14 сол ҳабси як корманди “Душанбе Сити Бонк”: беш аз 3 миллион сомониро аз они худ кардааст

Shared to Facebook Shared to Max

Суди ноҳияи Ашт як корманди филиали ҶСП “Душанбе Сити Бонк”-ро барои азонихудкунӣ ба миқдори махсусан калон гунаҳкор дониста, ба 14 соли маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум кардааст. Ҳукм 16 январи соли 2026 содир шуд, хабар медиҳад сомонаи суди ноҳия.

Тибқи маводи парванда, айбдоршаванда М.Ҷ.З. аз моҳи феврали соли 2021 ба ҳайси инкасатор дар шуъбаи ҳамлу нақли терминалҳои бонк дар ноҳияи Ашт фаъолият дошта, шахси дорои ҷавобгарии пурраи моддӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ вазифадор буд, ки маблағҳои ҷамъовардашударо аз терминалҳои худхизматрасонӣ – пардохтҳои коммуналӣ, алоқаи мобилӣ, барқ, интернет, андоз ва дигар хизматрасониҳоро ба суратҳисоби ҶСП “Душанбе Сити Бонк” дар  шаҳри Хуҷанд интиқол диҳад.

Аммо, ба иттилои мақомот, номбурда бо мақсади ба даст даровардани даромади  махсусан калони моддӣ, бо шаҳрвандони хориҷӣ бо ному насаби “Тимур Измайлов” ва дигарон, ки шахсияти онҳо дар рафти тафтишот муайян карда нашудааст, тариқи мессенҷерҳои “Телеграмм” ва “Вотсап” муносибат пайдо кардаву ба барномаҳои интернетии “Универсал трейдинг” ва “Крантон груп” пайваст шудааст ва ба биржаи пули молии давлатҳои хориҷӣ ба доду гирифти маблағҳои пулӣ машғул гардидааст.

Муайян шудааст, ки танҳо дар давраи аз 25 то 30 июни соли 2025 ӯ аз терминалҳои ноҳияи Ашт беш аз 3 миллиону 250 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Аз ин маблағ танҳо тақрибан 174 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби бонк ворид гардида, беш аз 3 миллиону 76 ҳазор сомонии боқимонда тавассути ҳамёни электронӣ ба чандин суратҳисоби дигар гузаронида шудааст. Шахсияти истифодабарандагони ин ҳисобҳо дар рафти тафтишот муайян нашудааст.

Суд кирдори ӯро ҳамчун азонихудкунӣ ва исрофкории маблағ ба миқдори махсусан калон арзёбӣ намуда, бо моддаи 245 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор донистааст.

Бо ҳукми суд, номбурда ба 14 соли зиндон дар колонияи низомаш сахт ва инчунин ба муҳлати 5 сол аз ҳуқуқи фаъолият дар вазифаҳои инкасатор ва техник дар ташкилотҳои бонкӣ маҳрум карда шудааст.