21 май Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Петер Бурианро ба ҳузур пазируфтааст:
“Ҷонибҳо перомуни ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Стратегияи нави ИА дар минтақа ва барномаҳои Иттиҳод дар Тоҷикистон табодули афкор намуданд”,-хабар доданд аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Мусоҳибон густариши муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро дар қолабҳои Шӯрои ҳамкорӣ, Кумитаи ҳамкорӣ, муколамаҳои сиёсӣ ва амниятӣ ва ҳуқуқи инсон муҳим хондаанд.
Ҳамчунин, дар мулоқот масоили марбут ба амнияту суботи минтақа, вазъ дар Афғонистон ва хатари терроризму ифротгароӣ баррасӣ шуданд.