Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 23 июн, бо Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом додааст.
Дар оғози суҳбат роҳбарони ду давлат оид ба натиҷаҳои сафари расмии ба наздикӣ анҷомдодаи Президенти Қазоқистон дар Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд ва ба тавофуқоте, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳои Душанбе дар сатҳи олӣ ба даст омаданд, баҳои баланд додаанд.
“Пешвои миллат изҳори боварӣ намуданд, ки татбиқи пайгиронаи тавофуқоти мазкур ба рушди бемайлони шарикии стратегии ду кишвар мусоидат хоҳад кард”, — хабар дод Хадамоти матбуотии Сарвари давлат.
Президентҳо инчунин вазъи имрӯзаи сиёсиву низомии Афғонистони ҳамсояро мавриди муҳокима қарор додаанд. Муҳиммияти мусоидати ҳамаҷониба ба оғози амалии раванди музокироти байниафғонӣ қайд карда шудааст.
Ҷонибҳо бо нигаронӣ оид ба шиддат гирифтани вазъ дар ноҳияҳои шимолӣ ва шимоливу шарқии ин кишвар, ки ба афзоиши ташаннуҷ боис гардида, ба ҳолати умумии таъмини амнияти минтақавӣ таъсири манфӣ мерасонад, ибрози андеша намудаанд.
Дар ин робита аҳаммияти идомаи ҳамоҳангии зичи хадамоти дахлдор ва идораҳои соҳавии ду кишвар чи дар асоси дуҷониба ва чи дар сатҳи бисёрҷониба қайд гардидааст.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Қазоқистон ва баъзе масъалаҳои умдаи рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ табодули афкор намудаанд.