Неруҳои марзбонии Тоҷикистон дар пайи як амалиёт дар марз бо Афғонистон як қочоқбари маводи мухаддирро дастгир ва аз ӯ 46 баста мухаддирот мусодира кардаанд. Се ҳамроҳи дигари ӯ бо истифода аз торикии шаб ба самти Афғонистон фирор кардаанд. Ин ҳодиса шаби 10 феврал рух додааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки онро АМИТ “Ховар” нашр кард, 10 феврали соли 2026, тахминан соати 01:20 дақиқа дар ҳудуди минтақаи хизматрасонии дидбонгоҳи сарҳадии “Дарқади”-и қисми ҳарбии 0307, воқеъ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 4 қочоқбари афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон гузаштанд.
“Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти ҷангии хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ масири ҳаракати ҷинояткорон муайян ва қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ карда шуд. Як нафар қочоқбар Авалмир валади Абдулҳаким, тахминан 45-сола, сокини қарияи Майдапатаи вулусволии Дарқади вилояти Тахори Афғонистон боздошт ва аз ӯ 46 баста маводи мухаддири навъи “ҳашиш” мусодира гардид”, — омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин, аз ҷойи ҳодиса 2 адад камераи резинӣ дарёфт карда шудааст, ки қочоқбарон ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳадӣ давлатӣ аз он истифода бурдаанд.
Ба аъзои боқимондаи гурӯҳи нашъаҷаллоб муяссар шудааст, ки бо истифода аз торикии шаб ба самти Афғонистон фирор намоянд.
Гуфта мешавад, вобаста ба ин далел аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тибқи моддаҳои 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан), 289 (Қочоқ) ва 335 (Ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.




