Президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев имрӯз, 23 июн, зимни як суҳбати телефонӣ натиҷаҳои сафари ахири роҳбари ҳамсоякишвар ба Тоҷикистон ва вазъи ташвишовари Афғонистонро баррасӣ кардаанд:
“Дар ҷараёни суҳбат роҳбарони ду давлат муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди муҳокима қарор дода, ҷараёни устувори рушди онҳоро дар сиғаи шарикии стратегӣ қайд карданд ва аз натиҷаҳои музокироти начандон пешинаи сатҳи олӣ, ки дар шаҳри Душанбе зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон доир гардиданд, изҳори қаноатмандии амиқ намуданд. Дар ин қарина ҷонибҳо аҳаммияти татбиқи ҳадафмандонаи мувофиқаҳои дар рафти ин сафар бадастомадаро, ки самтҳои калидии ҳамкориҳои ду кишварро фаро мегиранд, таъкид намуданд”, — хабар дод Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон.
Бино ба ин гузориш, дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ қарор доштанд:
“Президентҳо ҷиҳати вазъи ташвишоваре, ки имрӯзҳо дар Афғонистони ҳамсоя, бахусус дар минтақаҳои шимолӣ ва шимоливу шарқии он ба вуқӯъ пайвастааст ва саросари онҳо хатти сарҳади давлатии ду кишвар бо Афғонистон мегузарад, баррасӣ намуда, вазъиятро дар хатти сарҳад бо ин кишвар хело ҳам шиддатнок арзёбӣ карданд”.
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сари он ақида омадаанд, ки талошҳои муштаракро ҷиҳати дастгирии пешбурди раванди сулҳи байниафғонӣ ва мусоидат ба истиқрори сулҳу субот ва амният дар Афғонистони ҳамсоя идома диҳанд. Дар ин зимн омодагии ҷонибҳо ҷиҳати идомаи ҳамҳангсозии амалҳо дар ин самт таъкид гардидааст.
Дар рафти суҳбат ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардидаанд.