Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерришро барои аз нав ба ин мақом интихоб шуданаш шодбош гуфт.
Дар барқияи табрикии Президенти Тоҷикистон омадааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли самимият Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид табрик менамоям.
Мутмаинам, ки таҷрибаи ғанӣ ва малакаи касбиву ҳирфавии Шумо минбаъд ҳам ба баланд бардоштани мақому манзалати Созмони Милали Муттаҳид, такмили минбаъдаи абзорҳои фаъолияти он, ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амният, инчунин татбиқи ҳадафҳои рушди умум хидмат хоҳанд кард.
Бо истифода аз фурсат мехоҳам омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати идомаи самарабахши ҳамкориҳои судманд бо Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои тахассусии он дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи умум ба манзури расидан ба ҳадафҳо ва арзишҳои волои Созмони Милали Муттаҳид таъкид намоям.
Ба Шумо саломатии комилу саодатмандӣ, некӯаҳволӣ ва дар пешбурди минбаъдаи ваколатҳои пурмасъулиятатон муваффақиятҳои нав ба нав орзумандам”.
Ҳафтаи гузашта Маҷмаи Умумии СММ Антонио Гутерришро бори дуввум дабири кулли созмон интихоб кард: муҳлати навбатии ӯ дар ин вазифа аз 1 январи соли 2022 то 31 декабри соли 2026 мебошад:
“Маҷмаи Умумӣ мехост қатъномаро… бо роҳи эътибор қабул кунад. Қарор қабул карда шуд. Шарафмандона эълом медорам, ки Ҷаноби Олӣ Антонио Гутерриш ба муҳлати дуввум аз 1 январи соли 2022 то 31 декабри соли 2026 дабири кулли СММ таъйин шуд”, — изҳор дошт раиси Маҷмаи Умумии СММ Волкан Бозкир рӯзи 18 июн.
Дар қатъномаи мазкур гуфта шудааст, ки Маҷмаи Умумии СММ Гутерришро ба ҳайси дабири кулли СММ ба муҳлати ваколаташ аз 1 январи соли 2022 то 31 декабри соли 2026 интихоб мекунад.
Гутерриш ягона номзад ба мақоми дабири кулл буд. Бори аввал ӯ 1 январи соли 2017 ба ин мансаб таъйин шуда буд.
Дабири кулли СММ ба муҳлати панҷ сол интихоб карда мешавад.