зарур шумурда шуд, ки минбаъд ба хотири таъмиқи ҳамкориҳо дар доираи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардад.
Тоҷикистон ҳавасмандии худро оид ба ҳамкорӣ бо Қазоқистон ҷиҳати рақамикунонии иқтисодиёт, инноватсия ва воридоти технологияи муосир, таъсиси корхонаҳо оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти маҳсулоти хуштамъу аз ҷиҳати экологӣ тоза ба Қазоқистон, ташкили марказҳои муштараки тақсими яклухти молу маҳсулот дар Тоҷикистон ва истифодаи мақсадноку пурсамари минтақаҳои озоди иқтисодии кишвари мо, изҳор дошт.
Дар соҳаи нақлиёт зарурати тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи роҳи оҳан ва дигар арсаҳо, аз ҷумла аҳамияти барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоӣ байни пойтахтҳои ду кишвар таъкид гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ, густариши робитаҳои илмӣ ва фарҳангию гуманитариро муҳокима карданд.
Ҷонибҳо доир ба зиёд намудани шумораи квотаҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои олии таълимии Қазоқистон ва ифтитоҳи муассисаҳои олии таълимии Қазоқистон дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.
Зимни баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ҷаҳорчуби ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, вобаста ба вазъ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон, ҷонибҳо таҳкими ҳамкории муштараки сохторҳои амниятиро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, зарур шумурданд.
Пас аз анҷоми музокироти васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Нахуст Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев зери Изҳороти муштарак имзо гузоштанд.
Сипас, дар ҳузури Сарони давлатҳо санадҳои зерин имзо карда шуданд:
— Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди бемории сил;
— Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2021-2023;
— Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкориҳои фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон;
— Ёддошти қолабӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;
— Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи аэрокайҳонии Вазорати рушди рақамӣ, инноватсионӣ ва саноати аэрокайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон;
— Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак доир ба таъсиси низоми тақсимоти молҳо.
Бино ба хабари Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, дар доираи ин санад доир ба таъсиси марказҳои низоми тақсими молҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон 45 миллион доллар ва дар маҷмӯъ, барои татбиқи лоиҳаҳои соҳаи саноат наздик ба 500 миллион доллар ҷудо мегардад.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ президентҳои Тоҷикистону Қазоқистон барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохуриро неку назаррас арзёбӣ карданд.
Сафари расмии Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Тоҷикистон баъд аз зуҳри 20 май ба анҷом расид.