Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, ки бо як сафари корӣ дар Эрон қарор дорад, гуфтааст, мо ба дунболи тавсеа додани робита бо Эрон ҳастем. Ӯ гуфтааст, ин равобит дар оянда беҳтар ҳам хоҳад шуд.
Бино ба гузориши хабаргузории расмии Эрон ИРНА, Рамазон Раҳимзода ин нуктаро зимни боздид аз Тахти Ҷамшед рӯзи панҷшанбе дар Шероз изҳор кардааст. Раҳимзода бо ишора ба Тахти Ҷамшед гуфтааст, ки “дигаргунии дунё аз ҳамин ҷо сарчашма гирифта ва ин таърихи тамаддуни башар аст”.
Вазири тоҷик гуфтааст, ки мардуми ду кишвар ба ҳам наздик ҳастанд ва рафту омад барқарор аст ва ҳамкориҳое, ки дар сохторҳои гуногуни ҳар ду давлат эҷод шуда, ин равобитро наздиктар ва густурдатар кардааст.
“Фикр мекунам, ки ҳар чи маҳдудиятҳо камтар ва масири иртиботи мардуми ду кишвар ҳамвортар шавад, дар маҷмӯъ равобит ду кишвар низ густурдатар хоҳад шуд”, — гуфтааст Рамазон Раҳимзода.
Ба навиштаи расонаҳои эронӣ, Рамазон Раҳимзода ҳамчунин дар баробари Тахти Ҷамшед, оромгоҳи Ҳофиз ва Саъди Шерозиро дар шаҳри Шероз зиёрат кардааст.
Ёдрас мекунем, ки Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи 31 май ҷиҳати иштирок дар ройзаниҳои дуҷонибаи масоили Тоҷикистону Эрон ва мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ба он кишвар рафт.
Рӯзи 1 июн дар шаҳри Теҳрон вохӯрии Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ баргузор гардид:
“Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таъмини амният, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, мубодилаи иттилоот, дастгир намудани ҷинояткорон ва шахсони дар кофтуков карордошта гуфтугӯи судманд анҷом доданд”, — хабар дод маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.
Ҳамзамон ҷаласаи якҷояи гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардида, дар рафти он як қатор масоили муҳими ҳамкориҳои муштарак баррасӣ шудаанд.
Ба навиштаи расонаҳои эронӣ, дар ин дидор Душанбеву Теҳрон роҷеъ ба мубориза бо ҷиноятҳои cозмонёфта, ифротгароӣ, терроризм, қочоқи маводи мухаддир, омузиши пулис, табодули устодон ва донишҷӯён ва ҳамчунин масъалаи сармоягузорӣ тавофуқ кардаанд.
Бино ба гузоришҳо, дар зимни ин мулоқот ҷонибҳо тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода пас аз имзои ин тафоҳумнома онро “таърихӣ” хонда ва гуфтааст, “дар арсаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил, ба тавофуқҳои хубе расидем”.
“Бо санаде, ки имзо шуд, ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон дар ҳамаи арсаҳо тақвият меёбад”,-гуфтааст ӯ ва умедворӣ кардааст, ки созишномаи ҳамкорӣ пояе барои мустаҳкам шудани робитаҳои ду кишвар дар оянда шавад.
Рӯзи 2 июн дар доираи ин сафари корӣ Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо сардори Маркази полиси Эрон Сардор Ҳусейн Аштарӣ мулоқот кардааст.
Дар ин вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардида, вобаста ба тақвият бахшидани ҳамкориҳои муштарак пешниҳод гардидааст, ки Намояндагии полиси Эрон дар Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Эрон боз карда шавад:
“Дар робита ба ин самтҳои фаъолияти ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ, кофтуков ва дастгир намудани ҷинояткорон, ҳамкориҳо дар доираи Бюрои марказии миллии “Интерпол” ва ташхиси криминалистӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд”, — хабар дод Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.
Ҳамзамон дар ҷараёни сафари корӣ Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо фаъолияти Нерӯҳои махсуси интизомии Эрон шинос шуда, аз Намоишгоҳи техникаю таҷҳизоти ҳарбии ин ниҳод, аз қабили яроқу аслиҳа ва техникаҳои вазнини ҷангӣ боздид ба амал овардааст.
Ҳамчунин, Вазири тоҷик машқҳои тактикии Нерӯҳои махсус бо нишон додани фаъолияти ин ниҳодро, ки дар сатҳи баланд доир гардиданд, тамошо кардааст.